http://tajikam.com

Агар мо ҳама медонистем... PDF Чоп
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ   
13.01.2012 13:02

 

 

Чанд гоҳест, ки дар торнамову баъзе нашрияҳои Тоҷикистон навиштаи устод Бозор Собир дар бораи донишманди бузурги миллат академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мавриди баҳсу гуфтугӯйҳо қарор дорад. Мо ба ҷузъ як ҷаҳон таассуф хӯрдан аз рӯйи чоп омадани ин навиштаи устод Бозор Собир, ки дусад дарсад муқобили шеъри миллии “ Забони модарӣ” ва шеъри ба устод Шакурӣ бахшидаи эшон аст, чизи дигаре намегӯем.Фақат як нуктаро таъкид мекунем, ки чунин навиштаҳои шоири миллат фақат ва фақат ба суди душманон аст, зеро чунин навиштаҳо муқобили фарзанди барӯманди миллат аз забони шоири миллат миллати бе ин ҳам парокандаи моро боз ҳам парокандаю аз ҳам гусаста месозад...Аз сӯи дигар ба устод Бозор бояд шахсе посух бидиҳад, ки дар пояи ӯ(ҳарчанд ки ҳама ҳаққи баёни андеша доранд) ва ё болотар аз ӯ бошад ва аз нигоҳи дигар аз устод Шакурӣ ва ҳама осори гаронбаҳои миллии эшон ба пуррагӣ огоҳ бошад. Ва чунин посухро бояд зиндаёд устод Лоиқ медод, ки хушбахтона, эшон соли 1996 бо навиштани пешгуфторе ба китоби пурарзиши устод Шакурӣ ”Хуросон аст ин ҷо” ин хидмати бузурги хешро анҷом додааст. Ин навиштаи устод Лоиқ на танҳо як арҷи бепоён ба корномаи устод Шакурӣ аст, балки як меҳрномаест ба забон,хат ва фарҳанги форсиамон, ба таърихи чандҳазорсолаамон, ба талошу муборизаи мардуми ҷабру ҷафокашидаамон дар роҳи дуру дароз ва пурфоҷиаи миллат баҳри озодӣ ва худшиносӣ ва ғиреву фарёди шоири миллат аз худфурӯшӣ ва бегонапарасту аз решаҳои хеш дур шуданҳои мо ва таъкиди ӯ ба асари асли хешро бохтанамон ба миллат не, балки ба зиллат ва ба вартаву партгоҳ наздик расидани мост...Ин фарёд ва даъвати шоир аст, ки мо чӣ хурду чӣ бузург бо ҳам бошем, дасти ҳамдигарро бигирем, дар ҳар куҷое бошем, чун тоҷик ва форсизабонеро бубинем, чӣ хуросонӣ бошаду чӣ варорӯдӣ ва чӣ эронӣ оғӯши гарми хешро ба ӯ боз кунем, ба гузаштаи пурифтихор ва фарҳанги миллиамон, ки бо гаҳвораҳои тамаддунамон Самарқанду Бухоро, Балху Ҳирот, Кобулу Шероз, Исфаҳону Хуҷанд пайванди ногусастанӣ ва реша аз оини зардуштӣ дорад ва шиораш ҳам “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” аст, арҷ гузорем ва гоме дур аз он наниҳем ва ҳама дар андешаи ояндаи нек ва дурахшон бо Хуросони бузург ё Эрони бузург бошем, то ин якпорчагӣ моро дар гетӣ нерумандтарин мардум гардонад.Ба фармудаи устод Лоиқ “эй кош, мо ҳама инро, чӣ хурду чӣ бузург, медонистем...”


Лоиқ Шералӣ

Агар мо ҳама медонистем...

ё вуруде ба боргоҳи китоби “Хуросон аст ин ҷо”


Агар мо ҳама медонистем, ки дар Қуръони маҷид дар сураи Муҳаммад омадааст, ки “ ...агар шумо рӯй ( аз дини ҳақ ) бигардонед, Худо қавме ғайри шумо, ки монанди шумо бахил нестанд, ба ҷойи шумо падид орад.(Аз расули акрам суол карданд: Мурод аз он қавм кистанд? Ҳазрат даст ба шонаи Салмони форсӣ зад ва фармуд: Қавми он мард, ки агар илм дар Сурайё бошад, риҷоли форс бар он даст ёбанд”);

