http://tajikam.com

Ягонагии забони форсӣ дар деҳкадаи ҷаҳонӣ PDF Чоп
Муаллиф: Расули Раҳин (Афғонистон)   
14.01.2012 03:19

 

 


Ягонагии забони форсӣ дар деҳкадаи ҷаҳонӣ.Стокголм,Шӯрои фарҳангии Афғонистон,с. 1389(с. 2010), 355 саҳ.

Таълифи профессор Расули Раҳин

Чанд сухан аз муаллиф дар бораи ин китоби гаронарзиш

Баргардон аз хати форсӣ ба сириллик: Насибҷон Амонӣ

Хонандагони мӯҳтарам огоҳӣ доранд, аз дер ба ин тараф дар чаҳорроҳиҳо ва чукҳои( нишастҳо) фарҳангии кишвар сухан аз хостгоҳи забони форсии дарӣ ва ин ки “форсӣ” асл аст ё “дарӣ” низоъҳо барпо мешавад.Яке мегӯяд , забони кишварамонро дарӣ мегӯянд, дигаре истидлол мекунад, ки “форсӣ” мегӯянд ва ҳалқаҳое мӯътақид ба форсии дарианд. Яке гуфтаҳои Носири Хисрави балхиро санад меоварад, ки “форсӣ” гуфтааст.Дигаре шеърҳои Ҳофизу Саъдиро, ки дар Форси қадим ё Эрони кунунӣ зиндагӣ кардаанд ва “дарӣ” гуфтаанд, мисол мезананд.Нокасони форсии дарӣ ҳатто аз ин ҳам ҷилавтар рафта вожаҳои асил ва суччаи форсии дарӣ монанди фарҳанг, нигористон, донишгоҳ, додгоҳ, шаҳрдорӣ, шаҳрдор,Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси бузурги миллӣ, додситон ,додрас, бемор, бемористон, бозаргон ва амсоли онро вожаҳои форсии дарӣ надониста, ба ин ё он сарзамини бегона тааллуқ медиҳанд( Ишораи муаллиф ба қавмгароёни паштун аст, ки қатъан ба истифодаи ин вожаҳои форсӣ дар Афғонистон муқобилат кардаанд ва мекунанд—Н.А)

Аз ин ҳам бадтар, ҳастанд касоне, ки забони ширин ва зебои форсиро ба шохаҳои форсии тоҷикӣ , форсии эронӣ ва форсии дарӣ, се забони ҷудогона тақсим карда, мутааллиқ ба се кишвари ҷудогона мешуморанд. Ин идда ашхос ҳаргиз ба собиқаи хостгоҳи забони форсӣ чанг назада, нафаҳмидаанд, ки хостгоҳи аслӣ ва бумии забони форсӣ ҳавзаи Осиёи Миёна ва Марказӣ мебошад, ки кишварҳои тоза ба истиқлолрасида Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбакистон ва …ва ҷузъи қаламрави ҳамон Хуросони шарқӣ ва ғарбии бузург ва дорои як кишвар, як забон ва як фарҳанг будаанд, ки баъдҳо дар гирдоби таҷзия ва тақсим ва дастандозиҳои худғаразонаи кишварҳои истисморгари дуру наздик ба кишварҳои ҷудогона тақсим гардидаанд. Тааҷҷубовар ин ки бисёре қаламбадастони мо ноогоҳона бо таваҷҷӯҳ ба гӯйишҳои мухталифи забони форсӣ дар кишварҳои мухталиф, байни форсии эронӣ, форсии тоҷикӣ ва форсии дарии Афғонистон фарқ мегузоранд. Эшон аз ин ҳам ноогоҳанд, ки ҳар се гӯйиш аз як забон, аз як баданаи марказӣ ва бумии забонҳои ҳинду- аврупоӣ, ки ба номи модари забонҳои ҳиндӣ, урупоӣ ва бохтарӣ, ки форсӣ зодаи бузурги он аст, таборуз карда дар сайри замонаҳо ва пешомадҳои сиёсӣ ва ҷуғрофиёӣ номҳои гуногуни забонҳоро ба худ гирифтаанд. Забони форсӣ яке аз ин забонҳои бузург, баромада аз бадани модари бузург, ки хостгоҳ ва ҷойгоҳи бумии он байни дарёҳои хурӯшони Сайҳун ва Ҷайҳун нишонӣ гардидааст, гӯяндагони бешуморе дорад, ки ҷуғрофиёи таърихии он аз Фароруд то Ҳинди Кабир, Туркия ва Болконот( Балкан) нуқтагузорӣ шудааст. Ҳарчанд гӯяндагони ин забони бузург дар гирудори таърих зери бори забонҳои дорои модарони бегона монанди англисӣ, русӣ, арабӣ ва соири модарандарҳо рафта, истилоҳот ва вожаҳои бегона, вале ширини забонҳои дигарро дар худ об карда, истилоҳот ва вожаҳои камбуди худро аз онҳо ба вом гирифтаанд. Мисоли зиндаи вомгирии забони форсӣ дохил шудани вожаҳои русӣ дар гӯйишҳои гӯяндагони форси Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ва Туркманистон ва…ва вожаҳои фаронсавию арабӣ дар гӯйишҳои форсии эронӣ ва вожаҳои англисию арабӣ дар вожаҳои форсии дарии Афғонистон ва форсии Ҳиндустон мебошад...

