http://tajikam.com

Ифтихороти тоҷикон помоли дӯсту душман PDF Чоп
Муаллиф: Нисор Азизӣ(Афғонистон)   
06.02.2012 11:38

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Карзай дар интихоби касоне, ки ба унвони намояндагони тоҷикҳо ё дигар ақвоми ғайрипаштун дар ҳукумати фошистӣ ва тарёксолору террористпарвари Афғонистон саҳим шудаанд, бисёр муваффақ амал кардааст. Бо истифода аз ҳузури афроде заифуннафс аз тоҷикҳо дар ҳукумат, Карзай ва дору дастаи фошистиаш дар таи 10 соли гузашта ситамҳои зиёде дар ҳаққи ақвоми ғайрипаштун муртакиб шудаанд ва равияи салотини гузаштаи қабиларо мӯ ба мӯ иҷро кардаанд. Қабилапарастон ҳамеша дар тарвиҷи зеҳнияти қабилаӣ кӯшо будаанд.

Ҳукумати қабилавии Карзай ҳамонанди аслофи қабилагарояш дар тӯли 10 сол кӯшида ба роҳҳои гуногун барои қабила таърих бисозад ва шахсият битарошад. Тими фошистии Карзай ҳатто малангҳову девонаҳои ҷанубро ба номи шахсияти фарҳангӣ ё шоир бар миллати мо таҳмил кардааст. Дар ин миён раҳбарони заифуннафс(сустирода) ва ибнулвақте(фурсатталаб), ки ба номи тоҷикҳо дар давлат саҳме доранд, ба ин дил хуш кардаанд, ки Карзай ононро

одам ҳисоб карда ва ба онҳо саҳмаке дар қудрат додааст. Ҳама ҳам ва ғами инҳо ҳифзи чавкии(курсии) худ аст ва ҳеч масъулияте дар қиболи миллат ва ҳувияти миллии мо дар худ эҳсос намекунанд. Ин раҳбарони созишкор ба ин тасаввуранд, ки онҳо маносибе( мансабҳое) дар давлат доранд, ба маънои ин аст, ки тоҷикҳо дар давлат саҳм доранд. Яъне тоҷикҳо ба ҳадде дармонда шудаанд, ки ин чандто одами бе дилу ҷигар метавонанд намояндагӣ аз онҳо кунанд. Парерӯз оқои Крис Мерил, шоири амрикоӣ ба Кобул омад. Ҳадафаш аз сафар ба Афғонистон дидор бо шоирону фарҳангиёни Афғонистон буд. Дар маҳфиле, ки ба истиқболи ин шоири амрикоӣ барпо шуда буд, танҳо аксҳо ва пӯстарҳои Маҳмуди Тарзӣ ба маърази намоиш гузошта шуда буд. Аввал ин ки Маҳмуди Тарзӣ шоир набуд. Он чӣ аз, ба истилоҳ, шеърҳои вай боқӣ монда, арзиши ёд карданро надорад. Бо он имконоти густурдае, ки Тарзӣ дар он замон дошт, метавонист корҳои бисёр хубе дар хидмат ба адабиёт дар Афғонистон анҷом диҳад, аммо анҷом надод. Шеърҳои бисёр сахифе(сустмаънову ёва) аз худ ба ёдгор гузошт. Агар он шеърҳоро дар қиёс ба он шеърҳое, ки дар Эрон дар он давра суруда мешуд, муқоиса кунем,дархоҳем ёфт, ки аз лиҳози адабӣ бисёр беарзишанд. Дуввум ин ки агар қарор буд, ёде аз шоирони Афғонистон шавад, чаро дар он маҳфил аз Мавлонои Балх, Носири Хисрав, Халилӣ, Восифи Бохтарӣ, Қаҳҳори Осӣ, Розиқи Фонӣ ва даҳҳо шоири дигари тоҷик ҳеч аксе ё пустаре вуҷуд надошт? Магар ягона донишманде, ки Афғонистон дорад, Тарзӣ асту бас? Ман намедонам, ки чӣ касе барои Маҳмуди Тарзӣ лақаби алломаро додааст? Ба ҷузъ ин ки вай шеърҳои сахифе муртакиб шуда ё ду- се китоб дарҷ ва аз забони туркӣ ба форсӣ тарҷума карда, чӣ кори арзишманди дигаре анҷом додааст?

