http://tajikam.com

Мо барои васл кардан омадем! PDF Чоп
Муаллиф: Administrator   
07.11.2011 09:13



Хонандаи гиромӣ, ҳаммиллат ва ҳамзабони арҷманд!

Инак, ба Шумо сафҳаи  сириллики сомонаи Tajikam.com («Тоҷикам») пешкаш   мегардад. Ҳадаф аз роҳандозии ин сафҳа ба ҳам пайвастан ва ҳамгароии тоҷикон ва ҳамаи порсизабонон аст. Зеро тайи наздики  сад сол , аз як сӯ ба асари сиёсати сталинӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ, яъне дигар кардани номи забони порсӣ ба  тоҷикӣ  ва гузаштан аз хати порсӣ аввал ба хати лотинӣ ва пас ба  сириллик, аз сӯи дигар  сиёсати қабилагароии  паштунӣ дар Афғонистон ва дигар кардани номи забони порсӣ ба дарӣ  тоҷикони ду сӯйи марз аз ҳам дур гардиданд . Ба  асари чунин сиёсатҳои фалокатбори тоҷикситезӣ ҳоло ағлаби тоҷикони Тоҷикистон  ва Осиёи Миёна  тоҷикони он суйи рӯди Омуро афғон меҳисобанд. Ин дар ҳолест, ки афғон буданро, тавре бародарони он сӯйи рӯди Ому мегӯянд, онон барои худ нанг медонанд. Он тоҷикон ҳам дар бораи тоҷикони Тоҷикистон ва Осиёи Миёна  иттилои ночиз доранд. Танҳо  ба шарофати  муборизаҳои бардавоми сипаҳсолори номвар  зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ва пешвои муқовимат шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ  алайҳи душманони

дохилӣ ва хориҷӣ номи тоҷик дар саросари олам  машҳур гардид  ва мардуми олам донистанд, ки дар ин сарзамин қавми боғурур ва бофарҳанги тоҷик ба сар мебарад ва онҳо мардуми бумии ин сарзамин ҳастанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама талошҳо шинохти тоҷикон ва порсизабонон аз ҳамдигар ҳоло низ дар сатҳи поён қарор дорад. Ангезаи  аслии чунин дуриву ноошноиҳои тоҷикони ду сӯйи рӯди Ому аз ҳамаи порсизабонон ин аст, ки мо намояндагони як миллат ва як забон хатҳои гуногун дорем.  Дар натича, донишмандон  ва қариб  ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, ки хати порсӣ  намедонанд, аз зиндагӣ ва розу ниёзи точикони он сӯйи рӯди Ому бехабаранд. Ҳамчунин мардуми Афғонистон ва Эрон, ки хати сириллик барояшон бегона аст, аз рӯйдодҳои Тоҷикистону минтақа ва андешаҳои  мардум ва донишмандон огоҳ нестанд. Ноогохӣ аз розу ниёз ва хостаҳои ҳамдигар ва дурию нашинохтани хеш садди чинии хамгароӣ байни тоҷикон ва ҳамаи порсизабонон гардидааст. Борҳо чунин иттифоқ уфтодааст, ки ҳам дар Эрону Афғонистон  ба хуруфи порсӣ ва   ва ҳам дар Тоҷикистон ба ҳуруфи сириллик  дар як мавзӯъ ва тақрибан бо як муҳтаво матлабҳое ба чоп расидаанд, вале чун мушкили хат дар миён аст, ба ин матлабхо ҳама  тоҷикон ва форсизабонон дастрасӣ надоштанд. Албатта, агар мо, точикони Тоҷикистону минтақа аз хати ниёконамон дур намегардидем, чунин иттифоқхои номатлуб ба миён намеомад. Аз ин хотир ягона роҳи ҳамгароӣ ҳамоно бозгашт ба хати порсӣ аст ва бидуни ислохи иштибоҳи бузурге, ки падару бобоёнамон дар солҳои 20-и садаи гузашта роҳ додаанд, мо чораи дигари васлшавӣ надорем.. Вале  ҳоло ки дар ин росто гоме гузошта намешавад, мо тасмим гирифтем, ки ҳадди ақал  баҳри  то андозае  ба ҳамдигар расонидани розу ниёзҳо ва хостаҳоямон  дар сомонаи Тоҷикам  саҳифаи сириллик  боз кунем. Мо дар ин саҳифа матлабҳои беҳтарини сомонаи Тоҷикам ва дигар нашрияву сомонаҳои порсиро ба хати  сириллик баргардон карда ба нашр мерасонем.. Ҳамзамон матлабҳои донишмандони тоҷикистонӣ ва минтақаро аз сириллик ба хати порсӣ баргардон мекунем ва ба дастрасии тоҷикони он сӯйи Ому  ва  ҳамаи  дигар порсизабонони чаҳон мегузорем. Яъне, мо ҳангоми раванди ҷахонишавӣ  мекӯшем, ки то замони ба хати порсӣ  гузаштан   муддате пуле гардем байни ҳамаи тоҷикон ва порсизабонони чаҳон. Албатта, ин максад  ба осонӣ ба даст намеояд. Дар ин роҳ ба ҷузъ дастандаркорони сомонаи Тоҷикам хамчунин ҳамаи Шумо, хонандагони азиз низ саҳми хешро гузошта метавонед.Мо бовар дорем, ки мову Шумо бо навиштан ва баргардон кардани  матлабҳои ҷолиб ва баёни андешаву ба миён гузоштани пешниҳодҳои хеш  саҳифаҳои Тоҷикамро рангину пурмазмун  ва хонданӣ хоҳем кард.Тоҷикам бо дастгирии ҳамагонии тоҷикон ва порсизабонони ҷахон ангезае барои васлшавии ҳамаи хаммиллатон ва ҳамзабононамон хоҳад гардид. Хамчунин сомонаамон талош хоҳад кард, ки барои харчи зудтар ба хати ниёконамон баргаштани мардуми Тоҷикистон  ва дар дили тоҷикони минтака, ба вижа  мардуми Самарқанду Бухоро ва дигар манотиқи тоҷикнишини Ӯзбакистон ва дигар кишварҳо  парвардани меҳру  муҳаббат ба хати бобоиямон мусоидат хоҳад кард, то битвонем, ба фармудаи Мавлоно «хамзабонӣ хешиву пайвандӣ” буданашро собит созем. Яъне ба гуфтаи ин  пири хирад « Мо барои васл кардан омадем». Ин нукта рӯшан аст, ки аз васли мо ва  неруманд гардидани ҳамгароии тоҷикон ва ҳамаи порсизабонон  худ ва ҳама дӯстонамон, аз ҷумла рӯҳи ҷовидонии Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Мавлоно, Саъдиву Ҳофиз, Айниву Халилуллоҳ Халилӣ, Маликкушшуаро Баҳор ва Бобоҷон Ғафуров,Нодирпуру Лоиқ, Аҳмадшоҳ Масъуду Бурҳониддини Раббонӣ ,Ҳабибуллоҳи Калакониву  Шириншо Шотемур, Тоҳири Бадахшиву Тоҳири Абдуҷаббор  ва дигар бузургонамон шод мешаванду  душманони миллат хору забун мегарданд.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?