агар мо ҳама аз истинод ба “Бурҳони қотеъ” медонистем, ки ин гуфта “Забони аҳли биҳишт забони арабӣ ва форсии дарист” ҳадиси расули акрам будааст, ҳарчанд пиромуни мансубияти он ба Муҳаммад (с) донишмандон гоҳо шак доранд, аммо аз ин байти Абулқосими Унсурии Балхӣ, ки мефармояд:

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,

Нагӯяд парӣ ҷузъ ба лафзи дарӣ,

метавон ҳадс зад, ки Унсурӣ бо такя ба ин ҳадиси набавӣ байти бузурги ифтихорангези худро гуфтааст;

агар мо ҳама медонистем, ки дар айни иқтидори давлати Сомониён абармарди шеъри форсӣ Абулқосими Фирдавсӣ дар сиюпанҷсолагӣ ба Бухоро, ба қуббатулисломи билоди Шарқ меояд, то шукӯҳу азамат ва вусъати давлатдории Сомониёнро, ки дар тӯли 110 соли қамарӣ дар паҳнаи саҳнаи таърих қад алам карданд, аз худ чӣ ибтикор ва шуҷоат, майдонгирӣ ва қаҳрамониҳое рӯйи коғаз оварданд, забони дариро бар форози тахти оҷи офаринишҳои ҷовидонӣ нишонданд, Устод Рӯдакиро барҳақ Одамушшуарои назми форсӣ хонданд ва ёдгору ёдмони худро дар пешинии пурифтихори Эрон сабт карданд, бубинад ва дар “Шоҳнома” ба бонги баланд бигӯяд: Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!;

агар мо ҳама медонистем, ки амир Исмоили Сомонӣ ба забони форсӣ зиёда аҳамият медода ва таваҷҷӯҳи бисёр дошта ва фармонҳои худро ба забони форсӣ содир менамудааст;

агар мо ҳама медонистем, ки оташхонаи Мохи Бухоро бо истилои муслимин ба масҷиди ҷомеи Мох мубаддал гашт ва бо фармони Қутайба бинни Муслим мардум ба масҷиди ҷомеъ меомаданд ва ин сардори исломӣ барои ҷазби мардум ба намоз ду дирам медод, аммо ҷолибтар ин ки мардуми Бухоро ибтидо дар намоз Қуръонро ба форсӣ мехонданд ва арабиро наметавонистанд биёмӯзанд;

агар мо ҳама медонистем, ки “агар Сомониён ба ҷаҳонбонӣ намерасиданд, Эрон ва эронӣ чунон ба тамаддун ва забони тозӣ мустаҳлиқ мешуд, ки имрӯз чун Миср ва шимоли Африқо ва Сурия ва Ироқ, ҷузъи қаламрави забон ва тамаддуни араб ба шумор мерафт;

агар мо ҳама медонистем, ки Ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар достони “Лайлию Маҷнун”:

Туркӣ сифатӣ вафои мо нест,

Туркона сухан сазои мо нест,

Он, к- аз насаби баланд зояд,

Ӯро сухани баланд бояд!

мегӯяд ва манзури ӯ аз насаби баланд насаби эронӣ ва сухани баланд сухани ноби форсии дарӣ будааст;

агар мо ҳама медонистем, ки чун яке аз донишмандони муосираш ба Алломаи Иқбол мегӯяд: ашъори Шумо барои мо зиндагибахш ва озодибахш аст, Шумо роҳнамои мо ҳастед, мо форсӣ намедонем, Шумо ба урду шеър бигӯед, Иқбол ба забони инглисӣ чунин посух медиҳад: “ Ин ашъор ба ман ба забони форсӣ илҳом мешавад, забони рӯҳияи ман форсӣ аст”;

агар мо ҳама медонистем, ки Маликушшуаро Баҳор мегӯяд: “ Чун баъд аз ислом мардуми Бухоро ва Самарқанд китобҳои назм ва насрро ба забони дарӣ навиштаанд ва шуарои Хуросон ҳам бад он забон шеър гуфтаанд ва ин забон ба тадриҷ ба соири Эрон сироят кардааст, метавонем, муқин шавем, ки забони дарӣ ҳамон забони мардуми Балху Бухорост ва дар воқеъ забони суғдӣ ва аҳолии Балху Бухоро ва Хуросон ва забони Монӣ ҳама якест ва асли он забони дарист”;

