http://tajikam.com

Таҷзия беҳтарин гузина барои сулҳу субот PDF Чоп
Муаллиф: Фаришта Ҳазратӣ (Афғонистон)   
14.01.2012 03:13

 

 

Баргардон аз хати порсӣ ба сириллик: Довари Некзод

Аз баргардонанда: Пас аз ба нашр расидани матлаби Роберт Блеквейл--сафири пешини Иолоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳинд,ки аз он се сол мегузарад, мавзӯи таҷзияи Афғонистон дар матбуоти кишвар бозтоби густурдае пайдо кард ва дар ин робита қаламбадастони афғонистонӣ низ чандин матлаб ба чоп расониданд. Вале матлабе, ки дар Афғонистон аз ҳама бештар таваҷҷӯҳи хонандагонро ба худ ҷалб намуд, навиштаи яке аз рӯзноманигорони номвари кишвар бону Фаришта Ҳазратист, ки он ҳоло низ зеббахши сафҳаи торнамои «Khavaran.com”(Ховарон) аст ва қобили ёдоварист, ки ба ин матлаб то имрӯз 425 нафар назари хешро баён ва бештаринашон андешаи муаллифро ҷонибдорӣ кардаанд.

Баъд аз фурӯпошии низоми Толибон ва ҳузури густардаи ҷомиаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ва ҳимояти онҳо аз давлати навпои Афғонистон умедвориҳои физояндае шакл гирифт мабни бар ин ки Афғонистон рафта- рафта аз доираи мусибат ва бадбахтӣ берун гардида ва ба як кишвари амн ва босубот табдил мегардад. Аммо баъд аз гузашти 10 соли ҳузури сангини ҷомиаи байналмилалӣ дар Афғонистон на танҳо ки ин уммедвориҳо ҷомаи амал напӯшид, балки нишонаҳои равшан қобили мушоҳидаанд, ки Афғонистон як бори дигар барои солҳои тӯлонӣ бистари тазодҳои хунин ва мусибатҳои сангин хоҳад буд. Акнун аввалин саволе, ки матраҳ мегардад ин аст, ки авомили аслии бӯҳрони Афғонистон дар куҷост ва чаро ин кишвар то ҳанӯз натавонистааст ба унвони як кишвари ҳамбаста ва муттаҳид дар ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳони муосир арзи вуҷуд намояд?

Ба назари ин қалам, ҷавоби ин саволро бояд дар авроқи таърихи Афғонистон ва дар матни ҳаводиси таърихӣ дар ин сарзамин ҷустуҷӯ кард, ки дуруст аз замони таъсиси Афғонистон тавассути истеъмори англис то акнун ихтилофоти хонаводагӣ ва қабилавии ҳокимони паштун мусаббаби(сабабҳои) аслии фоҷиаи бешумор ва мусибатҳои сангин дар ин сарзамин будааст.

