http://tajikam.com

Бахшида ба рӯзи ёдбуди устод Тоҳири Абдуҷаббор PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
10.02.2012 13:16

Сиёсатмадоре бо рохи ростин

10 –феврали соли 1946 зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор ба дунё омада буд

Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек шиор ва маънии зиндагии устод Тоҳири Абдуҷаббор буд

Дар бораи устоди шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, ки пешвои Ҷунбиши миллӣ озодихоҳӣ дар Тоҷикистон ва бунёнгузори созмони мардумии “Растохез” аст, бисёр мақолаву шеърҳо навишта шудаанд ва махсусан баъди даргузашти ин марди миллат чунон мақолаҳои зиёде дарҷ гардиданд, ки гумон аст, дар ин 30 - 40 соли ахир мардуми мо, ба вижа рӯшанфикрон, бидуни дастури мақомот шахсиятеро мисли ӯ чунин гиромӣ дошта, аз марги нобаҳангоми вай ҷигархун шуда бошанд. Ин, албатта, бесабаб нест. Зеро устод Тоҳири Абдуҷаббор аз байни тӯдаҳои мардум бархоста, андешаҳои худшиносии миллӣ, озодихоҳӣ, меҳанпарастии воқеъӣ (на парастиши кишвари шӯравӣ, ки ағлаби

мардум дар он солҳо кӯр - кӯрона онро Ватани хеш мехонданд) ва мубориза баҳри расидан ба ин андешаҳои волоро, ки ҳар сари чанд вақт ба танҳоӣ садо медод, бо бунёди созмони “Растохез” ба андешаи ҳамагон ва идеологияи миллӣ табдил дод ва бо ҳамин роҳи хеш-- роҳи Тоҳирро, ки фарҷомаш озодиву истиқлол ва раҳоӣ аз империяи шӯравӣ ва бунёди Тоҷикистони озоду мустақил аст, ба вуҷуд овард.

 

Вале он маҳбубияте, ки устод дар он солҳои оғози 90 садаи гузашта ба даст овард, танҳо ба ин андешаҳо бастагӣ дошт ва дар ҳолати тафовут пайдо кардани гуфтаву кардаҳояш ва яке набудани забону дилаш магар ба чунин арҷ мерасид? Агар устод Тоҳир низ чун даҳҳо ва садҳо шахсиятҳои замони шӯравӣ ва пасошӯравии тоҷик ба фармудаи Хоҷа Ҳофиз:

Воизон чун ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд ,

Чун ба хилват мераванд вон кори дигар мекунанд,

рафтор мекарданд ва дар паси шиору суханҳои баланди миллӣ ё мазҳабӣ ҳадафҳои ночизи шахсии хешро пиёда мекарданд, магар пас аз даргузашташ касе аз он тоифа ёд мекард? Агар ӯ низ чун баъзе сиёсатмадорон ва мансабдорон ё ба ном муборизони тоҷик аз пайи ба даст овардани ҷоҳу мансаб мешуд ва баъди расидан ба ин ҳадафи аз нигоҳи ахлоқӣ ва миллӣ ночиз дар талоши бунёди коху бӯстонсароҳои бузургу шоҳона ва дар бонкҳои хориҷӣ пинҳон кардани маблағҳои бо роҳҳои машкук ба дастомада мешуд, магар ӯ Тоҳири Абдуҷаббори ба дилу дидаи мардуми бедори тоҷик наздик боқӣ мемонд? Зеро ӯ хуб медонист ва дар сӯҳбатҳо бо дӯстон ва, аз ҷумла, бо банда низ борҳо таъкид карда буд: “Ин бешарафист, ки мардум бенавову нодор ва дарбадар гарданду ту бо карру фар зиндагӣ намоӣ ва дар банди шикам, ҳавову ҳавас ва ҳирси ҳайвонӣ ва дар талоши сарват андӯхтану коху кӯшкҳо сохтан бошӣ...” Ӯ чунин инсонҳоро, камтар аз ҳайвон медонист, зеро ба андешаи ӯ бисёр ҳайвонот дар талоши шиками худ асту ба дигарон зиён намерасонад, вале чунин инсонҳои худхоҳу танпарвар ва бандаи нафс ҳама хостаҳои хешро аз ҳисоби дигарон амалӣ мекунанд ва дар ин роҳ зиёни беҳисобе ба мардум мерасонанд. Устод бошад, на дар ғами худ, балки ҳамеша дар андешаи осудагиву оромиши мардум буд ва инро ҳамагон аз рӯзҳои нахусти ба ба саҳнаи сиёсат ворид шудани ӯ эҳсос карда буданд.

