http://tajikam.com

Бо Эътилофи Миллӣ яке хоҳем шуд PDF Чоп
Муаллиф: Mandegaar   
19.01.2012 13:24

 


Баргирифта аз Tajikam(форсӣ)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Раҳбарони Ҷабҳаи Миллӣ ва Эътилофи Миллӣ ҳар ду бар тағйири сохтори низоми раёсатии кунунӣ бар низоми порлумонии ғайри мутамарказ, интихобӣ шудани волиҳо ва шаҳрдорҳо ва бархе мавориди дигар таъкид карда ва низоми мавҷудро мояи фасод хондаанд. Раҳбари Ҷабҳаи Миллии Афғонистон гуфтааст, ки ба далели наздикии сиёсатҳои ин Ҷабҳа ва Эътилофи Миллии Афғонистон, ин ду ҷараёни сиёсӣ бо ҳам якҷо хоҳанд шуд. Аҳмад Зиё Масъуд --раҳбари Ҷабҳаи Миллӣ рӯзи гузашта дар гуфтугӯе бо рӯзномаи “Мондагор” гуфтааст, ки барномаҳои онҳо ва Эътилофи Миллии Афғонистон, дар бисёрӣ аз маворид бо ҳам мушобеҳ аст. Эътилофи Миллӣ ва Ҷабҳаи Миллӣ ду ҷараёни сиёсии муташаккили аҳзоби мухталифи сиёсӣ ва ниҳодҳои маданӣ ҳастанд,

ки ахиран эълони мавҷудият кардаанд. Раҳбари Ҷабҳаи Миллӣ ба “Мондагор” гуфт, ки омили асосӣ дар бӯҳрони кунунӣ низоми мутлақа ва мутамаркази риёсатӣ аст, ки ҳамаи салоҳиятҳоро ба раиси ҷумҳур вогузор кардааст.

 

Раҳбари Ҷабҳаи Миллӣ мегӯяд, ки системи баста ва мутлақаи кунунӣ посухгӯйи ниёзмандиҳои мардуми Афғонистон нест ва бояд ҳарчӣ зудтар ин систем тағйир кунад. Ӯ омили асосии фасод ва беадолатӣ дар кишварро системи бастаи мавҷуд медонад ва боварманд аст, ки дар мавҷудияти низому сохтори кунунӣ фасод ҳамчунон густарда боқӣ хоҳад монд.

Аҳмад Зиё Масъуд тасреҳ кард, ки низоми порлумонии ғайри мутамарказ, ки ваҷҳаи муштараки Ҷабҳаи Миллӣ ва Эътилофи Миллии Афғонистон аст, метавонад роҳи ҳалли муносибе барои хуруҷ аз буҳрони кунунии кишвар бошад. Раҳбари Ҷабҳаи Миллӣ афзуд, ки интихобӣ шудани волиҳо ва шаҳрдорҳо, ки барномаи муштараки ин Ҷабҳа ва Эътилофи Миллӣ аст, эътимоди мардум дар мавриди низом ва ҳокимиятро афзоиш бахшида ва сабаби рушди иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвар хоҳад шуд.

Раҳбарони Эътилофи Миллӣ ва Ҷабҳаи Миллии Афғонистон ахиран аз низоми мавҷуд ба далели рушди чашмгири фасод, қонуншиканӣ ва беадолатӣ интиқодҳои тунде кардаанд.

Ахиран Аҳмад Зиё Масъуд дар мусоҳибае бо як рӯзномаи олмонӣ ба шиддат аз сиёсатҳои оқои Карзай дар баробари Толибон интиқод карда гуфта буд, ки “Ҳомид Карзай шабеҳи Толибон аст”. Ӯ ҳамчунон гуфта буд, ки онҳо дар гузашта нишон додаанд, ки дар баробари Толибон пирӯз ҳастанд ва ҳоло ҳам ин мавзӯъро нишон хоҳанд дод.

Ба назар мерасад, ки яке шудани ин ду ҳаракати сиёсӣ битвонад дар интихоботи пешрӯи раёсати ҷумҳурӣ барги барандаиро дар ихтиёри ин ҷараён қарор диҳад.

Шарҳи Тоҷикам: Ҷабҳаи Миллӣ ва Эътилофи Миллии Афғонистон созмонҳое ҳастанд, ки алайҳи сиёсатҳои нодурусти ҳукумати Карзай, ки кишварро фасодзада сохтанду ҳоли мардумро табоҳ карданд, қад алам кардаанд ва дар онҳо асосан намояндагони қавмҳои ғайрипаштун, яъне тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбакҳо ва дигар ақвом шомиланд. Аз ҷумла Ҷабҳаи миллиро бародари сипаҳсолори бузург зиндаёд Аҳмадшоҳ Масъуд Аҳмад Зиё Масъуд сарварӣ мекунад. Ҳамчунин ба ин ҷабҳа Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ –раҳбари Ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон(аз қавми ҳазора), Абдуррашид Дӯстум—раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон( аз қавми ӯзбак) ва Амрулло Солеҳ –собиқ раиси амнияти миллии Афғонистон ва Латифи Пидром узви порлумон ва раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ( аз қавми тоҷик ) шомиланд.

Сарвари Эътилофи Миллӣ доктор Абдуллоҳи Абдулло аст. Ҳамчунин шахсиятҳои маъруфи кишвар Муҳаммадюнус Қонунӣ-- собиқ раиси парлумони Афғонистон, Устод Атомуҳаммади Нур-- остондори Балх, Аҳмад Валӣ Масъуд -- раиси Бунёди Аҳмадшоҳ Масъуд, ки ҳама тоҷиканд, дар ин эътилоф узвият доранд.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?