Таърихи ҳукуматҳои қабилавӣ дар ин кишвар нишон медиҳад, ки фарҳангу суннатҳои роиҷ дар ҷомиаи қавмӣ ва қабилавии паштун василати дасти ин ҳукком қарор гирифта ва аз он дар гоми нахуст барои таҳмиқи(аҳмақ кардани) ин мардум ва дар гоми баъдӣ барои саркӯби дигарон ва таҳкими пояҳои қудраташон истифода кардаанд. Ин раванд ба унвони як ҷараёни таърихӣ аз замони таъсиси Афғонистон оғоз гардидааст, ки то даврони муосир идома ёфтааст. Паёмади рафтори ғайриоқилонаи сиёсӣ қабл аз ҳама чиз эҷоди фазои сангини беэътимодӣ, таблиғ ва тарвиҷи асабиятҳои қавмӣ, забонӣ ва фарҳангӣ ва дар ниҳоят тарвиҷи кина миёни ақвоми сокин дар ин кишвар будааст, ки дар як тарафи он ақвоми паштун ба унвони қавми ҳоким ва дар як тарафи дигар ақвоми ғайрипаштун ба унвони қавми маҳкум қарор доштааст. Ба истиноди ривояти таърихӣ, корномаҳои ҳокимиятҳои қабилавӣ чизе бештар аз саркӯби ақвоми ғайрипаштун набудааст, ки бо тамоми тавон ва имконоти давлатӣ барои саркӯб ва ба ҳошия кашонидани онҳо ва ҳамингуна барои тахриби осори фарҳанг ва маданияти онҳо талош кардаанд. Агар ҳаводиси таърихӣ дар Афғонистон, саҳми нақши ҳокимиятҳои қавмии паштун ва ҳамчунон сатҳи фарҳанг ва рафтори ахлоқии ҷомиаи қабилавии паштун ба диққат мавриди мутолиа қарор гирад, ин андеша барҷаста мегардад, ки Афғонистон бо таркиби феълиаш гоҳе имкон ва қобилияти як кишвари якпорча ва босуботи сиёсиро надоштааст ва надорад. Ҳарчанд ки ин маъзал гоҳ- гоҳе ба сурати ғайрирасмӣ матраҳ гардидааст, аммо касе ҷуръат накардааст то ин мушкилро ба сурати расонаӣ матраҳ карда ва авомили носозгории таркиби ин кишварро ба унвони як кишвари воҳид баррасӣ намояд, шояд тарҳи ин мавзӯъ реша дар тарсу ваҳшате дошта бошад, ки то ҳанӯз аз он ба унвони хиёнати миллӣ ёд мегардад. Албатта, ин тарсро ҳокимиятҳои қабилавӣ ба вуҷуд овардааст, ки то касе ҷуръат натавонад дар баробари мазолими ҳокимиятҳои қабилавии паштун ва ё аз носозгории фарҳангу суннатҳои ақвоми паштун бо фарҳангу суннатҳои соири ақвоми сокин дар ин кишвар сухан бар лаб оварда ва ин маъзалро бо диди ақлонӣ баррасӣ намояд. Мутаассифона, нухбагон ва раҳбарони сиёсии мо одат кардаанд, ки вақте тири душман ба ҳадаф нишаст, фарёд бармеоваранд. Мо ба иборати дигар бояд чандин ҷенерол Довудро қурбонӣ бидиҳем, то воқеиятеро, ки даҳ сол қабл баён шуда буд, бовар кунем.Нигоранда мӯътақид аст, ки қабл аз ҳама чиз, номи Афғонистон мушкилсоз ва ҳассосиятбарангез аст ба далели ин ки таҳмили ном ва ҳуввияти қавмӣ ё як қавми хос бар тамоми ақвоми Афғонистон мебошад. Сониян ҳукуматҳои қабилавӣ ба шиддат талош кардааст, ки фарҳангу омӯзаҳои суннатии ақвоми паштунро бар тамоми мардуми Афғонистон таҳмил намоянд то аз ин тариқ битавонанд Афғонистонро бар масодиқи фарҳангу суннатҳои қабилавии паштун шомили ҷуғрофиёи сиёсии дунёи муосир бисозанд. Дар ҳоле ки Афғонистон ҷомиаи мутакассир, чандқавмӣ, чандзабонӣ ва чандфарҳангӣ мебошад, ки ҳеч қавме ба танҳоӣ дар аққалият қарор надорад. Ба иборати дигар, Афғонистон кишвари аққалиятҳо мебошад, ки ҳеч қавме ба танҳоӣ наметавонад иддаои аксарият намояд. Талошҳои нифоқбарангези ҳокимиятҳои қабилавӣ сабаби хақи бӯҳрони густурда ва амиқи беэътимодӣ миёни ақвоми паштун ва ғайри паштун гардидааст, ки дар ниҳоят Афғонистонро аз масири тавсиаи иҷтимоӣ ба унвони як кишвари воҳид маҳрум гардонида ва ба ҷойи он табъиз, беадолатӣ ва бартарихоҳиро густариш бахшидааст. Бар иловаи ин воқеият, бояд ба хотир дошт, ки паштунҳо муттаҳиди истротежики Покистон мебошанд ва ҳеч гоҳе дар баробари Покистон қарор намегиранд, ки ин амр худ яке аз далоили бесуботӣ дар Афғонистон мебошад. Ҳукумати федероли Покистон ҳукумати федероли босубот аст ва паштунҳои Покистон ҳозир нестанд , ки Покистон таҷзия шавад ва на иддаои истиқлолталабиро дар Покистон доранд ва на таклифи худро бо Афғонистон рӯшан месозанд ва мехоҳанд аз ҳар ду тараф истифода намоянд, ки ин вазъият ҳатто дар Судон наёмада буд.Бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеият ва хеле воқеиятҳои дигар,ки шарҳи онҳо дар ин мақола намегунҷад, Афғонистон бо таркиби феълиаш зарфияти як кишвари воҳид ва босуботро надорад ва иддаое, ки барои якпорча будани Афғонистон ва иттиҳоди ақвоми он сурат мегирад, як фиреби ширин беш нест. Сарфи назар аз тазоду ҳассосиятҳои таърихӣ, ҳассосияте, ки ҳамин акнун аз тарафи ҳокимони паштун дар баробари забони порсӣ, фарҳанги соири ақвом ва арзишҳои маданӣ сурат мегирад, нишонгари ин воқеият аст, ки решаҳои фоҷиа хеле амиқтар аз он аст, ки тасаввур мешавад. Воқеият ин аст, ки ҳокимони паштун ба зӯргӯӣ одат кардаанд ва ба ҳеч мантиқе ба ҷузъ зӯр эътино намекунанд ва ба ҷузъ худашон ҳеч каси дигарро низ қабул надоранд. Дар қазовати паштунҳо, ман ки тоҷиктабор ҳастам, самарқандӣ ва сақавзода(обкаш) гуфта мешавам ва агар бар фарз дар Нодалии Ҳилманд бошам, ба ҷурми форсӣ сӯҳбат кардан маҷозот мешавам. Пас бинобар ин, танҳо гузинаи мантиқӣ ва муассир, ки ҳам метавонад аққалиятҳои паштунро ба субот ва оромиш бирасонад ва ҳам соири ақвомро аз як дарди сари таърихӣ наҷот бахшад, тарҳи истротежики таҷзияи мусолиматомези Афғонистон ба ду кишвар дар ҳузури ҷомиаи байналмилалӣ мебошад, ки то ҳанӯз касе ҷуръат ва ҷасорати ибрози ин назарро накардааст.