Ин ҳам як асли мусаллам ва айнӣ аст, ки забонҳо барои мафоҳими тоза ва ҷадид, дар сурате , ки вожа надошта бошанд, аз вожаҳои гӯйишҳои мушобеҳи худ вом мегиранд.Агар дар гӯйишҳои мушобеҳ вожа вуҷуд надошт, аз забонҳои дорои модари бегона вожа мегиранд. Ва агар он ҳам мумкин набуд, асли вожаи бегонаро бидуни тағйир таҳти дастури забони худ ба кор мебаранд ва онро мегӯянд таҷдиди ҳаёт додан ба забони худ ва сохтани он бо рушду инкишофи навини ҷавоме, ки мо дар он зиндагӣ дорем.

Баҳси дигаре, ки дар байни рӯшанфикрони камсаводи кишварҳои мухталифи ҳавзаи тамаддуни Осиёи Миёна, аз ҷумла Афғонистон ҷараён дорад, ин аст, ки эшон гӯяндагони ҳар забон, махсусан забони форсиро маҳдуд ва мунҳасир ба ҳудуди ҷуғрофиёи сиёсии ҳамон кишваре медонанд, ки дар он расмият дорад. Ин идда ашхос огоҳӣ надоранд, ки забони форсӣ моли Эрон не,Афғонистон не, Тоҷикистон не, балки забони ҳавзаи тамаддуни Осиёи Миёна мебошад. Ин ашхос чунин мепиндоранд, ки забонҳои ҳар кишвар сирфан маҳдуд ба марзҳои ҳамон кишваранд ва аҳолии ҳеч кишвари дигар ҳақ надоранд, ки бо он забон такаллум карда,аз дастовардҳои забонии кишварҳои ҳамзабон истифода кунанд. Воқеияти амр ин аст, ки ин ашхоси кӯрнигар марзҳои забониро аз марзҳои сиёсӣ фарқ карда наметавонанд, намедонанд, ки забон наметавонад маҳдуд ба марзи ҷуғрофиёӣ ва сиёсӣ гардад.Эшон бояд чашмҳои худро ба ҷаҳон боз карда мушоҳида намоянд, ки бисёре аз забонҳои дунё, фаротар аз марзҳо, дар кишварҳои гуногун ва гоҳ ҳатто ноҳамҷаворҳо роиҷанд.Масалан, забони англисӣ аз тарафе дар Инглисистон ривоҷ дорад ва аз тарафе дар ҳазорон километр дуртар, яъне дар Австралиё ва Конодо. Вақте вожае дар яке аз ин қаламравҳои васеъ корбурд меёбад, ба воқеъ мутааллиқ ба ҳама аҳолии ин забон аст. Ҳамин гуна аст забони арабӣ , ё туркӣ ё урду,ки дар кишварҳои гуногун роиҷ ва ҳатто дар Афғонистон низ гӯяндагоне доранд.Мулоҳиза бифармоед, агар як ҳамватани ҳиндуи мо, ки бо урду ё ҳиндӣ сухан мегӯяд, аз вожае, ки дар Ҳиндустон барои ҷойгузинии як калимаи бегона сохта ва ё эҳё шудааст, истифода кунад, ҷурме анҷом надодааст. Ба ҳамин гуна агар як ҳамватани паштузабони мо аз раҳёфтҳои забонии паштузабонони Покистон баҳра бигирад, муҷрим нест, балки калимоти номукаммали забони худро такмил кардааст.

