http://tajikam.com

Посух ба чанд иддаои козиб ва ҷаълии афғонҳо PDF Чоп
Муаллиф: Сурайё Баҳо   
05.02.2019 13:34

 

Баргардонанда аз хати форсӣ Насибҷон Амонӣ

Дар замони ҷумҳурияти Муҳаммад Довуд идораи маркази эҳсоия бо кумаки Милали Муттаҳид  саршумории нуфусро аз Пуличархӣ оғоз  ва ба сӯи Ҷалолобод ва Кома ва Лағмону тамоми машриқӣ идома доданд ва пас аз тавҳиди арқоми маълум,  ки  паштунҳо дар  минтақаи худ, ки иддаои аксарият доштанд, аз 35 дарсад бештар нестанд ва ҳанӯз манотиқи марказӣ ва шимолу  манотиқи ғарбии кишвар, ки манотиқи ғайрипаштунанд, саршуморӣ нашуда буд, ки аз ҳарос ин саршумориро мутаваққиф карданд.

Дар ҳоле ки бо тааққул муҳосиба кунем, Кобул маркази таҷаммӯи ақвом аст ва аз он ҷо мо қиёс карда метавонем, ки шумо ақаллият ҳастед. Дар соли 1387 як муассисаи мустақили амрикоӣ ба номи Independent statistics, ки марказаш дар кортаи 4 Кобул буд, дар рӯзномаи Нюзи Амрико нашр карда буд, ки 81 дарсади Афғонистон ғайрипаштун аст.

 

 

1. 1. Мо, паштунҳо, мардумони бумии Афғонистони имрӯзӣ ҳастем.

Ҷавоб: Паштунҳо қавми кӯчӣ буданд ва то ҳол як теъдодашон кӯчӣ боқӣ мондаанд ва кӯчӣ ҳеч вақт бумӣ шуда наметавонад.

2. 2. Афғонистон аз афғон ё паштунҳо аст ба хотир ин ки пешванди ин кишвар афғон аст.

Ҷавоб: Номи Афғонистон як номи тақаллубӣ аст ва дар соли 1846 тавассути инглисҳо ба хотири имтиёзгирии зиёдтар ба нафъи паштунҳо аз Руси тирозӣ ва Ҳинди бритониёвӣ номгузорӣ шуд. Ин кишвар пеш аз он исмаш Хуросон буд.

  1. Мо, паштунҳо, аксарият ҳастем.

Ҷавоб: Ҳама медонанд, ки то ба ҳол ҳеч вақт нуфусшумории комил дар Афғонистон сурат нагирифтааст ва эҳсоияе(омор), ки Шумо медиҳед, ин як навъ имтиёзгирии тақаллубӣ аст.

Дар замони ҷумҳурияти Муҳаммад Довуд идораи маркази эҳсоия бо кумаки Милали Муттаҳид саршумории нуфусро аз Пуличархӣ оғоз ва ба сӯи Ҷалолобод ва Кома ва Лағмону тамоми машриқӣ идома доданд ва пас аз тавҳиди арқоми маълум, ки паштунҳо дар минтақаи худ, ки иддаои аксарият доштанд, аз 35 дарсад бештар нестанд ва ҳанӯз манотиқи марказӣ ва шимолу манотиқи ғарбии кишвар, ки манотиқи ғайрипаштунанд, саршуморӣ нашуда буд, ки аз ҳарос ин саршумориро мутаваққиф карданд.

Дар ҳоле ки бо тааққул муҳосиба кунем, Кобул маркази таҷаммӯи ақвом аст ва аз он ҷо мо қиёс карда метавонем, ки шумо ақаллият ҳастед. Дар соли 1387 як муассисаи мустақили амрикоӣ ба номи Independent statistics, ки марказаш дар кортаи 4 Кобул буд, дар рӯзномаи Нюзи Амрико нашр карда буд, ки 81 дарсади Афғонистон ғайрипаштун аст.

  1. Забони пашту забони миллӣ ва аввали Афғонистон аст.

Ҷавоб: Миллӣ калима аст, ки танҳо бар як куллият гуфта мешавад. Дар ҳоле ки забони паштуро танҳо паштунҳо медонанд, на аксарияти мардуми Афғонистон. Дар ин сурат танҳо забони форсӣ ё дарӣ забони миллӣ шуда метавонад, ки тамоми ақшор ва ақвом, ба шумули паштунҳо ба он дастрасии гуфторӣ ва навишторӣ доранд.

  1. Мо авғон ҳастем ва ғайрати паштунволӣ дорем.

Ҷавоб: Ман то ҳол намедонам ҳикоят аз ғайрати паштунволӣ чист ва ё ин ки як шиори намоишӣ аст.

Агар қарор бошад ғайрат ба хок фурӯхтан ва ё овардани англис, рус ва ё покистонӣ бошад, пас Шоҳшуҷоъ, Таракӣ, Амин, Наҷиб ва Мулло Умар аз ҳама боғайрат ҳастанд.

  1. Атан(номи рақс) миллӣ аст.

Ҷавоб: Атан як рақси яҳудӣ аст, ки раиси Маркази таҳқиқоти ҷаҳонии Исроил дар асари худ(Такопӯ барои қабоили гумшуд) ба исбот расондааст. Атан кӯчактарин арзиши ҳунарӣ надорад, балки як хезу ҷасти ваҳшиёнаи қабилаӣ аст.

Ва дигар ин ки чаро ҳама чиз, ки аз шумост, бояд миллӣ бошад? Чаро аз фарҳанги куҳан ва ифтихорофарини Хуросон мункиред? Ва ё и ки бо Хуросон ва миллаташ, ки имрӯз аксарияти миллати моро ташкил медиҳад, мухолифед?

Ҳама фошистон бояд фарҳанги мантиқ ва ҳақиқатпазириро пазиро шаванд ва ҳеч вақт аз фарҳанги тазвир ва тақаллуб кор нагиранд, ин ба нафъашон нест, чаро ки як рӯз ҳақиқат ошкор мешавад ва онгоҳ сиёҳрӯ шавад ҳар кӣ дар он ғаш бошад.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?