Дар ҳоле ки бисёре аз нухбагони сиёсӣ ва фикрӣ ба хубӣ воқифанд, ки таҷзияи Афғонистон мантиқитарин роҳи ҳал барои поён бахшидани бӯҳрони таърихӣ дар ин кишвар мебошад. Интизор меравад, ки нухбагони сиёсӣ ва фикрӣ, ҳазора , тоҷик ва ӯзбак бо дарки аҳамияти ин тарҳи истротежик навъияти таҷзия ва меконизми амалии онро ба сурати дақиқ таъриф намуда ва аз ҷониби дигар ҷомиаи байналмилалиро қонеъ намоянд, ки Афғонистон бо таркиби паштунҳо ба унвони як кишвари воҳид ҳамеша дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ бӯҳронофарин хоҳад буд. Тарҳи таҷзияи Афғонистон ба унвони як тарҳи истротежик агар мунҷар ба таҷзияи амалӣ нагардад, ҳадди ақал имкони ташкили низоми федеролро муяссар месозад. Таҷзия бояд ба шиор ва истротежи табдил шавад фаромӯш накунем, ки тарҳи таҷзия ба маънии душманӣ бо мардуми Афғонистон нест, балки мантиқитарин роҳи ҳал барои хатми бӯҳрон ва ҷанг дар Афғонистон аст. Ҳарчанд ки дар даҳаи навад (садаи гузашта) Афғонистон ба тикаҳои мухталиф тақсим шуд, аммо касе аз таҷзия сухан нагуфт, чун умедвориҳое вуҷуд дошт, ки ин кишвар метавонад аз бӯҳрон берун ояд.Аммо дар ҷараёни даҳ соли ахир, ки беш аз чиҳил кишвари ҷаҳон дар Афғонистон ҳузур дошт ва амалан барои таъмини субот талош карданд ва ба натиҷа нарасиданд, ин бовар комил мегардад, ки Афғонистон бо таркиби феълиаш наметавонад ба суботи сиёсӣ бирасад. Дар ин сурат танҳо роҳи ҳалли мантиқӣ тарҳи таҷзияи ин кишвар ба ду бахш мебошад.Шояд барои хелеҳо, ки аз дарки авомили аслии бӯҳрони Афғонистон оҷизанд, тарҳи таҷзияи Афғонистон хиёнат талаққӣ гардад ва дифоъ аз тамомияти арзӣ ва ваҷаб ба ваҷаб хоки Афғонистон фарзи мусаллам пиндошта шавад. Аммо воқеият ин аст, мо то ҳамин акнун аз тамомияти арзии ин сарзамин бо қатра- қатра хуни худ дифоъ кардаем, аммо натиҷаи ин ҷонфишонӣ ва хунфишонӣ ин шудааст, ки бо поҳои худ ба истиқболи ғуломӣ ва асорат биравем. Пас вақте ки ҷонфишонӣ барои Афғонистон ба асорат ва ғуломии мо мунҷар гардад, таҷзияи мусолиматомези ин кишвар дар воқеъ таъмини иззат ва шарофати мардуми ин сарзамин мебошад. Як бори дигар ба раҳбарони ақвоми ғайрипаштун гӯшзад мекунам, ки ҳаводиси сақав ва ғайрисақав дар ин сарзамин такрор шуда мераваду наслҳои баъдӣ мову шуморо намебахшанд. Ҳамон гуна ки ишора шуд, таҷзия бояд ба сурати мусолиматомез ва дар ҳузури ҷомиаи байналмилалӣ дар Афғонистон сурат бигирад. Меконизме бояд тарҳ гардад, ки аққалиятҳои паштузабон дар Шимол осеб набинанд ва ҳамин гуна аққалиятҳои форсизабон дар манотиқи ҷануб мавриди ҳуҷум ва юриш қарор нагиранд, балки ба унвони як шаҳрванд битвонанд маҳалли зиндагиашонро интихоб намоянд. Тарҳи таҷзияи Афғонистон ба унвони як ҳаракати таърихӣ сабаб мегардад, ки пас аз он ҳеч вақте як форсизабон барои истеъмоли калимаи донишгоҳ , донишҷӯ ва донишкада маҷозот нагардад ва ҳеч паштузабоне барои калимаи пҳантун ва пуқҳанзай бедорхобӣ накашад. Аз тарафи дигар, таҷзияи Афғонистон фурсатеро барои паштунҳо фароҳам мекунад, ки низоми сиёсии мавриди алоқаи худро чӣ низоми толибонӣ ё секулор ташкил дода ва барои дигарон дарди сар эҷод накунанд. Дар сӯйи дигари қазия ин амр сабаб мегардад ақвоми ғайрипаштун фориғ аз тарс ва ваҳшати таърихӣ ба ташкили низоми дилхоҳи худ ҳиммат гуморида ва ба умуроти худ бипардозанд. Ҳарчанд ки тарҳи ин мавзуъ барои хелеҳо аҷиб ва ҳам хиёнати миллӣ таъриф гардад, аммо воқеият ин аст, ки дар бадтарин ҳолат вақте ки ду бародар дар як хонавода натавонанд дар канори ҳамдигар зиндагии мусолиматомез дошта бошанд, бидуни ҷангу хунрезӣ ба тасфияи ҳисоб мепардозанд ва ҳар кадом бар тибқи майли худ ба зиндагӣ мепардозанд. Ҳоло ин мавзӯъро дар сатҳи як кишвар дар назар мегирем, вақте ки паштунҳо ва ақвоми ғайрипаштун натавонанд дар як хонаи муштарак ба зиндагии мусолимат бипардозанд, мантиқитарин роҳи ҳал ин аст, ки ҳисоби хонаи муштарак тасфия гардида, то ҳар кадом бар тибқи зарфият ва андешаи худ барои худ хона бисозанд.