Ана, китоби ҳозир “Ягонагии забони форсӣ дар деҳкадаи ҷаҳонӣ”, ки маҳсули заҳмат ва пуштикор ва пайгириҳои беш аз ду соли нигоранда дар бораи хостгоҳи забони форсӣ, решаҳои бумӣ, гӯяндагони бумӣ ва интишори он аз ҳавзаи тамуддунии Осиёи Миёна ба саросари кишварҳои ҷаҳон мебошад, пажӯҳишҳои доманадоре анҷом дода ва инак ҳосили заҳамоти шаборӯзии тӯлонии худро тайи китобе ҷомеъ дар ихтиёри шумо, ҳомиён ва алоқамандони забони форсӣ, мегузорад.

Нигоранда дар ин китоб кӯшидааст сайри таърихии забони форсиро аз ҳамон рӯзгорони нахуст, ки гӯяндагони бумии он дар водиҳои сарсабзу шодоби ду тарафи Омударё мутаватан гардида, ташкилоти идорӣ ва давлатӣ ба вуҷуд оварда Балхи гузин, нахустин шаҳру нахустин ҷомиаи муташаккили ҷаҳонро маркази худ қарор доданд, мурур карда аз ҳамалоти ҳахоманишиҳо ба ҷониби Бохтар ва нооромиҳои ношӣ аз ин кашмакашҳоро то ҳамлаи Искандар ба Шарқ ва убур аз синаи Порс (Эрони кунунӣ) ва рондани забон ва фарҳанги авастоӣ аз шаҳрҳо ба дараҳо ва доманаҳои кӯҳсорони Бохтар хонандагонро огоҳӣ медиҳад.

Бо омад- омади арабҳо аз ҷониби Порс ва Антолиё ва тасхири сарзамини бохтарӣ то даҳонаҳои Омударё ва шаҳрҳои бузурги Бухоро ва Ҳума, ки аз он ба баъд сарзамини моро ба номи сарзамини Офтоб ё Хуросон мусамман сохтанд, агар аз як сӯ дини исломро ҷонишини дини буддоӣ кард, аз сӯйи дигар садамаи бузурге бар пайкари фарҳанг ва тамаддуни деринаи мо ворид овард. Забони форсии дариро,ки баъд аз вайрониҳои Искандари кабир назҷ(ҷон) гирифта буд, дубора ба кӯҳҳо ронд ва ба ҷойи он минҳайси кишвари фотеҳ забони арабиро ҷойнишин сохт. Фарҳанг ва тамаддуни деринаи моро ба фарҳанг ва тамаддуни бодия ва саҳро ва қиссаҳои моро ба қиссаҳои саҳроиён мубаддал ва забони моро ба забони арабӣ иваз намуд. Арабҳо одат доштанд ҳар кишвареро, ки тасхир мекарданд, онро ба солорони қавми он кишварҳо месупориданд ва худашон вопас ба бодияҳои худ бармегаштанд. Вале ин ҷо он тур накарда гурӯҳҳои қавмӣ ва сарони лашкар ва як теъдод низомиёни худро, ки дар ҷангҳо лангу лош гардида буданд, маскун сохтанд то дар ояндаҳо сарон ва бузургони ин кишвари паҳновар ва ғаюрро идора намоянд. Чунонки то имрӯз авлоди ин низомиёни лангу лоши арабӣ ба номҳои ину он бар мардуми балодидаи кишвари мо ҳукумат меронанд. Ҳазрати Нуралмашоих, ҳазрати Нақиб, ҳазрати Сибғатуллоҳи Муҷаддадӣ раиси санои(сенати) кишвар, ҳазрати Забеҳуллоҳ Муҷаддадӣ ва басои дигар аз ҳамин қумошанд, ки то имрӯз бар кишвари мо ҳокиманд ва сарнавишти ҷиргаҳои қавмӣ ва ҷиргаҳои бузурги миллӣ ва сарнавишти интихоботи тақаллубӣ ва ҷаълии моро бо истихораҳои бемафҳум ва хандадори худ таъйин менамоянд.

