http://tajikam.com

Сиёсӣ
PDF Чоп
18.11.2011 09:20

 


Имрӯз яке аз мавзӯъҳои доғи марбут ба Авгонистон масъалаи таҷзияи кишвар аст. Сари ин мавзӯъ ҳам мардуми оддӣ ва ҳам сиёсатмадорону нашрияҳои гуногуни кишвар баҳс мекунанд ва инро бархе аз сиёсатшиносон беҳтарин гузиниш дар роҳи мубориза алайҳи бунёдгароӣ ва минбаъд орому осуда ва мутобиқ ба фарҳанг, расму русум ва анъанот ва хостаи хеш зиндагӣ кардани қавмҳои асосии кишвар медонанд. Аз ҷумла, сомонаи Кобулпресс дар ин маврид як назархоҳие гузаронд. Тибқи ин назархохӣ беш аз 80 дарсади пурсидашудагон ҷонибдори таҷзияи кишваранд. Бо назардошти доғ будани ин мавзӯъ мо низ чанд матлаберо дар ин маврид аз порсӣ ба сириллик баргардон кардем ва онҳоро ба шумо пешкаш мекунем.

 
Таҷзияи билфеъли Афғонистон PDF Чоп
Муаллиф: Роберт Блеквейл   
18.11.2011 09:17

 

 

Баргардон аз англисӣ: Ҳорун Амирзода

Баргардон аз хати порсӣ ба сириллик: Довари Некзод

Дар мавриди ояндаи Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба шойеъоти хуруҷи Амрико дар соли 2011 дидгоҳҳо ва назариёти мухталифе дар Ғарб матраҳ шудааст ва яке аз ин назариёт тақсими Афғонистон ба шимоливу ҷанубӣ аст, ки тавассути сафири собиқи Амрико дар Ҳинд оқои Блеквейл ба масобаи ягона роҳи наҷот аз хушунатҳо дар ҷануб матраҳ шудааст. Ҳарчанд ин тарҳ барои аввалин бор тавассути Ник Клиг раҳбари Ҳизби либерал- демократ ва муовини феълии нахуствазири Британия дар ҳукумати эътилофӣ ва Педи Ишдован яке аз сиёсатмадорони кӯҳнакори Британия ва узви Ҳизби либерал- демократ дар сентябри соли 2009 дар рӯзномаи Гардиан ба ҳайси плони Б матраҳ шуд, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки бо қувват гирифтани тасаввури шикасти ғарб

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 31 32 33 34 35 36 37 38 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?