http://tajikam.com

Сиёсӣ
Зиё Абдулло: На ба ҳама андешаҳои Бозор Собир мувофиқам! PDF Чоп
Муаллиф: Шаҳрзоди Амин   
02.07.2013 21:08

Бознашр аз торнамои "Миллат"

- Чанд ҳафта пеш шоир Бозор Собир бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Ватан баргашт ва дар як суҳбаташ ба радиои "Озодӣ" гуфт: "Ҳоло дар ҷомеаи мо ду ҷараён ҳаст. Як ҷараён мардумро таблиғ мекунанд, шӯрандозӣ мекунанд, ки мо иронӣ шавем. Дигараш мегӯяд, ки афғонӣ шавем. Инҳо ҳамааш беҳуда аст. Бояд ирониву афғонӣ аз паси Тоҷикистон биёяд. Аз Тоҷикистон ободтар на Афғонистон аст, на Ирон. Набуд ва нахоҳад шуд…". Фикри Шумо ба ин назари шоир чист?
- Ба ними андешаи устод мувофиқам. Ин ки мегӯяд Афғонистон аз Тоҷикистон қафомонда аст. Аммо дар нисбати Ирон ҳам аз нигоҳи илми дунявӣ, ҳам адабиёти бадеӣ, ҳам дар илми гуманитарӣ ва ҳам тарзи зист ва ҳам одоби суҳбат ва ҳам ҳунар ва ҳам чун давлат Тоҷикистон хеле қафост.

Идома...
 
Чаро мо ақиб мондаем? PDF Чоп
Муаллиф: Тоҳири Абдуҷаббор   
21.04.2013 22:22

21 -апрел –рӯзи ёдбуди Тоҳири Абдуҷаббор  – пешвои Ҷунбиши миллӣ -озодихохӣ дар Тоҷикистон

Пешрафти моддию маънавии ҷомеа ва эҳёи миллати мо фақат замоне муяссар мешавад, ки мардуми мо аз рӯҳияи тобеъияту бардагӣ раҳо шаванд, ба озодагӣ, ба хирадварзӣ ва ростию додгарӣ рӯй оранд. Равшан аст, ки раҳоӣ аз бардагию фармонбардорӣ маънои сарпечӣ кардан аз қонун ва дур шудан аз ахлоқи накӯи инсониро надорад. Ин тарғиби худписандию беэҳтиромӣ кардан бар дигарон нест. Барои инсонҳои бофарҳанг ҳамагон, танҳо ба хотири ин, ки инсон ҳастанд, лоиқи эҳтиром мебошанд. Сазовори эҳтироми бештар онҳое ҳастанд, ки ахлоқи накӯю маърифати баланд доранд ва хидмати мардумро мекунанд. Аммо ҳеч касе муқаддас ва сазовори парастиш нест. Пеши касе сар хам кардан, тобеияту фармонбардорӣ кардан на танҳо шоистаи инсон нест, балки таҳқири инсоният аст. Ва тамаллуқу чоплусӣ, ки ранги риё дорад, бадтар аз он аст.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?