Дар ин китоб баъд аз фарҳангзудоиҳои аъроб, макси(назари) кӯтоҳе болои давлатҳои мустақили хуросонӣ сурат гирифта, аз бониёни истиқлоли Хуросонзамин ва назҷдиҳандагони дубораи фарҳанг, забон ва тамаддуни Хуросон, аз ҷумла аз Тоҳир Қушанҷӣ, Абӯмуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайси Саффорӣ,Оли Сомон, Исмоили Сомонӣ, Маҳмуди Кабир ва густариши забони форсӣ дар Ҳинд ёдоварӣ гардида, баъд аз макси кӯтоҳ бар Ренесанси забони форсӣ дар давраи Темуриёни Ҳирот барафтодани Хуросонзамин дар гирдоби таҷзия ва тақсим лангар андохта шудааст. Аз ин ҷо ба баъд китоб таваҷҷӯҳи хонандагонро ба сарзамини форсизабонони Самарқанду Бухорои шарқӣ маътуф дошта, чигунагии зери зарб воқеъ шудани забони форсӣ ва тоҷикон тавассути туркҳои манғит ва баъдан болшевикҳо аз як тараф сарзамини бумиашонро тасхир мекунад ва аз ҷониби дигар забони форсиро ба забони русӣ иваз менамоянд, баҳси муфассал сурат гирифта ва натиҷаи охири ин пешомадро, ки мунҷар ба ташкили давлати мустақили Тоҷикистон ва убури кишвар аз сарошеби нуфузи забону фарҳанги русӣ таҳти раҳбарӣ ва заомати раҳбари бузурги тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон Имомалӣ Раҳмон ба форсӣ гардид, баҳс шуда ва аз бозгашти шукӯҳ ва ҷалоли поринаи забони форсӣ дар сарзамини тоҷикон ва эҳёи дубораи забони форсӣ зери парчами “Пайванд” ва тарҳи интишори муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон ҷамъбандӣ карда, дурнамои даврони Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомониро дубора эҳё ва шукӯҳи забони форсиро ба мутакаллимонаш боз мегардонанд, баҳси муфассал сурат гирифтааст.