 

Баъзеҳо ӯро аз пешкисватони(бунёнгузорони) рӯшанфикрӣ дар Афғонистон мешуморанд. То ҷое, ки ман медонам, фаъолияти рӯшанфикр ҳамеша маътуф ба нақди қудрат аст. Ин дар ҳолест, ки Маҳмуди Тарзӣ бо беғайратии тамом ду духтари худро бо лобаву илтимос ба фарзандони Ҳабибуллоҳхон, он диктотури айёш ҳадя кард то ҷое барои худ дар дарбор пайдо кунад. Аслан умдаи шуҳрати Тарзӣ аз роҳ ёфтанаш дар дарбор аст ва ҳунари дигаре надоштааст. Ӯ ҳамон касе аст¸ки забони форсиро забоне бегона дар Афғонистон шумурд ва ба гунае онро забони эрониҳо ба ҳисоб овард ва ба давлат пешниҳод кард, ки омӯзиши забони паштуро иҷборӣ кунад. Маҳмуди Тарзиро аз нахустин касон метавон шумурд, ки ихтилофи миёни форсию паштуро доман заданд ва кӯшиданд ба зӯри сарнайза забони ақибмонда ва бидавии паштуро ҳамтарози забони форсӣ қарор диҳанд. Сиёсатҳои форсиситезонаи Амонуллоҳхон домоди Тарзӣ мутаассир аз афкори Маҳмуди Тарзӣ аст.

Ҳувайдост, ки таҷлили ҳукумати қабила аз Маҳмуди Тарзӣ ва амсоли вай ношӣ аз ҳамон зеҳнияти қабилаие мешавад, ки сарони ҳукумат дар чанбари он гир афтодаанд. Тарзӣ барои онҳо муҳим аст барои ин ки ҳамон буд, ки барои аввалин бор ҳувияти паштуниро зинда кард ва забони паштуро ба унвони забони миллӣ дар Афғонистон матраҳ кард ва забони форсиро забони бегона талаққӣ намуд ва бад ин гуна тухми нифоқ ва бадбинӣ миёни сокинони Афғонистон пошид( Ҷолиб аст, ки ҳамин суханонро акнун фошистҳое ҳамчун Абдулкарим Хуррам ва Абдулҳалим Танвир ба гунае дигар мегӯянд). Дар ғайри ин сурат ҳеч лузуме надошт дар кишваре , ки маҳди шоирони бузурге ва баландмартабае будааст, аз одаме мисли Маҳмуди Тарзӣ ба унвони шоир ва адиб ёд шавад. Барои ман шоир будани Маҳмуди Тарзӣ ба ҳамон андоза хандаовар ва масхара аст, ки файласуф будани Сиддиқи Афғон.

Ба ин матлаб даҳҳо хонандагон назари хешро баён кардаанд, ки якеи онро , ки Карим ном хонанда нигоштааст, бароятон пешкаш мекунем.

Шаке нест, ки Маҳмуди Тарзӣ дар замонаш бо нашри “Сироҷ- ул -ахбор “ дар бедории мардум корҳое анҷом дод, вале бадбахтона, ки рӯҳия ва фаъолиятҳои шовинистии ӯ таҳдоби нифоқ ва бартариҷӯии қавмиро дар Афғонистон асос гузошт, ки то ҳол пайкари ранҷури Афғонистон аз он дард мекашад.Итлоқи калимаи афғонро, ки муодили калимаи паштун аст, бар тамоми мардуми Афғонистон, ки ба маънии ҳазф ва нобудии ҳувияти бошандагони мутааллиқ ба соири миллиятҳои сокини Афғонистон мебошад, маҳсули фаъолиятҳои шовинистии ӯ мебошад. Ҳамчунон фармони ҷобаҷоии қабоили паштун дар соири вилоёти Афғонистон ва ғасби заминҳои бошандагони бумии маҳал ва додани он ба қабоили ҷобаҷошуда низ таҳти таъсири афкори ӯ сурат гирифта аст, чун Амонуллоҳхон шахси ҷавоне буд, ки ба соддагӣ метавонист таҳти таъсири оқои Тарзӣ, ки таҷрибаи носионилистҳои( миллатгароёни) Туркияро бо худ дошт, қарор гирад.

