http://tajikam.com

Низоми сиёсии федерол ягона роҳи ҷилавгирии таҷзияи Афғонистон PDF Чоп
Муаллиф: Абдусалом Муқим Аҳмадӣ(Афғонистон)   
06.02.2012 11:34

 

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Аз “Тоҷикам”: Ин матлаб ба яке аз мавзӯъҳои доғи кишвари Афғонистон зарурати тағйири системи сиёсии кишвар ба системи федерол бахшида шудааст. Нигоранда андешаи хешро нисбатан бо забони рамз ва гоҳо пӯшида баён кардааст, ки барои хонандаи аз вазъи Афғонистон ноогоҳ дарки пурраи он нуктаҳо душвор аст. Аз ҷумла, чун сухан аз бародари танӣ ва ҳокимияти дусадсолаи онҳо меравад, нигоранда мардуми паштунро дар назар дорад, ки онон дусад сол қабл ин сарзаминро, ки Хуросон ном дошт, забт карда буданд. Зери вожаи “бародарони дигар” мардуми бумии сарзамин: тоҷикон, ҳазораҳо , ӯзбакҳо ва дигар ақвоми ғайрипаштун дар назар аст. Ҳамчунин лозим ба таъкид аст, ки мавзӯи федеролизмро бори нахуст дар Афонистон Латифи Пидром яке аз шахсиятҳои шинохтаи кишвар, узви парлумони Афғонистон аз вилояти Бадахшон ва раиси Кунгураи миллии Афғонистон ба миён гузошта буд ва ҳоло низ ӯ барои ба низоми федеролӣ гузаронидани кишвар талош дорад ва аз эҳтимол дур нест, ки ӯ дар остонаи расидан ба ин ҳадафи сиёсии хеш қарор дошта бошад. Зеро дар кишвар ҷонибдорони чунин низом ба маротиб афзудаанд ва ин матлаб низ баёнгари ин нуктаҳост.

Ногуфта пайдост, ки кишвари азизи мо дучори буҳронҳои ҷиддии беамниятӣ—иҷтимоӣ-- иқтисодӣ ва буҳрони сиёсӣ мебошад. Агар ба ин буҳронҳо ба сурати айнӣ ва воқеъбинона назар андозем,мебинем, ки буҳрони сиёсӣ маншаъ ва омили асосии эҷод ва тадовуми ҳама буҳронҳо дар ҷомиа буда ва мебошад. Мавзӯи буҳрони сиёсиро мешавад ба ду нуқтаи асосӣ, яъне ҳалли масъалаи миллӣ ва ҳокимияти сиёсӣ мутамарказ сохт.

Ҳокимимяти сиёсӣ бидуни ҳалли масъалаи миллӣ беасос буда ва пойдор намебошад. Ҳалли масъалаи миллӣ, ки шомили ҳувияти миллӣ –миллатсозӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, дар кишвари мо ҳамеша дар адвори мухталиф аз тарафи ҳокимиятҳои сёсӣ нодида гирифта шуда ва ба ҳалли асосии он аз рӯи воқеиятҳои айнии ҷомиа таваҷҷӯҳ нагардидааст ва ба ҳамин иллат аст, ки мо имрӯз на ҳувияти қобили пазириш ба касрият дорем ва на миллати воҳид, на ваҳдати миллии воқеӣ ва на манофеи миллӣ, ки ба ин нафиса ҳама аз алиф то ба ё эътироф мекунем ва амалан мебинем, ки кишвари мо бо гузашти ҳудуди беш аз дусад сол аз замони таъсис то ба имрӯз ва муҳимтар аз ҳама дар ин даҳаи ахир бо сарозер шудани миллиордҳо доллар кумаки ҷомиа ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам яке аз фақиртарин кишварҳо ва яке аз фасодтарин режимҳои сиёсии ҷаҳон боқӣ мондааст.

