Забони форсӣ ё “тоҷикӣ”: Рӯйоварӣ ба ҳамбастагӣ ё гусастагии фарҳангӣ? |
|
|
Муаллиф: Дуктур Ҷалили Дӯстхоҳ
|
20.07.2015 05:59 |
Гуфтанӣ аст, ки дар худи Эрон қашқоиён, ки забони модарияшон шохае аз забонҳои туркӣ аст, форсизабононро “тоҷик” меноманд ва ошкоро мебинем, ки ин унвонро барои ҳар кас ки забони модарӣ ва аслияш форсӣ аст, ба кор мебаранд ва тоҷикро на ба маънии касе аз сарзамине дигар, балки ба мафҳуми ҳар эронии форсизабон ва ҷуз (ғайр аз) қашқоии туркизабон мегиранд.
Аз сӯи дигар, ҳамакнун шоҳиди онем, ки моҳномаи адабӣ-фарҳангии муътабари “Бухоро” дар Теҳрон на танҳо номи худро аз номи яке аз хотираангезтарин шаҳрҳои эронии Фарозрӯд гирифтааст, балки дар ҳар шуморааш, бахше ба номи Тоҷикистон дорад, ки дар он хонданиҳое судманд ва огоҳонанда аз навиштаҳои тоҷикону эрониёнро нашр медиҳад ва ҳеч хонандае эҳсос намекунад, ки сухан аз сарзамину мардум ва фарҳанге ғариба ва ҷузэронӣ дар миён аст.
|
Идома...
|