Хулоса метавон гуфт, ки Тарзӣ корҳои адабӣ дар кишвар анҷом додааст. Вале набояд инқадар муболиға сурат гирад, ки номи аллома ва ё лақаби дигари калоне ба ӯ қоил шуд.Олиму донишманд ва шахсияти миллӣ ва мардумӣ инсони меҳвар буда ва тамоми шаҳрвандони кишварро дар назар медошта бошад. Агар касе қавмеро бар қавме ва забонеро бар забоне ба таври номутаносиб тарҷеҳ диҳад(боло гузорад) ва бадтар аз он ки тухми нифоқро дар замини бикр кошта бошад, аслан пари коҳе назди мардуми Афғонистон арзиш нахоҳад дошт.

Аз “Тоҷикам”: Қаблан дар замони шӯравӣ ва имкон дорад, ҳоло низ, нисбати нашинохтани дӯсту душмани хеш ва ноогоҳӣ аз гузашта мо дар Тоҷикистон аз Маҳмуди Тарзӣ барин форсиситезон ва онҳое, ки пеши фарҳанг ва забони мо чоҳ кофтаанду ҳоло низ мекобанд, ситораҳо сохтаем ва онҳоро шӯрбахтона, чун шоир ва сиёсатмадори тавоно ба ҳамагон муаррифӣ кардем ва мекунем. Мисли Тарзӣ мо ба яке аз шоирони миллатгаро ва форсиситези афғон Сулаймон Лоиқ, ки иделоги асосии ҷиноҳи Халқ(ҷиноҳи Ҳизби Халқӣ Демократии Афғонистон, ки аксари аъзояш аз қавми паштун буду дар муқобили ҷиноҳи Парчам( ҷиноҳи дигари Ҳизби Халқӣ Демократии Афғонистон, ки бештари аъзоаш тоҷикон буданд) буду ҳама амалҳои зишти Таракиву аминҳо тавассути вай роҳандозӣ мешуд ва шиори онҳо “Афғонистон барои афғонҳо( яъне паштунҳо)” буду ҳуввияту фарҳанги ҳама ақвоми дигар, ба шумули тоҷиконро, ки мардуми бумии ин сарзамин буданду ҳастанд, инкор мекарданд, эҳтироми беҳадду канор доштем. Вале мо аз нодонӣ ва ноогоҳиву худношиносӣ ва тоҷикношиносӣ чӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он дар ҳаққи ин шовинисти афғон шеърҳо эҷод мекардем ва барои аз зиндони Пули Чархии Кобул озод карда шудани ӯ талошҳо кардем. Бар замми ин тибқи иттилоъҳои манбаъҳои мӯътамад, дар худи Шӯрои марказии Ҷамъияти “Пайванд”, ки ҳадафи асосиаш робита бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аст, чанд тан аз пантуркистон ва бадхоҳони миллатамон дар либоси дӯст шомил шудаанд ва чун ба Тоҷикистон биёянд, ҳарчанд аз иттиҳоди форсизабонон ҳарф мезананд, вале дар хориҷ баръакс, корҳои зиште алайҳи миллат ва забони форсиамон мекунанд.Аз ин хотир акнун мо бояд чашми худро дуруст боз кунем ва ҳар як дӯсту душманамонро хуб бишносем ва дӯстро дӯсту душманро душман муаррифӣ кунем, ба дӯст дӯствор муносибат намоему ба душману бадхоҳонамон бо ҳамон шеваашон посух бидиҳем ва башараи ҳақиқии онҳоро нишон дода, аз гирди хеш ононро дур созем, то аз бадиашон эмин бошем.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?