Китоби “Ягонагии забони форсӣ дар деҳкадаи ҷаҳонӣ” муаррифии кулли ҳамин нуктапардозиҳо аст, ки зикр кардем. Хонандагони мӯҳтарам метавонанд посухи ҳар савол ва гиреҳи гоҳ нокушудаи виҷдони миллии худро бо хондан ва мағз кардани мӯҳтавои ин китоб дарёфт карда, худро қонеъ созанд, ки оё кишваре дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки мутакаллимони як забон, ҳамалоти ноҷавонмардона бар забонҳои бо ҳам бародари он кишвар карда, як забони ҷаҳоншумулро, ки қарнҳо дар он кишвар забони расмӣ ва миллии кишвар буда, ба забони дасти дуюм мубаддал ва мутобиқи плони англисҳо баъдҳо ба соддагӣ битавонанд забони англисиро ҷойгузини он намоянд. Аммо англисҳо бояд бидонанд, ки забони форсии дарӣ танҳо забони форсизабонони Афғонистон не, балки дар ҷараёни садаҳои таърихӣ ба масобаи забони ҳавзаи тамаддунии бахше аз Осиё ва забони дуввуми ҷаҳони ислом аз мавқеият ва азамати фарҳангии вижае бархурдор мебошад. Забони форсӣ акнун дар радифи забонҳои байналмилалии ҷаҳон назири англисӣ, испониёӣ, фаронсавӣ, русӣ, арабӣ, олмонӣ ва... даромада, мақоми шомих ва мартабаи ҳамсангии илмӣ-фарҳангӣ- иқтисодӣ ва сиёсиро эҳроз (касб) кардааст. Акнун азамати фарҳангии забони форсӣ дар ҳавзаи тамаддунии қораи Осиё бузургӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир забони форсӣ ба мадади васоили модерни иттилооти фароқораӣ аз сарҳади қораҳо убур намуда ва Маснавии Мавлавӣ уқул(ақлҳо) ва қулуби(қалбҳои) ҷаҳони ғарби санъатӣ -- Урупо ва Амрикоро тасхир карда ва урупоиён ба мақоми шоистасолорӣ ва зарфияти фарҳангӣ, илмӣ ва адабии он пай бурда, муҳтарамона онро дарк ва ситоиш мекунанд ва ба он арҷ ва ҳурмат мегузоранд.

Ҳоло забони форсӣ дар кишвари маҳбуби мо танҳо як забон нест, балки як фарҳанг ва як тамаддун ва бахши аслии ҳуввияти миллӣ ва намоди ҳастии ҳамаи шаҳрвандони мост, ки бо фарогирии омӯзиши ҳамагонӣ ва саросарии мутаодили ин фарҳанги пуразамат метавонем ниҳодҳои рушди мутаодили ҳуқуқи фарҳангиро ба пояи камол расонем. Ва бад ин асос дар мавриди баст(густариш) ва тавсиаи он ба ҳайси ягона забони аслӣ—саросарӣ ва миллии мардуми мо, ҳеч гуна нигароние нагзорем. Фарҳанге, ки ба василаи забони форсӣ бозтоб меёбад, вобастагӣ ба кадом нажоди хос надорад. Мардумони сарзамини бостонии Хуросон аам аз: тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбакҳо, балучҳо, арабҳо, паштунҳо, ҳиндуҳо ва соири гурӯҳҳои хурду кӯчаки иҷтимоӣ дар фароянд ва сайри замоне тӯлонии таърих ба забони форсӣ сухан гуфтаанд ва барои рушду такомули он кӯшидаанд ва бузургтарин ҳавзаи тамаддунии Шарқро ба мерос гузоштаанд. Шоиста аст, ки ҳар шаҳрванди кишварҳои форсизабон ба танҳоӣ худро соҳиби аслии он бидонад ва худро форсигӯтар аз дигарон биномад ва дар ҳифзи он аз ҷону дил бикӯшад.

Нуктаи муҳиме , ки дар охир мехоҳам бар он таъкиди бештар намоям ин аст, ки дар таълифи ин китоб аз навиштаҳои ҳама дӯстон ва алоқамандони забони форсӣ, ки мақолаҳояшон дар торнамои “Ховарон” ба чоп расидааст, истифодаи шоёне намудаам.Ҳатто дар бахше маворид аз навиштаҳои ҷаноби Дарёдилӣ, Саҳили Сабзворӣ, Басир Комҷӯ, Қадир Расулӣ, дуктур Муҳаммадсолим Спартак, Ҳумоюни Баҳоӣ ва дӯстони дигар ки ҳамин лаҳза асомиашон дар зеҳни қосири муаллиф намеояд, бахшҳое аз мақолаҳояшонро ҳатто копӣ кардаам, ки мехоҳам эшон ба бузургвории худ маро авф намоянд. Махсусан ҷаноби Саҳил Сабзворӣ, ки асноди замимаро лутф карда дар торнамои Ховарон ба чоп расонида буданд ва муаллиф зарурат дид, ки онҳоро бидуни тағйир копӣ ва ҷузъи китоб гардонад.