агар мо медонистем, ки яке аз донишмандони бузурги Эрон зиндаёд Саиди Нафисӣ мегӯяд: “ Дар шимолу шарқи Эрони имрӯз сарзамини бисёр ҳосилхезе воқеъ аст, ки мо дилбастагии махсус ба он дорем.Бисёрии уламои бузург ақида доранд, ки нажоди ориёӣ дар он сарзамин , дар доманаи кӯҳҳои Ҳиндукуш дар канори рӯдҳои Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидаанд.Китоби осмонии Эрони қадим, яъне Авасто кишвареро нишон медиҳад, ки обу ҳавои он хулди замин буд ва аҷдоди мо нахуст дар он ҷо парвариш ёфтанд ва ба қаринае метавон ёфт, ки мурод ҳамон арзи мавъуди эрониён ва ҳамин хиттаи дилкаши савоҳили Ҷайҳун ва Сайҳун аст.Уламои таърих ақида доранд, ки мо эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрӯз ба манзалаи хонаи дуввуми мост”;

Оҳ, оҳ, агар мо ҳама ин нуктаҳои барҷастаро , балки бештар аз инро медонистем ва медонистем, ки сарчашмадори забони форсии дарӣ -- забони аҳли биҳишт, забони париён, забони зиндасоз ва зинданигоҳдори Аҷам, забони пирӯз бар ғосибони араб, забони наҷибзодагоне мисли Низомӣ, забони рӯҳияи Аллома Иқбол мо, ба истилоҳ эрониёни шарқӣ будаем, яъне Бухорову Самарқанду Балху Хуросон маҳди зоишу болишу густаришии ин забон будаанд, имрӯз онро ба чунин хорӣ, забунӣ, паршикастагӣ, бемоягӣ ва бебизоатӣ намекашондем ё дастикам то метавонистем, соҳибони ғамхору дилсӯзе аз Маскав ё дигар ҷойҳо ё аз миёни каламшикастагону забонгумкардагони худбехабару худобехабари манфиатҷӯйи паллабини бумӣ пайдо кунад ва онро ба се шоха-- форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ аз ҳам ҷудо кунанд, ба он боз шоху шохчаҳое бибанданд ва ҳар кадомро ҷудо биёмӯзанд ва гоҳ- гоҳ миёни онҳо монандиҳое кашф кунанд...албатта, ин ҳар ранг карданҳои аҷониб маълум аст, ғараз аз се шоха сохтани як дарёи зулоли забони форсӣ се пора кардани Хуросони бузург будааст.

Душманон хок бар ин кор ҳамеандозанд,

Варна ман поктарам, поктар аз оби зулол.

Оҳ, оҳ, агар мо ҳама медонистем, ки хоки аҷдоди мо -- варорӯдиён ва эрониёни имрӯз аз як салсол аст, ба ҳарфи онҳое, ки Эрону Афғонистону Тоҷикистонро гоҳо мамолики ҳамҷавор мегӯянд, бовар намекардем ва мегуфтем, ки эй кӯрони таърих, на! Моро ҳамҷавор гуфтан кам аст, мо ҳамтаборем, ҳамканорем, дар замин ҳамгоҳвораем, дар осмон ҳамситораем! Мо ҳамон Авасто, ҳамон Зардушт,ҳамон Эронвич, ҳамон давлати Қуръон, ки Ҳофиз ҳар чи кард, аз он кард, ҳамон фарҳанги исломӣ, ҳамон “Маснавӣ”- и Мавлавӣ, ки Қуръони паҳлавист, ҳамон Хуросони бузург ё Эрони бузург, ки бузургиямонро “бузургони” дигар чашми дидан надоштанд ва моро “хурд” карданд. Боре ба кӯрону карони таърих бояд бо садои баланд гуфт, ки “об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност”!

