http://tajikam.com

Форсӣ PDF Чоп
Муаллиф: Парвизи Боис   
06.02.2012 11:23

 

Форсӣ гӯям бинозам ин забони олимон

Ҳам забони ошиқону ҳам забони орифон.

Марзу буми форсигӯён билоди Форс аст

Пур зи ишқ дилҳоямон ҳамчун халиҷи Форс аст.

Гарчи чархи номурувват кард моро бахш- бахш

Лек медонем мо ин ростии озарахш.

 

Қитъамон карданду бинҳодандамон исмои ғайр

Ҳамчу Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, лек хайр.

Гар ки хоҳӣ ҳукм ронӣ миллати озодаро

Бахш -бахш куну бинмоёншон роҳи қаҳқароҳ(вопас)

Чун бувад сарпалиди Аҳриман, эй родмард,

З-он ки мардӣ дар ниҳодаш нест ҳаст ӯ ғайримард.

Баҳри нобудии эшон лозим аст яктан шавем,

Марз бояд бишканему ҷумла моҳо ман шавем.

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?