http://tajikam.com

Доктор Ҳамид Муфид: Анқариб 40 дарсади ҷамъияти Афғонистон тоҷиканд PDF Чоп
Муаллиф: Ҳамид Муфид   
11.03.2018 22:42

Дӯстони азиз, қаблан хидмататон арз намуда будам, ки омори нуфуси Афғонистонро дар 34 остон(вилоят) таҳти баррасӣ мегирам ва акнун бо истифода аз манобеъи муътабар ва додаҳои идороти муайян ин корро анҷом додам. Ҳарчанд душвориҳо зиёд буд, вале бо ин ҳама бо диққати болотар аз 98 дарсад ин омор дар муддати наздик ба як сол ҷамъоварӣ ва омода шуд.

Ин омор ҳақиқати талху ширин аст, ба касе ширин ва ба иддаи  дигаре  талх ... Бояд ёдовар шуд, ки омори то ҷое дақиқи  нуфуси кишвар ба хотири аҳдофи муайян то имрӯз махфӣ буд ва ҳатто то имрӯз низ  дар ин маврид фиреб идома дорад. Масалан, чанд сол қабл китобе ба номи “Доиратул маориф” дар мавриди  дарсадии нуфуси ақвоми бузурги Афғонистон ба нашр расида  буд, ки омори он  китоб  воқиан хандаовар ва музҳик буд. Дар ин китоб паштунҳо 62%, тоҷикҳо 12 % ва  ҳазораҳо 9% зикр гардида  буданд, ки бо ин арқоми бебунёд мешавад нависандаи ин китобро падари таассуб номид.

Бояд таъкид кард, ки дар омори мо   остонҳое, ки нуфуси зиёд доранд, мардуми онҳо тақрибан бумӣ ҳастанд ва агар нуфуси кам доранд, ноқилин( омада) анд. Дар омор остонҳо ба ҳуруфи алифбо(форсӣ) оварда шудаанд:

Ҳама нуфуси кишвар 34 180 226 нафар

  1. Урузгон 499.800 нафар, паштун 80%, тоҷик 10 % , ҳазора 5%
  2. Бодғис  600 150 нафар, паштун 65%, тоҷик 25%, ҳазора 0%
  3. Бомиён  499 850 нафар, паштун 5%, тоҷик 15%, ҳазора  750%
  4. Бадахшон  1 200 250 нафар, паштун 0%, тоҷик 75%, ҳазора 5%
  5. Бағлон  1000 375 нафар, паштун 15%, тоҷик 50%, ҳазора 30%
  6. Балх  2000 050 нафар, паштун 15%, тоҷик 65%, ҳазора 25%
  7. Парвон 1 000 850 нафар, паштун 5%, тоҷик 85%, ҳазора 10%
  8. Пактиё  600 755 нафар, паштун 65%, тоҷик 20%, ҳазора 5%
  9. Пактико 579645 нафар, паштун 90%, тоҷик 10%, ҳазора 0%
  10. Панҷшир 499 255 нафар, паштун 0%, тоҷик 100%, ҳазора 0%
  11. Тахор 795 541 нафар, паштун 15%, тоҷик 45%, ҳазора 0%
  12. Ҷузҷон  791 300 нафар, паштун 5%, тоҷик 20%, ҳазора 5%
  13. Хӯст 504 445 нафар, паштун 80%, тоҷик 10%, ҳазора 0%
  14. Дойкундӣ 408 700 нафар, паштун 0%, тоҷик 10%, ҳазора 90%
  15. Зобул 499 146 нафар, паштун 90%, тоҷик 5%, ҳазора 5%
  16. Сарипул 600 854 нафар, паштун 5%, тоҷик 40%, ҳазора 25%
  17. Самангон 594 350 нафар, паштун 0%, тоҷик 60%, ҳазора 10%
  18. Ғазнӣ 905 650 нафар, паштун 30%, тоҷик 30%, ҳазора 40%
  19. Ғӯр 398 800 нафар, паштун 0%, тоҷик 90%, ҳазора 10%
  20. Форёб 1 001 200 нафар, паштун 10%, тоҷик 20%, ҳазора 5%
  21. Фароҳ  996 016 нафар, паштун 50%, тоҷик 40%, ҳазора 0%
  22. Кундуз 1 003 984 нафар, паштун 40%, тоҷик 45%, ҳазора 3%
  23. Кандаҳор 2000 498  нафар, паштун 85%, тоҷик 5%, ҳазора 10%
  24. Кобул  5 004 529 нафар, паштун 15%, тоҷик 60%, ҳазора 20%
  25. Кописо 696 406 нафар, паштун 35%, тоҷик 60%, ҳазора 0%
  26. Кунар 599 305 нафар, паштун 90%, тоҷик 10%, ҳазора 0%
  27. Лағмон 806 972 нафар, паштун 65%, тоҷик 35%, ҳазора 0%
  28. Лӯгар 489 725 нафар, паштун 50%, тоҷик 20%, ҳазора 10%
  29. Майдон  609 472 нафар, паштун 40%, тоҷик 20%, ҳазора 40%
  30. Нангарҳор 2 035 620 нафар, паштун 85%, тоҷик 10%, ҳазора 0%
  31. Нуристон 397 646 нафар, паштун 5%, тоҷик 5%, ҳазора 0%
  32. Нимрӯз 1 005 894 нафар, паштун 10%, тоҷик 15%, ҳазора 0%
  33. Ҳирот  2 549 740 нафар, паштун 15%, тоҷик 65%, ҳазора 20%
  34. Ҳилманд 1 003 459 нафар, паштун 85%, тоҷик 5%, ҳазора 5%

Се қавми бузург ба асоси дарсадӣ:

Тоҷикҳо 39,64%

Паштунҳо 34,67%

Ҳазораҳо 12,65%

Бақия ақвом  13, 04%

Азизон, аз ироъаи ин омор ҳадафи сӯ надорам, хостам ба қишри бузурги ватандорони худ хидмате карда бошам. Мавзӯи аксарият ва ақалият назди мардуми чизфаҳм аҳамият надорад ва гузаштаҳо гузашт ва сабти таърих шуд ва хуб аст, ки дар ҷомиае ба номи Афғонистон зиндагии бародарона дошта бошем. Худованд ҳама ақвоми Афғонистонро ба дӯстиву бародарӣ ҳидоят фармояд.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?