Оҳ, оҳ, агар мо ин ҳамаро медонистем, ба қадри ҷонсӯзиву ҷонканиҳои Аҳмади Дониш мерасидем, ба қадри қаҳрамониҳои Аллома Садриддин Айнӣ мерасидем, ки тоҷиконро “як қавми бузург” мехонад ва бузургии ононро бо пажӯҳишҳои илмӣ ва бадеътарин осори манзуму мансури худ собит мекунад ва мо баъди ӯ то имрӯз ба бузургии ин халқ бузургии тозае наафзудаем, устод Муҳаммадҷони Шакурӣ мардонавор ва фарзонавор ҳиммат гумошта, ба иншои китоби ҳозир, ки дар даст доред, намепардохт, аммо чун миллати мо дар тӯли зиёда аз се ҳазор сол аз асотири Эрони бостон, Авасто, Қуръон, ҳама насиҳатномаҳо, ҷангномаҳо, осори манзуму мансур ва кутуби илмиву таърихӣ сабақҳои кофию шофӣ кам гирифт ё фаромӯш кард ё корбаст накард ва пештозияш гоҳо ақибтозӣ буд, устод Шакурӣ дар ин халоъ зарурати иншои чунин китоберо эҳсос кард.

Устод Шакурӣ, ки марди поксиришт ва накӯсияр, яке аз ҷонфидоёни арсаи тамаддуну фарҳанги тоҷик,ки бо чашми худ сӯхтанҳои китобҳо, ба фалак дуд кашидани сӯхтори китобҳо( яъне дуди оҳи миллати тоҷик!), ба тороҷ рафтани китобхонаҳои Бухоро, минҷумла китобхонаи қиблагоҳаш Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро, ки Аллома Садриддин Айнӣ дар он ҷо “гарди меҳмонхона” хӯрдааст, дар тӯли ҳафтод соли умр ва панҷоҳ соли қаламкашиву аламкашиаш аз болову поён ҳарфи таҳсинбарангезе кам шунидааст, басо бӯқаламунсифатии одамон ва замонро дидааст, ӯзбак шудани тоҷикони Бухороро бо чашми сар дидааст, хор шудани ҳар ҳиҷо, ҳар калима, ҳар вожаи забони тоҷикиро эҳсос карда ва дар китоби “ Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” ба қадри донишу ҳиммат барои софкории забон ва саранависӣ қалам судааст; марде, ки ман пай мебарам, дандон рӯйи ҷигар гузошта, дуди чароғ хӯрда¸ ҳангоми иншои китоби ҳозир сари ҳар ҷумла, ҳар таъбир, ҳар фиқра, ҳар нукта дар худ сӯхтааст ва боз паи идомаи ҷумлаи дигар, ангораву андешаи дигар мисли мурғи самандар аз хокистар эҳё шуда ба фазои матлабу мақсади баландтаре боли парвоз кушудааст; марде, ки аз рӯз бурида ба шаб дӯхтааст ва шабҳои худро аз домани андешаҳои миллатпарварона ва фарҳангдӯстонаи худ тӯлонитар ва паҳнотар кардааст; марде, ки гуфтӣ аз домони модар барои сӯхтан, танҳо сӯхтан баҳри халқ, Ватан, сухан, маънавият, ҳуввият, рӯҳоният, яъне тамомият ва яклахтиву якпорчагии миллати худбохтаву худнашнохтаи худ зода шудааст; марде, ки имрӯз дар муҳити беҳангию берангии фарҳанги мо мисли сахрае побарҷо истодааст; марде, ки дар кӯчаҳои чиркину бефайзи Душанбеи имрӯз пиёда, сари хам, аммо бо кифи пурбор, андешаву виқори баланд ба кор мераваду ба хона меояд ва дар дил мегӯяд, “ман ҳам Худое дорам!”; марде, ки мебинад дар кӯчаҳо гадоёни нон даст ба сӯяш дароз мекунанд, аммо муфлисони маънавӣ аз ӯ чизе дархост надоранд ва ҳатто намедонанд, ки мискинони маънавиянд; марде, ки боз ҳам бо камоли миллатбоварӣ ба мардонагӣ,шоистагӣ,худшиносӣ, худогоҳӣ ва сар ба осмон афрохтанҳои миллати худ эътимод дорад, боз ҳам ба фардои иттисоли милатҳои ҳамреша ва забони сепораи худ имон дорад, пас аз панду андарзҳои ҷаҳоншумули Рӯдакиву Фирдавсиву Мавлавиву Саъдиву Ҳофизу Аҳмади Дониш ва...боз ҳам ба халқи худ, ба мову шумо андарз медиҳад, ки соҳиби худ бошем ва гӯӣ ин байти соддаи дили маро мегӯяд:

То наӣ соҳиби забони хеш

Нашавӣ соҳиби ҷаҳони хеш!

