Таронаи ягонагии тоҷикон |
![]() |
Муаллиф: Абдулло Орин Посдорон |
13.12.2013 23:13 |
Самарқандӣ, ту бо ман ҳамнажодӣ! Самарқандӣ, ту бо ман ҳамнажодӣ, Бухороӣ, зи ман тоҷик зиёдӣ. Ту, кӯлобӣ, ба ҷон моро баробар, Хуҷандӣ балхиро ёру бародар.
Биё, шерозӣ, бо ҳам хона созем, ...Разилонро зи ғам девона созем. Бадахшонӣ, бидеҳ дастат ба ғармӣ Ҳамоғӯшӣ кунед бо ҳам ба гармӣ. Сипоҳонӣ, ҳиротиро ба бар гир, Хабар в-аз ҳоли ӯ шому саҳар гир. Тахористонӣ, мо Теҳрон мерем, Биё, парвонӣ, то Хатлон мерем. Ватан бар мо яку дину забон як Ва хуну мағзу пӯсту устухон як. Ва гар давлат ҷудо, миллат ҷудо нест, Забону тираву нисбат ҷудо нест. Душанбе, Кобулу Теҳрони мо як, Самангон, Ганҷаву Гургони мо як. Биё, суғдӣ, ки муштоқат ман астам, Саробоне зи айлоқат ман астам. Ва гар дар Ёркандӣ, ё ба Ғурӣ, Ва гар наздик ҳастӣ, ё ки дурӣ. Ва гар дар Ҳинду Синду Бобул астӣ, Гулистон ё ки аҳли Кобул астӣ. Ба ман ҳамфикру зикру ҳамзабонӣ, Чу мурдам рӯи гӯрам гул бимонӣ. ترانۀ یگانه گیُ تاجیکان سمر قندی تو با من هم نژادی
|