Лозим мебинам аз дӯстони дигарам, ки бо эшон машвараҳое лозим доштаам ҷанобон профессор Шоҳалӣ Акбари Шаҳристонӣ, профессор Саид Саъдидин Ҳошимӣ, дуктур Иноятуллоҳи Шаҳронӣ, ки ҳамеша маро дар такмили ин вазифаи хатир ва бомасъулият ташвиқ ва ҳамроҳӣ кардаанд, изҳори сипос намоям.Дар ин мавқеъ наметавонам дӯсти бисёр гиромиам дуктур Наим Фарҳонро, ки аз фарози уқёнусҳо маро ҳамроҳӣ кардааст, фаромӯш кунам.Эшон зиндаву ҷовид бошанд ва то чарх дар гардиш аст , шод зиндагӣ намоянд.

Каломи охирини ман мутаваҷҷеҳи бародарон ва дӯстони паштуни ман мебошад. Мехоҳам ба дӯстони паштуни худ итминон диҳам, ки ману дӯстони дигаре, ки маро дар ин китоб ёрӣ расонидаанд, камтарин таассуб дар муқобили забони пашту ва бародарони паштузабони худ надорем.Ва ҳаргиз ҳадафи онро надорем, ки забони пашту дар паҳлӯи соири забонҳои зиндаи ҷаҳон таборуз накунад. Ва бародарони паштуни мо бародарвор бо бародарони форсизабони худ зиндагии боҳаме надошта бошанд. Мо дар як кишвар зиндагӣ дорем, ҷавомеъи муштарак дорем, иқтисоди мо муштарак аст ва пайвандҳои фомилӣ, хонаводагие дорем, ки ҳаргиз намегузорад, ки мо аз ҳам дур бошем ва ё дар бораи ҷудоии якдигар, Худой нохоста,сӯиназар ва ё бадбинӣ дошта бошем. Вале ончӣ ману дӯстонамро мукаллаф ба таълифи ин китоб сохт, ин аст, ки бародарони паштуни мо низ монанди мо назари нек ба ҷониби забони форсӣ дошта бошанд ва нагузоранд, ки бадандешони англисмаоб бо истифода аз ҳарбаи(аслиҳаи) забон байни мо фосила эҷод кунанд.Ҳамчуноне ки мо ба дӯстони паштузабони худ ҳақ медиҳем, ки забони худро инкишоф диҳанд, аз дӯстони паштуни худ таваққӯъ дорем, ки эшон низ ба мо ҳақ бидиҳанд мо дар бораи забони худ фикр карда, истилоҳоти забони худро таҷдиди ҳаёт бахшем.

Дӯстони мӯҳтарам, биёед мову шумо якҷо дар муқобили фошистҳо мубориза кунем, нагузорем, ки гурӯҳҳое дар ин самт ва ё он самт даст ба харобкорӣ зананд, забони ману туро тахриб ва дар муқобили истилоҳоти суччаи ману ту дар забони форсӣ ё пашту найрангҳои сиёсӣ ба кор бурда, дасти туву манро ба домани якдигарамон бипечонанд ва худашон баҳраҳои сиёсӣ бурда, дар бағали бодорони англисиашон биламанд(осуда бошанд). Уммедворам ба кӯмаки ману ту эшон ба орзуҳои нопоку шуми худ нарасанд ва онро ба гӯр бибиранд.Иншоолоҳ ки мебаранд.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?