Марде, ки ҳамеша офтобро далели офтоб медонад ва такрор ба такрор моро ба сарманзили нурогини бозгашти ба хеш мехонад, оби рафтаро мехоҳад ба ҷӯй боз орад ва мехоҳад мукарраран таъкид кунад, ки агар аз асп афтодаем, аз асл наяфтем...

Устод Шакурӣ дар муҳити фарҳангхези Бухорои шариф,(Мавлавӣ чунин таърифаш кардааст: “ Ин Бухоро манбаи дониш бувад”) дар хонадони марди шоир, тазкиранавис, китобдор, хушнавис, маъракаоро, маърифатдӯст Шарифҷон Махдуми Садри Зиё чашм ба дунё кушудааст. Метавон гуфт, ки ӯ бо китоб тавъам зода шудааст. Зеро падараш китобхонаи бузурге дошт, ки аз қиблагоҳаш Қозӣ Абдушакури Оят мерос монда буд, Садри Зиё ба тадриҷ ба китобҳои ин китобхона китобҳои тозае меафзуд: китобҳои нодир, нусхаҳои мунҳасир ба фард, китобҳои наздик ба замони мусаннифон, дастнависҳои ба хати худи муаллифон нигошта, масалан, “Маҷмӯаи муросилот” - и Ҷомӣ бо Навоӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки бо хати Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ иншо шудааст. Ё нусхаи “Хамса”- и Хусрави Деҳлавӣ, ки вақте падараш дар Чорҷӯй қозӣ будааст, зане китоб ба фурӯш меорад, қозӣ он китобро мехарад, он зан аз қозӣ суол мекунад, ки боз китоб биёрам, мехаред? Қозӣ бале мегӯяд. Зан ду тифли сари дасташро назди қозӣ мегузорад ва барои китоб меравад, аммо барнамегардад...Ин саҳна достони сахт пурдардест, ки шояд ягон вақт устод Шакурӣ даст ёбад ва онро ба пуррагӣ бинависад.

Чун Қозӣ Садри Зиё ба “Хамса”- и Хусрави Деҳлавӣ мурур мекунад,мебинад, ки ду достони он бо хати Ҳофизи лисонулғайб нусхабардорӣ шудааст.Чӣ бозёфти бузург ва нодире!

Боре имрӯз он китобҳо куҷоянд? Чи ҳолу рӯзе доранд? Устод Шакурӣ нақл мекунад, ки дар китобхонаи қиблагоҳаш бештар аз сесад муҷаллад китоб буд, ки дар ҳар муҷаллад чандин рисолаву тазкираву баёзу чунгҳои кӯчак ту ба ту ҷузвбандӣ ва муқовабандӣ шуда буданд.Соли 1932 омаданду...китобҳову яхдонҳои китобҳоро аз мадону қафасаҳо ба аробаву фойтунҳо бор карданд, аз болои аробаву фойтунҳо китобҳо поин мерехтанд, ҳар кӣ дасташ мерасид, мерабуд. Устод Шакурӣ, он вақт кӯдаки шашсола, ин саҳнаи ба тороҷ рафтани сарвати маънавии падарашро, балки ноёбтарин ганҷинаи маънавию рӯҳонии миллаташро мебинад ва ҳайрону зор мемонад.Имрӯз он китобҳое, ки то Тошканд ҷон ба саломат бурдаанд, дар китобхонаи пажуҳишгоҳи ховаршиносии ба номи Берунӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва (чашми бад дур!) ҳар кадом мӯҳри шахсии Садри Зиёро доранд...

Дар авони шашсолагии Муҳаммадҷон падарашро бо азобу маҳаққатҳои гӯшнашунидаву чашмнадида мекушанд, модаашро ҳам ба зиндон меафкананд, баъди як сол мемирад.Барои ӯ холуяш( тағояш) Ҳабибуллоҳ махдуми Авҳадиро( набераи Аблфазли Сирати Балхӣ, ки аз наздикони Аҳмади Дониш буд) васӣ таъин мекунанд. Авҳадиро соли 1937 ба ҳабс мегиранд.Муҳаммадҷон бо аммааш, ки бонуи босаводу китобхон буд, ба Душанбе меояд ва таҳсилоти ибтидоиро давом медиҳад.Солҳои 1941--1945 донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм мекунад, баъд ба аспирантура дохил мешавад ва бо илқои адабиётшиноси маъруф Холиқ Мирзозодаи Самарқандӣ(ки ба ин ҳақир ҳам ҳаққи устодӣ дорад, равонаш шод бод!) сари мавзӯи осор ва афкори Аҷзии Самарқандӣ рисолаи номзадӣ менависад, аммо бо ҷурми он ки Аҷзӣ нависандаи буржуозӣ будааст, рисолааш то остони дифоъ намерасад.Сипас устод Шакурӣ даст ба домони осори устод Айнӣ мезанад ва рисолаи дуввуми номзадиашро дар мавзӯи “Ёддоштҳо” и Айнӣ дифоъ мекунад.