Мутаассифона, як мушкили умда ва заъфи барҷастаи нухбагони сиёсӣ ва фикрии ақвоми ғайрипаштун ин аст, ки вақте ба як тараф сураташ майле мехурад, бо хунсардӣ тарафи дигари сураташро пеш мекашад то ин бор силии маҳкамтаре бар он навохта шавад. Варақ- варақ таърихи Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳадди ақал дар як сад соли ахир сурати ин ақвом пайваста силӣ хӯрдааст, аммо бо камоли майл тарафи дигари сураташро пеш кашидааст то силии дигареро таҷриба кунад. Аммо акнун ки назар ба далоили кофӣ собит мегардад, ки Афғонистон бо таркиби паштунҳо имкон ва истеъдоди як кишвари босуботро надорад, вақти он фаро расидааст, ки дар ҳузури ҷомиаи байналмилалӣ дар Афғонистон тарҳи таҷзияи ин кишвар ба ду кишвар таъриф ва тадвин гардида, то бӯҳроне ба номи бӯҳрони Афғонистон барои ҳамеша поён ёфта ва мардуми Афғонистон низ аз ин мусибати сангин ,ки солҳост ҷанозаи азизонашонро ба дӯш мекашанд, наҷот ёфта ва эҳсоси амният ва оромиш намоянд.