Ба бовари банда, ки бо устод солиёни зиёд ифтихори ҳамнабардӣ доштаму лаҳзаҳои бисёре бахти ҳамсӯҳбатӣ бо эшон насибам гардида буд, чунин менамояд, ки як омили дигари ба шахсияти дӯстдоштанӣ табдил ёфтани устод ин ахлоқи ҳамида ва ё кирдори накӯи эшон буд.

Ҳадя ба падар ва ё сарвати бебаҳои Устод

На ҳама пайравон ва ихлосмандони устод Тоҳири Абдуҷаббор медонанд, ки ӯ дар даврони шӯравӣ 8 сол дар ҷумҳурии Афғонистон хидмат кардааст ва дар он ҷо низ дар байни афғонистониёну мутахассисони шӯравӣ обрӯи хосеро касб карда буд. Ӯ дар ин муддат аз тарҷумони одӣ то ба сартарҷумонии сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар охир устодии Донишгоҳи улуми иҷтимоии Афғонистон расид. Ӯ метавонист дар ин муддат чун бисёр мутахассисони шӯравӣ бо роҳҳои равову нораво маблағи ҳангуфте ба даст оварад ва ба истилоҳ “сагноваашро аз тилло созад”. Вале ӯ дар он ҷо ҳам ба омӯзиши ҷиддӣ машғул буд ва ҳадафҳои вай дур аз чунин андешаҳо буд. Бисёриҳо он ҳангом баробари ба Афғонистон рафтан дар назди хеш як мақсад мегузоштанд ва ин тавре ҳатто як корманди рӯзномаи ҳизбии Тоҷикистон вақти пурсидани мақсади сафар ба Афғонистон чунин гуфта буд: “Ман ҳам мехоҳам чун дигарон аз он ҷо мошин биёрам”. Вале ӯ танҳо баъди се соли хидмат мошин овард, вале на ба худ... Ӯ мошини нави  ГАЗ 24 ро ба деҳа овард ва ба бародарзодааш дод, то бо он дар хидмати падари пираш бошад.