Бад - ин минвол аз хилоли сиёсатҳову риёзатҳо, азиятҳову маҳрумиятҳо, бекасиву беҳамнафасиҳо басо силии рӯзгор хӯрда, боз ҳам сабри Айюб дошта, дил ба китоб баста, ҷавҳари ҳастии худро аз китоб ёфта, рӯзу шаб ҷойнамозаш сафҳаи кушодаи китоб ва меҳробаш фарҳанги ҷаҳонгири Эронзамин будааст.

Боре академик Шакурӣ бо он ҳама ҷонкоҳию худхӯрӣ бо дареғу афсӯс мебинад, ки мо имрӯз дар як харобазор, балки дар як пучистони фарҳангӣ, маънавӣ, забонӣ ва рӯҳонӣ қарор дорем. Ба қавли Хоқонии Шервонӣ, ки аҳди худро қаҳтсоли сухан хондааст, муҳити имрӯзи мо низ қаҳтсоли сухан, хушксоли ҳунар, тангсоли маънавият ва тангрӯзи рӯҳониятро аз сар мегузаронад. Китоби тозаи устод Шакурӣ пай дар пай огоҳ мекунад, ки партгоҳ наздик аст...

Ба пеши мо намебинӣ, чӣ афсун аст таҳқиқат?

Забони худ намедонӣ чӣ найранг аст ирфонат?

Ин китоб, ки танҳо китоби ин лаҳза ё имрӯз нест, балки китоби имрӯзу фардою фардоҳои дигар аст, ихтор медиҳад, ки забони форсии дариро, ки бунёдитарин, боризтарин ва нофизтарин омили пойдорӣ, номдорӣ ва давомдории миллат аст, гиромӣ дорем; ҳушдор медиҳад, ки инсон мавҷуди маънавист, ҳастии инсон ҳастии маънавист, аз ин рӯ бидуни гиромидошти забон, бузургдошти фарҳанг ва маънавият ва рӯҳоният, бидуни андарёфти фарохназаронаи омӯзандаи таърих (на мадорики хушки он), бидуни донистани фалсафаи ҳамин лаҳза, ҳамин рӯз, ҳамин айём, ҳамин равандҳо ва ҷараёнҳо, ки дар онҳо ба сар мебарем, бидуни таҳлили мантиқи ҳаводис ва гардишҳову шебу фарозҳои маҷрои зиндаи таърих мо инсони комил нестем, ё дақиқтар бигӯям, миллати комилъиёр нестем.

Мехоҳам ба гуфтаҳои устод Шакурӣ ин нуктаро биафзоям, ки мо дар радифи маънавият ва рӯҳоният ашрофият ва оини ҷавонмардиро ҳам бохтаем. Чун хостгоҳи ашрофият низ муҳити шаҳрҳои бузург аст( на деҳу чодарҳо!) ва аз рӯдбори беғубори маънавият ва рӯҳоният об мехурад, бо кушта шудани сулолаи наҷибзодагону ашрофнажодону асилтухмагон, рӯҳониёни ориф, донишмандони мутадайин, асҳоби адлу инсофу мурувват, ба зиндонҳо афкандани фарҳангмандон, ҷалои ватан кардани дудмонҳои дилогоҳу меҳанпараст, бо фирори будамандон ва сарватмандони сарпарасти илму адабу фарҳанг аз шаҳрҳои фарҳангофарини мо ашрофият ҳам кӯч баст ё мурд ва пойлучони “инқилобӣ” ҷоҳнишини ашрофзодагон шуданд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, балки дар маҳдудаи Тоҷикистон аз ашрофият ва ҷавонмардӣ ному нишоне нест, вагарна наҷибзодагоне амсоли Юсуфхони Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломуф, Муҳиддини Олимпур(пасон ин феҳрист бо номҳои академик Муҳаммад Осимӣ, журналисти номвар Отахон Латифӣ...идома кард--Тоҷикам) бо ваҳшати ҳайвонӣ кушта намешуданд. Ашрофият ва ҷавонмардӣ нест, ки кӯрдилӣ, кӯрбоварӣ, кӯримонӣ, кӯрботинӣ ва ғайра рӯйи кор омад, ки бародар хуни бародарро рехт.