Таҷзияи Афғонистон дар гоми нахуст ба нафъи паштунҳо мебошад, ки бо фарҳангу суннатҳои воҳид дар як ҷуғрофиёи воҳиди сиёсӣ қарор мегиранд ва ва дар ниҳоят шояд орзуи Паштунистони Бузург ҷомаи амал бипӯшад. Аммо аз он ҷойе, ки нухбагони фикрӣ ва сиёсии паштун қудрати ақлонияташон таҳти таъсири эҳсосоти қавмиашон қарор дорад, ҳеч гоҳе натавонистаанд ташхиси дуруст аз манофеи паштунҳо дошта бошанд, ки бо ҳамин далел ҷомиаи қабилавии паштун дар тӯли таърих қурбонии ҷаҳолат ва таваҳҳуши (ваҳшонияти) худ будаанд. Аммо акнун ки ин бӯҳрони таърихӣ Афғонистонро ба бунбаст кашонидааст, ҳамон гуна ки пардохта шуд, беҳтарин ва мантиқитарин гузина таҷзии мусолиматомези ин кишвар мебошад, ки ба ҷузъ ин гузина ҳеч гузинаи дигаре наметавонад барои бӯҳрони таърихии ин кишвар нуқтаи поён бигзорад. Ин амр ҳарчанд ки мушкил ба назар мерасад, аммо ба соддагӣ имконпазир аст ва шуҷоат лозим дорад,ки ин тарҳро аз орзуҳои пинҳон дар майдони амал кашида ва барои амалӣ кардани он иқдомоти амалӣ сурат бигирад. Аммо ин ки то ҳанӯз ҷуръати баён ва ибрози ин назарро надоштааст, ҳамон тарсе аст, ки дар тӯли таърих аз баёни воқеиятҳо дар ин кишвар вуҷуд дошта аст. Таҳаввулоти сиёсӣ дар дунёи муосир нишон медиҳад, ки ҳар гоҳ кишварҳое бо ин мушкил мувоҷеҳ гардидаанд, таҷзия танҳо гузинаи мумкин будааст, ки мунҷар ба таъмини амният ва эҷоди субот дар он кишварҳо гардидааст. Дар таърихи муосир аз Чехословакия, Югославияи қадим ва ҳамин гуна аз Судон метавон ном бурд, ки ба далели бӯҳрони дохилӣ истеъдод ва зарфияти лозим барои як кишвари воҳид ва босуботро надоштанд ва саранҷом таҷзияро ба унвони беҳтарин гузина интихоб карданд ва ба амнияту субот даст ёфтанд. Ба бовари ин қалам, гузинаи таҷзия танҳо гузинаи мумкин аст, ки метавонад суботу амниятро барои мардуми Афғонистон ба армуғон оварда ва ба мусибатҳои таърихии ин мардум нуқтаи поён бигзорад.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?