Беҷо ва бемаврид нахоҳад буд, ки агар мо кишвари худро ба хона ва ё ҳавлии бузург ва муштарак байни бародари танӣ ва бародарони нотанӣ(миллиятҳое бо забон, фарҳанг ва културҳои мухталиф) тасаввур кунем, ки беш аз дусад сол қабл бо таҳдоб(пойдевор) аз хишти хом ва деворҳое аз маводи нисбатан пухтатаре тавассути бобои ин бародарон обод гардида бошад. Деворҳои ин хона ва ё ҳавлӣ ба иллати мавҷудияти таҳдоби хоми он( адами таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳал набудани масъалаи миллӣ) борҳо ба шикаст мувоҷеҳ шуда ва дарз намудааст,аммо бародари танӣ, ки худро ҳам соҳиби ин ҳавлӣ ва ҳам тасмимгирандаи ин ҳавлӣ медонад, бидуни дарназардошти ҳуқуқи дигар бародарон ҳар бор бо нодида гирифтан ва бетаваҷҷуҳӣ ба дарзҳо, рӯи шикастҳои деворҳоро рӯ рӯ пӯш карда ва бидуни таваҷҷуҳ ба ободии ҳавлӣ ба зиндагӣ идома додааст. Ҳоло дар се даҳаи ахир ба иллати боронҳои шадид ва обхезиҳо( норизоиятии дигар бародарон дар тасмимгирӣ рӯи сарнавишт—моликият-- бозсозӣ ва шеваи зиндагии модерн мутобиқ ба тақозои рӯз дар ин ҳавлӣ) таҳдоб нам зада ва наздик ба шоридан расида ва табъан дарзҳои деворҳо ҳам бузург шуда ва тақрибан ҳавлӣ ба шикаст(таҷзия) мувоҷеҳ мебошад. Аммо бародари танӣ ба иллати худхоҳӣ, яккатозиву тамомиятхоҳӣ бо нодида гирифтани ин ҳама дарзҳо ва шароити рӯз боз ҳам бо тармими муваққатии онҳо талош дорад ба ҳамон шеваи қаблии зиндагии қабилавӣ ба зӯр ва фишор болои дигар бародарон зиндагиро идома диҳад. Аммо то чӣ вақт?

Агар бозсозии ин ҳавлӣ назар ба тақозо ва машвараи дигар бародарон ва мутобиқ ба шароити рӯз ва ба сурати асосӣ ва бо таҳдоби пухта( тағйири куллии системи ҳокимият ва ҳалли масъалаи миллӣ ба сурати асосии мутобиқ ба шароит айнии ҷомиа) сурат нагирад, билохира ду сол, шаш сол ва ё даҳ сол баъд хоҳӣ-- нахоҳӣ ҳавлӣ шикаст карда ва ҷудоии куллии( таҷзия) хасмона(ки ба қимати хеле ҳо гарон барои ҳама ҷавониб тамом хоҳад шуд)ро байни бародари танӣ ва дигар бародарон ба вуҷуд меоварад.

Шояд як теъдод аз ҳаммеҳанон ва бахусус иддае аз донишмандон ва сиёсиюни муҳтарам ба ин назар бошанд , ки мешавад ин ихтилофоти бавуҷудомада байни бародаронро бо ҷудоии ғайрихасмона ва мусолиматомез ҳал кард, вале бояд таваҷҷуҳ кард, ки тақсими ин хона ва ё ҳавлӣ ба ду қисмат байни бародари танӣ ва бародарони дигар ба иллати худхоҳӣ ва тамомиятхоҳии бародари танӣ ва иловатан дахолати ҳамсояҳои шарир ва ғаразолуд( Покистон ба хотири ҳифзи манофеи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва тарс аз таҷзияи кишвараш) зери номи кӯмак ба бародари танӣ ва кӯмки дигар ҳамсояҳо ба бародарони нотанӣ тақсими ин ҳавлӣ мусолиматомез тамом нахоҳад шуд в кишвар як бори дигар баъд аз хуруҷи ҷомиаи ҷаҳонӣ ба майдони ҷанги мустақим ва аланӣ байни ҷиноҳҳои даргир мисли гузаштаҳо табдил хоҳад шуд, ки ҷуброн он хеле сангин хоҳад буд.Биноан ягона роҳи берунрафти кишвар аз буҳрон дар шароити кунунӣ тағйири куллии системи ҳокимият аст на тақсими он ба ду қисмат.