Душмани хонагӣ аз хасми бурунӣ батар аст,

Бештар шикваи Юсуф зи бародар бошад.

Банда бештар вақтҳо бо дарду ранҷ бар ин ҳама аз ҳақиқат чашм пӯшиданҳои ноҷавонмардонаи таърих меадешам, бар ин ҳама ҷавре, ки бар мо рафтааст, меандешам, аз он ки мо чаро баъд аз Сомониён соҳиби худ набудаем, сад чашми ҷаҳонбин надоштаем, аммо ду чашми даҳонбин доштаем, яъне ҳамеша гӯшу чашм ба ҳарфи дигарон будаем, мӯҳри ғуломӣ дар ҷабин, мӯҳри хамӯшӣ дар даҳан аспро гум карда, аз пайи наъл гаштаем, аз худу фарҳанги худ огоҳ набуда ва ифтихор надошта ва аз имтизоҷи омӯхтаҳову андӯхтаҳову овардаҳову наовардаҳои таърих сабақ наомӯхтаем. Дар тӯли таърих Хизр ҷуста басо ба хирс бархӯрдаем. Имрӯз намедонем, ки гӯри Сӯзанӣ, Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин ва...дар куҷост? Ҳамчунон ки намедонем чӣ қадар вожаю луғат дар забони мо мурдааст ва чаро?Аз забони худ ҳифозат ва ҳиросат накардаем. Имрӯз мебинам, ки баъди ба мақоми давлатӣ расидани забони тоҷикӣ дар қомати он як пироҳани наве надӯхтаанд.Аз мақомоти боло то як хошарӯб касе аз пеши худ дар ин росто коре намекунад, ки бар суди забони забони модарӣ ва давлатӣ бошад. Қариб ҳама бо шеваи деҳаяку шаҳраки худ ё бо шеваи туркиолуду русиолуд гап мезананд. Родиову телевизион ва расонаҳои умум бо як забони кӯчабозории шевагию китобии махлуту ғализ ва дурушт сӯҳбат мекунанду менависанд.Калимаҳои аҷибе мисли “хӯрока”, “пӯшока”-ро сохтаанду мегӯянд. Дур нест, ки “нӯшокӣ”- ро низ “нӯшока” гӯянду нависанд. Ин ҳама бефарҳангӣ ва надонамкорӣ ва сардаргумиҳо то ба ҷойе расидааст, ки намедонем Лайлӣ мода буд ё нар...(Пӯзиш мехоҳам!)

Мегӯянд, ки маъданшиносони Тоҷикистон аз қаъри кӯҳсори Тоҷикистон унсурҳое кашф кардаанд, ки дар радифи унсурҳои ҷадвали даврии Менделеев нест. Эй кошу сад кош унсурҳое мисли фарри ориёӣ, нангу номуси миллӣ, ифтихор аз худу аз миллат, забон ва фарҳанги худ, миллатпарастӣ, бародарнавозӣ, хайрхоҳӣ ба ҳамдигар, ҷавонмардӣ, ашрофият ва...кашф мекарданд, ки аз нону об ҳам бештар ба дарди миллати мо мехуранд...

