http://tajikam.com

Сиёсӣ
Толибони Афғонистон таҷлил аз Наврӯзро ҳаром эълом кард PDF Чоп
Муаллиф: Administrator   
13.03.2012 12:59


Бо вуҷуди боздошти 20 террорист, ки қасди ҳамла ба маросими ҷашни Соли нав дар Афғонистонро доштанд, Толибон дар баёнияе таҷлил аз Наврӯзро ҳаром эълом карданд.

Ба гузориши “Меҳр”, ҳамзамон бо тадобири шадиди амниятӣ дар вилояти Балх, дар Мазори Шариф дар шимоли Афғонистон ба манзури таъмини амнияти ҷашни Соли нави хуршедӣ, Толибон дар баёнияе аз таҳрими маросими вижаи Наврӯз хабар доданд.

Идома...
 
Абдулатифи Пидром: "Амрико қасд дорад Афғонистон ва Осиёи Миёнаро пора кунад!" PDF Чоп
Муаллиф: Миллат   
13.03.2012 12:56


Мо тарҳи федеролизмро дар Афғонистон ба чанд далел матраҳ кардем. Яке ин, ки воқеан аз таҷзияи Афғонистон ба унвони кишварамон ҷилавгирӣ бикунем.Чизе ки ман шахсан борҳо ва борҳо ба ин масъала таъкид доштам, ки федерализм бо таваҷҷуҳ ба кулли вазъияте, ки мо дар ин минтақа ба он рӯ ба рӯ ҳастем, метавонад Афғонистонро аз таҷзия наҷот бидиҳад. Ин як масъулияти миллӣ ва ватанӣ барои ман ба унвони касе аз ин сарзамин аст. Дуввум, мушкилоте байни ақвоми Афғонистон вуҷуд дорад, ки мо бо эҷоди як системаи федерол ва дар воқеъ тавзеъи одилонаи қудрат дар чаҳорчӯби Қонуни асосии федерол метавонем ихтилофотро кам бикунем.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 31 32 33 34 35 36 37 38 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?