Анвои системи ҳокимиятҳо дар ҷараёни беш аз дусад сол дар адвори мухталиф ва ба шеваҳои мухталиф дар кишвар таҷриба гардидааст, вале мутаассифона ба иллати нақоиси дарунии системҳо дар адами татобиқ ба шароити айни ҷомиа дар таъмини ҳуқуқи дигар бародарон ва иловатан ба иллати саркашӣ ва тамомиятхоҳии бародари танӣ ва ҳамакора натиҷаи матлубе ба бор наёвардааст.Биноан такрори системҳои қаблии ҳокимият, аз ҷумла системи порлумонӣ, ки иддае аз раҳбарони гиромӣ дар плонҳои кории худ ғарази наҷоти кишвар аз буҳрон гунҷонидаанд, муносиб ба шароити кунунӣ набуда(омили аслии буҳрон, ки яккатозӣ ва ӣтамомиятхоҳии номашруъи бародари танӣ болои дигар бародарон мебошад, дар чунин низоми сиёсӣ аз байн намеравад) ва чора шояд ба сурати муваққатӣ бошад, вале ба сурати доимӣ ва куллӣ дар ҷилавгирӣ аз таҷзия нахоҳад буд.

Ғарази ҷилавгирӣ аз таҷзия бояд гомҳои асосии мутобиқ ба шароити айнӣ ва хости аксарияти мардуми ин сарзамин бардошта шавад. Гомҳои асосӣ иборат аз ҳалли масъалаи миллӣ ватағйири куллии сстеми ҳокимияти феълӣ ба федеролӣ мебошад. Низоми сиёсии федерол бахши умдаи масъалаи миллӣ, яъне ваҳдати миллии воқеӣ ва довталабона ва ба вуҷуд омадани миллати воҳид ва манофеи миллиро низ тазмин менамояд. Гарчӣ ба вуҷуд омадани миллати воҳид аз лиҳози теюрӣ(назариявӣ) ба ҳувияти миллӣ яъне номи кишвар вобастагӣ дорад, зеро номи кишвар таъинкунандаи ҳувияти милӣ ва миллатсозӣ мебошад ва ҳувияти миллӣ замоне ҳал мегардад, ки номи кишвар ба ҳеч яке аз миллиятҳои сокин дар ин сарзамин вобастагӣ надошта ва ифтихороти тоърихии ин сарзаминро дар бар дошта бошад. Тағйири номи кишвар дар шароити кунунӣ хзарурӣ набуда ва мешавад, ки дар мавқеъи муносиб баъд аз рафъи буҳрони ҳоди имрӯзӣ дар як референдум ва ё назархоҳии ом аз тарафи миллат тасмимгирӣ сурат гирад. Аммо мавзӯъе , ки имрӯз дар рафъи буҳрони кунунӣ ва ҷилавгирӣ аз таҷзияи кишвар ҷоизи аҳамият мебошад, системи ҳокимияти сиёсӣ аст, такрор мекунам, тапнҳо ва ягона системе, ки метавонад кишварро аз буҳрони феълӣ ва хана ва ё ҳавлии муштаракро аз шикасти куллӣ ва ҷудоии( таҷзия) хасмонаи бародарон наҷот диҳад, системи сиёсии федерол мебошад. Зеро дар ин систем ҳам тамомият ва истиқлолияти хона в ё ҳавлӣ дар кулл ҳифз мегардад ва ҳам ободии он сурат мегирад. Яъне ки ҳама бародарон муштаракан дар ҳифзи истиқлол( дифоъ аз тамомияти арзии он) дар сиёсати хориҷӣ (равобиташон бо ҳамсояҳо ва ҷаҳон) ва рушди иқтисоди ом(ободии куллии хона в ё ҳавлӣ) мутобиқ ба қонуни асосии марказӣ саҳм гирифта ва ҳам бо доштани истиқлолияти нисбии дарунӣтарзи шеваи зиндагиро, ки худашон мехоҳанд мутобиқ ба қонуни асоси иёлатӣ ва ё федерол озодона ва демократик бидуни мудохилаи бародари танӣ ва ё кадом фишору табъиз интихоб карда ва бо рақобати дарунӣ дар ободии маҳватаи худ ва муштаракан дар бозсозӣ ва ободии кулли хона в ё ҳавлӣ бо алоқамандии хос метавонанд саҳм бигиранд.