Аз ин рафтори писар сари бобои Абдуҷаббор гӯё ба осмон расид ва чунин эҳсос кард, ки писараш ба вай дунёро бахшидааст. Ба худ бошад вай танҳо пас аз адои хидмат мошин гирифт. Ӯ дар Афғонистон дастмуздашро бештар сарфи харидани китоб мекард. Дар солҳои 70 ва 80- и садаи гузашта дар шаҳри Кобул бисёр китобҳои нодир ва пурарзишеро, ки дар худи кишвар ва бештар дар Эрон нашр гардида буд, пайдо кардан мумкин буд. Устод шоҳасарҳои адабиёти классикиамон мисли “Шоҳнома”- и Ҳаким Фирдавсӣ, Девони Ҳофиз, “Маснавии маънавӣ” ва Девони Кабири Мавлонои Балх, куллиёти Шайх Саъдӣ, рубоиёти Умари Хайём , осори Аллома Иқбол ва даҳҳо асари ҷовидониамонро харидорӣ карда, ба Тоҷикистон овард. Он солҳои баъди бозгашт аз Афғонистон вақте мо ба хонаи устод ба меҳмонӣ мерафтем, аз китобхонаи пур аз ганҷинаи бебаҳои ӯ ангушти ҳайрат мегазидем ва ҳавас мекардем, ки мо низ чунин китобхона дошта бошем. Вале устод мисли баъзе “ китобдӯстон” танҳо ба ҷамъ кардани китобҳо машғул намешуд, балки пайваста онҳоро мехонд ва ба мо дӯстонаш низ тавсия мекард, ки аз ин ганҷи шойгон баҳравар шавем. Вақте бо ӯ сӯҳбат мекардӣ, зуд дармеёфтӣ , ки ӯ чӣ андоза дониши бепоён дорад -- чӣ дар бахши иқтисод, ки ӯ донишманди ин ришта буд ва чӣ дар таърих, адабиёт, забон, фалсафа, мантиқ, ҷомиашиносӣ ва ғайра. Чунин дониши бепоён натиҷаи омӯзиши пайвастаи вай буд. Ин муҳаббати устодро ба китоб ва донишомӯзӣ ҳамсаф ва дӯсташ ,адиби маъруф шодравон Имомназари Холназар дар китобҳои “Аз хандая мемурӣ” ва “Аҷаб замонаҳое” хеле дилчаспу шавқовар ва басо табиӣ ба қалам кашидааст, ки дигар ниёзе ба фузудан ба он навиштаҳо нест.

Сиёсатмадоре бо роҳи ростин

Бисёриҳо бар ин назаранд, ки сиёсат кори мардони озода нест, зеро сиёсатмадор гоҳе дар муомилот барои дастёбӣ ба суди хеш дурӯғ ҳам мегӯяд. Шояд аз ин хотир устод ҳамеша таъкид мекард, ки ӯ сиёсатмадор нест ва танҳо як корманди илм аст. Вале воқеият ин аст, ки вай солҳои 90 дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ба яке аз шахсиятҳои калидӣ табдил ёфта буд ва ӯ сиёсатмадоре гардид, ки маҳз бо ростиву ҳақиқатбаёнӣ ва покиву некандешӣ дар ҷомиа мавқеъ пайдо карда буд. Аммо дар он солҳо бисёриҳо мекӯшиданд, ки бо дурӯғпароканиҳо ба мақсадҳои хеш бирасанд. Чунин дурӯғгӯиҳо махсусан дар маъракаи интихоботӣ, чӣ интихоботи парлумонӣ ва чӣ раёсати ҷумҳур ба авҷи аълои худ мерасид. Номзадҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ, яъне соҳиб шудани курсии порлумонӣ ва ё раёсати ҷумҳурӣ чунон дурӯғҳое мебофанд, ки ангушти ҳайрат мегазед.Онҳо ба гузинандагон (интихобкунандагон) ваъдаи бунёди ҳар гуна иншоотҳоро дода домани мардумро бо чормағзи пуч пур мекарданд. Мардуми содда ва аз нигоҳи сиёсӣ вомондаи мо ҳам ба ин суханон бовар карда, ба он номзад рой медоданд. Боре дар ноҳияи Ашт номзаде дар маъракаи интихоботӣ ваъда дода буд, ки бемористон месозад ва барои бовари мардумро ҳосил кардан як бинои нисбатан кӯҳнасохтро хароб карда, ба сохтмони бемористони нав оғоз кард. Вале баъди анҷоми маъракаи интихоботӣ ва гирифтани корти намояндагӣ дигар он сохтмонро фаромӯш кард ва мардум аз бинои коршоями худ ҳам маҳрум гардиданд. Вале устод рафтори чунин “калӯшдепутатҳо”- ро маҳкум мекард, зеро аз чунин депутатҳо ба мардум зиёни бештар мерасид. Устод бошад баръакс ҳангоми соли 1990 дар ҳавзаи интихоботии рақами 124 -и ноҳияи Ашт номзад ба намояндаи мардумӣ шуданаш, дар нахустин мулоқот бо мардум гуфта буд:

-- Ман ба Шумо ҳеч ваъда намедиҳам, ки роҳу пул ва ё мактабу бемористон месозам. Ин кори намояндаи мардумӣ нест ва ин масъулият бар дӯши кормандони сохторҳои иҷроия аст. Намояндаи мардум дар парлумон қонун таҳия мекунад, то он қонунҳо дархури хостаҳои мардум бошад ва одамон тибқи он фаъолият намоянд.Ба истилоҳ намояндаи мардум рӯди бузурге месозад ва аз ин рӯди бузург ҳар шахс мувофиқи дониш ва тавон ба худ об мегирад...Агар ман депутат шавам, мекӯшам, ки дар ин роҳ кори судбахшеро анҷом диҳам.

Ин буд ваъдаи устод ба гузинандагон ва ӯ ба ваъдаи хеш чун ҳамешагӣ вафо кард ва таи се соли фаъолият дар парлумон бо ҳамон пиндору гуфтору кирдори нек ва бо талоши бемислаш дар роҳи адолату ҳақиқат ва барои қабули даҳҳо қонуни барои мардум ва ҷомиа судманд саҳм гирифт ва ба депутати рақами 1 парлумон табдил ёфт ва баъди он интихобот дигар намояндаи мардумие назири устод Тоҳири Абдуҷаббор бо микрофони рақами 6 пайдо нашуд ва аз сӯи дигар барои зуҳури чунин депутат дигар шароит низ созгор нашуд, ки дар ин бора ва паҳлӯҳои дигари корномаи ин аллома, ки набудани ӯ ба ҷомиа мо баръало эҳсос мегардад, дар мавриди дигар сӯҳбат хоҳем кард.

Аз Тоҷикам: Дар бораи устоди зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор ашхоси гуногун маколаҳои зиёд навиштаанд ва назарҳое баён кардаанд ва мо чун мушт намунаи хирвор суханони яке аз шогирдони вафодори Устод, рӯзноманигори номвари тоҷик Дориюши Раҷабиёнро пешкаши Шумо карда тасмим дорем, ки ҳама гуфтаҳои дигаронро дар бораи ин шахсияти нодири миллатамон минбаъд гирдоварӣ ва пешкаши хонандагон кунем.

Дориюши Раҷабиён: Устод Тоҳири Абдуҷаббор раиси ҷумхури қалбҳои миллати озодихоҳ

"Танҳо касе, ки дар он давру замон мафҳуми "истиқлол"-ро бажарфӣ дарк карда буд ва барои иқтисоди як кишвари мустақил ва дастгоҳи сиёсии он барномае дақиқу мушаххас дошт, Тоҳири Абдулҷаббор буд. Вагарна истиқлоли Тоҷикистон муфту безаҳмат ба даст омадааст ва ин оқоёне, ки имрӯз санги истиқлолро ба сина мекӯбанд, дирӯз санги нафратро бар сари Устод Тоҳири зиндаёд мекӯбиданд.

Дар остонаи солрӯзи истиқлол, ё дар воқеъ, орзуи истиқлоли сарзаминам, ба ёди устоди азизам Тоҳир ашк мерезам. Ашки шӯру талхи зиндагии бузургмардеро, ки агар дар сарзамине фарҳехта по ба ҳастӣ мегузошт, агар дар давроне ба дунё меомад, ки мафҳуми "фарҳанг" даҳ ман тафсир дошт, агар бо касоне ҳамзамон мешуд, ки байни "миллат" ва "зиллат" хатте мушаххас кашида буданд, ҳатман дар садри кор қарор мегирифт. Раҳбари хирадманде буд, ба тамоми маъно, ки иштибоҳан дар буҳбуҳаи бехирадиҳои рӯзгор қад алам кард, фусурд ва рафт. Аммо дар рӯзи истиқлол бар равони ин бузургмард дуъо мекунам ва аз ӯ дубора мехоҳам: "Устод, чаро шумо раисиҷумҳур намешавед?"

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?