http://tajikam.com

Ту шоҳиву “Шоҳнома” авранги ту PDF Чоп
Муаллиф: Партав Нодирӣ   
14.01.2012 03:17

 

 


Ба Абулқосим Фирдавсӣ, ба он ниёи бузурги шеъри форсии дарӣ ҳамосасарои бузурги ҷаҳон , ба он рӯҳи бузург, ки тухми сухан пароганд дар киштори фарҳанг ва кохе барафрохт аз сухан, ки онро аз гузашти рӯзгорон ва боду борон газанде нест.

Ниёи бузурги сухандони ман,

Ту меҳри суханро Хуросони ман

Ба ёдат чу ёди Хуросон кунам

Чароғи суханро фурӯзон кунам.

Хуросон чӣ гӯям равонам туӣ,

На оташ , ки Зардушти ҷонам туӣ.

Чу номи уро бар забон оварам

Гули тирагиро хазон оварам.

Ҳузури ту марги сиёҳӣ шавад,

Шаби тира дар бепаноҳӣ шавад.

Хуросон суханро диёри гузин

Дурахшад ба тоҷи замон чун нигин.

Дарахти Хуросон пур аз бору барг,

Ки бар вай натозад ҳаме боди марг.

Хуросон ба ҷони сухан зинда аст,

Заминаш сипеҳри дурахшанда аст.

Сипеҳри Хуросон пур аз офтоб,

Ҳақиқат чу хоҳӣ зи ман сар матоб.

Хуросон чу гардуни гардон ба пой,

Зи хокаш ҳама ахтарон сурмасой.

Хуросон ба гетӣ чароғ оварад,

Баҳори суханро ба боғ оварад.

Сухан то зи шеъри Хуросон занам,

Намакро ба чашми ҳасудон занам.

Ҳакими сухансанҷ, донои Тӯс

Хурӯшанда мавҷе ба дарёи Тӯс

Карон то карон ҷаҳон роми ту

Ба боми замон мерасад боми ту.

Чу шеърат ба рахши замон Рустам аст

Сари рӯзгорон ба поят хам аст.

Чу поя ту дорӣ ки бошад рикоб

Саманди хаёли туро офтоб.

Ту шоҳиву “Шоҳнома” авранги ту

Замину замон ҷумла дар чанги ту.

Ту аз чархи гардун аз он бартарӣ,

Суханро ба боғи хирад парварӣ.

Ки номат тулӯъи Хуросон бувад,

Тулӯъ аз Хуросон на осон бувад.

Намирӣ аз ин пас , ки ту зиндаӣ,

Ки тухми суханро парокандаӣ.

Намонда зи пойу намонда зи ҳуш

Рисолат чу кӯҳи гароне ба дӯш.

Зи дарёву кӯҳу биёбони ранҷ,

Дилу ҷон супурда ба тӯфони ранҷ.

Ба авранги ҳастӣ расидӣ фароз

Ҳама дилфурӯғу ҳама тангудоз.

Аё тоҷдори диёри сухан ,

Камар то бибастӣ ба кори сухан.

Бибурдӣ суханро ба авҷи барин,

Ки шеъри туро шуд замона замин.

Суханро ҳама рангу бӯ ранги ту,

Ҷаҳон то ҷаҳон зинда фарҳанги ту.

Каёнро шукӯҳи каёнӣ туӣ,

Карон то карон бекаронӣ туӣ.

Ту симурғи Қофи сухан омадӣ

Баҳори хирадро чаман омадӣ.

Ҷаҳонофарин то ҷаҳон офарид,

Сухангӯйи доно чу ту кас надид.

Чу донам ба фарҳангу ройъу хирад

Ки номат зи ҳафт осмон бигзарад.

Зи Шаҳнома кохи сухан шуд баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Чӣ кохе, ки ҳаргиз надорад назир,

Аз он боми гардун бувад соягир.

Чӣ кохе , ки ҳаргиз нагардад хароб

Зи борону аз тобиши офтоб.

Чӣ кохе, ки сангаш зи ёқути ҷон

Ҳавояш ҳавое зи лоҳути ҷон.

Чӣ кохе, к аз андеша дорад чароғ

Шугуфта канораш зи ойина боғ.

Чӣ кохе хирад шуд бар он посбон

Сари саҷда он ҷо ниҳода замон.

Чӣ кохе фарозаш ливойи сухан,

Ду боли сапеди ҳумойи сухан.

Ситора ба боғаш гули настаран

Нигар авҷи кохи сухан дар сухан.

Чӣ кохе, ки Ҷоми Ҷамъи рӯзгор

Ба ҳар зарра дорад ҳазорон ҳазор.

Чӣ кохе чӣ гӯям туро ман нишон

Ба васфаш наёрад забонам тавон.

Ҳар он кас ба кохе ту роҳе барад

Зи фарҳангу роъйу хирад бар хурад.

На Рустам бимонду на Исфандиёр

Магар кохи заррин туро поядор.

Сухангӯи донои тӯсинажод

Чу дарё забону чу дарё ниҳод.

Ба базми сухан то забон баргушод

Сухан бар забону лабаш бӯса дод.

Суханро ба ойини Ховар бигуфт

Ба гӯши сиёҳӣ зи озар бигуфт.

Сухан то зи ҷомаш лабон тар кунад,

Дариро ҳама лафз гавҳар кунад.

Зи имон чароғе ба каф пурфурӯғ

Диле пур зи кина ба кеши дурӯғ.

Суханро ба сӯйи Худо бурдааст

Чӣ поя , ту бингар, садо бурдааст.

Худоё, Хуросон сиёҳӣ гирифт

Зи ганди сиёҳӣ табоҳӣ гирифт.

Замона чӣ расме намуда падид,

Гарон қуфли мотам надорад калид.

Мабодо дигар , эй худованди пок

Сару ёли мардон биёяд ба хок.

Мабодо ки хуни Сиёвуши род

Бирезад Гарӯйи ситам бар мурод.

Мабодо замона бинӯшад шароб

Ба расму ба هойини Афросиёб.

Мабодо сиёҳӣ чу деви палид

Калиди саҳарро кунад нопадид.

Бародар ба чоҳи сиёҳи Шағод

Чу Рустам бияфтад мабодо мабод.

Мабодо ки оташ шугуфад зи об

Шавад мурғу моҳӣ ба тоба кабоб.

Ки меҳан ба хоку ба хун додаанд,

Хирадро ба чанги ҷунун додаанд.

Дили поки модар ба хун дартапид,

Ки дар бар палоси табоҳӣ кашид.

Диёри далерон ба хун андар аст,

Зи ҷанг андарунаш пур аз маҳшар аст.

Ситора фарозаш битобад кунун,

Чу заррина заврақ ба дарёи хун.

Ки нафрин ба ҷангу ба ойини ҷанг

На байдақ бимонад на фарзини ҷанг.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?