Агар шукӯҳи ифтихори мо Фирдавсивор(Ҳама ҷойи Эрон сарои ман аст), Низомивор( Ҳама олам тан асту Эрон дил), Айнивор(Тоҷикон як қавми бузурганд), Нафисивор, ки Варорудро “сарзамини поки ниёконам” мехонад, мебуд ва манзурамон аз Эрон ё Хуросон ё Ориёно ё Вароруд ҳамон Хуросони бузург ё Эрони бузург--ватани муштаракоти фарҳангӣ ва маънавӣ ва забонӣ, муқаддасот ва анъаноти мо мебуд ва миёни мо омадшуд ва додуситадҳои фарҳангӣ бештар бидуни раводидҳои расмӣ сурат мегирифт, шояд гардани баландтар ва забони гӯётар ва сари афрохтатаре доштем. Дар ин маврид ҷойи он орад, ки ба ҳарфҳои ҳадафманди донишвар ва бинишвари покманиш Наҷиби Моили Ҳиравӣ, ки хостори бозпайвастани ҳама гусехтагиҳои фарҳангӣ ва забони Хуросони бузург мебошад, гӯш фаро диҳем: “Пас аз ватани ақида, ҳамчунон ақвоми гуногуни сарзаминҳои арабӣ, ватане доранд фарҳангӣ, ба ном ватани арабӣ; Аҷам низ дар минтақа ...мо хусусан Ориён, Эрон ва Тоҷикистон ватане доранд фарҳангӣ¸ки сохтори он дар дарознои таърих бештар ва низ амиқтар бо забони форсии дарӣ таҷассум ёфтааст, ба ҳамин ҷиҳат метавон аз он унвони ватани фарҳангии форсизабонон, форсидонон ва форсигӯён иборат кард.Қаламрави ин ватан ончунон фарох ва дароздоман аст, ки на танҳо форсизабонон, балки форсигӯён ва форсидононро низ дар самими қалб ва батни худ ҷой медиҳад...”

Зимни ин иқтибос ба ёди ватани ормонии форсизабонон, ки орзуи устод Шакурӣ низ дар китоби ҳозир ҳамин аст, оҳи гарони синасӯзе кашидам, аммо чи кунам, ки дар матни воқеияти имрӯз ҳоламон чунон аст, ки ҳаст...

Дар поёни ин чанд сухан он чӣ аз тору пуди китоби устод Шакурӣ баҳра гирифтам ва ба ин баҳона дардҳои воқеии имрӯзи тоҷикон, доду фарёдҳо, гиряҳои хомӯш ва фишорҳои фурӯхӯрдаи диламро дар як ғазал мӯя кардам ва он ғазалро ба ифтихори ҳафтодумин солрӯзи устоди гаронмоя тақдим медорам. Маъмулан дар рӯзҳои ҷашн ғазали шодӣ ва муборакбодӣ мегӯянд, аммо ман ғазали асафангез, ҳузномез ва гиряолуд гуфтам, зеро зиндагии мо имрӯз фурӯғи шодӣ надорад ва китоби устод ҳам ин нуктаро борҳо хотирнишон месозад:

Ҷон ба қурбони ту, эй миҳани хунинкафанам,

Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.

Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,

Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шиканам?

Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,

Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.

Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?

Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?

Ҳама халқони ҷаҳон анҷуман оростаанд,

Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам...

Гуфт Алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб!

Буздиле гуфт: фулонист мухотаб, на манам...

Он яке дар сари хуми тилло сари худ кард фурӯ,

Дигаре гуфт: биё, маҳваши симинзақанам...

Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола,

Дигаре гуфт, ғами хонаву фарзанду занам...

Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш,

Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.

Эй Хуросон, ту бигӯ, соҳати Эронвич ку?

Ман аз ин фоҷиа чун шиква ба яздон накунам?

Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург?

Ку дигар карру фару наъраи ғулғулфиканам?

Рӯзу шаб аз ғами ту гирякунон месӯзам,

Ту ба хун ғарқаю ман ғарқи малолу миҳанам.

Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сӯхт,

Ҳам на з- он аст, ки шуд сӯхта боғу чаманам.

Гиряи ман з- он аст, ки бечора шудам,

Ҳам на з- он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам.

Гирям аз он ки туро ҳукм бар куштан карданд,

Эй ту ҳам появу ҳам мояи инсон буданам!

Гирям аз он ки зи бунмояи ин қисмати талх

Ман сухан гӯям агар, нест касе ҳамсуханам.

Гирям аз он ки ба жарфои чунин фоҷиае

Нашавад хира кас аз ҳамнасабу ҳамватанам.

Гирям аз он ки ду- се бешарафу бетарафе

Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.

Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар,

Ватанам, о Ватанам, о Ватанам, о Ватанам.

Чунон ки дар боло ишора рафт, устод Шакурӣ бо китоб тавъам зода шудаанд, ба эшон умри китоб, умри китобҳои бузургро орзумандам!

8.06.1996. Лоиқ.

Аз Тоҷикам: Месазад, ки ба ин меҳрномаи зиндаёд устод Лоиқ ба устод Шакурӣ порае аз шеъри ин шоири бузург ҳамроҳ карда шавад:

Чунин аст дар ҷаҳони гирдгардон,

Чунин аст дар ҷаҳони рӯҳи озодон

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд!

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?