Мо бо огоҳӣ аз тоърих медонем, ки аксари кишварҳои ҷаҳон дар рафъи чунин буҳронҳо аз ин систем истифода бурда ва имрӯз мебинем, ки зиндагии хеле пешрафта доштаанд ва теъдоде онҳо ҳатто қудратҳои иқтисодии ҷаҳониро доро мебошанд.

Низоми сиёсии федерол ва ё федеролизм баҳси васее мебошад. Аксари донишмандон ва қаламбадастони муҳтарам ва гиромӣ дар саҳафоти мухталиф ба он пардохтаанд, метавонанд дӯстони алоқаманд дар маврид бо мутолиаи онҳо огоҳии бештар ҳосил намоянд.

Гурӯҳҳои миллиятгарои мутаассиби тамомиятхоҳ бо вуҷуди дарк аз низоми сиёсии федерол минҳайси наҷоти кишвар аз буҳрони кунунӣ боз ҳам ба хотири тарсашон аз аз даст додани яккатозӣ ва тамомиятхоҳии ҳокимияти мутлақаашон сару садоҳоеро ба роҳ андохтанд, ки гӯё ба ҷузъ худашон(Толибони ваҳшии Ҳикматёр ва Ҳаққонии ҷинояткор хоинини миллӣ ва нӯкарони аҷнабӣ ба раҳбарии “Афғон миллиятӣ” ҳо, Карзай ва тими никтоипӯши( гарданбанд) ҳокими аркнишинашон) минҳайси фариштаҳои наҷоти ин сарзамин, дигарон ҳама минҳайси ҷангсолорон ва ба гуфтаи худашон хоинин ба Ватан дар таҷзия ва барбодии кишвар талош менамоянд. Хуб, гила аз инҳо набояд дошт,онон бояд чунин сиёсатро пеш гиранд то битвонанд манофеи қавмӣ ва қабилавии худро бар хилофи манофеи миллӣ мисли ҳамеш ҳифз намоянд. Аммо ҷои таъсир дар ин ҷост, ки теъдоде аз ҳаммеҳанони мо аз эҳсосот кор гирифта огоҳона ва ё ноогоҳона, бидуни дарк аз мафҳуми низоми сиёсии федерол, бо ин гурӯҳҳо ҳамнаво шуда ва низоми сиёсии федеролро василаи таҷзияи кишвар медонанд.

Боз ҳам ёдовар мешавам, қабл аз ин ки ин хона ва ё ҳавлии муштарак шикаст намояд ва ҷудоии хасмона байни бародарон ба вуҷуд ояд, ягона роҳ ва чора ин аст, ки ҳам бародари танӣ ва ҳам дигар бародарон аз ақли салим кор гирифта бо дарки шароит ва зарурати рӯз ва бо дарк аз он ки дигар он гаштаҳои талх такрор нахоҳад шуд, худхоҳиҳо ва тамомиятхоҳиҳоро канор гузошта бо ҳам бародарвор даври як миз биншинанд ва муштаракан бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ, ки хости шариати исломӣ ва тақозои аксарияти мардум мебошад, ғарази бозсозии куллии хона в ё ҳавлӣ(тағйири системи ҳокимияти феълӣ ба системи ҳокимияти мардумсолории федерол) тасмимгирӣ намоянд, дар ғайри он таҷзияи кишвар хоста ва ё нохоста омаданӣ аст ва масъулияти хисороти ҳангуфти ғайри қобили бовари он ба дӯши ҳамин гурӯҳҳо ва раҳбарони миллатгарои тамомиятхоҳ ва раҳбарони муҳтарами ҷоҳталаб ва мақомталаб хоҳад буд, ки ҳеч гоҳе мардуми мазлум ва азобкашидаи ин сарзамин онҳоро нахоҳад бахшид.

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?