http://tajikam.com

Бо “Каҳкашон” ба олами зебои форсӣ PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
15.12.2011 13:56

 


Фанновариҳои навин ба мо, мардуми форсизабони ҷаҳон, имкони басо хубе фароҳам сохт. Акнун мо тавассути интернет барномаҳои телевизионии шабакаҳои форсизабонро дар ҳар гӯшаи ҷаҳон бидуни истифодаи мавҷгирҳои моҳвораӣ шабу рӯз тамошо карда метавонем. Чунин имкони нодир ва басо гуворо—дастрасии шаборӯзӣ ба олами зебои форсӣ ва ин лафзи шаккаринро ба мо телевизиони “Каҳкашон” ( Kahkeshan.tv ) фароҳам сохт. Рӯйи компутар овардани шабакаи телевизионии Kahkeshan.tv кори чандон душвор нест.Барои ин шумо нахуст ба Google ворид мешавед ва дар бахши ҷустуҷӯйи он Kahkeshan.tv-ро барои дарёфт кардан менависед.Пас аз ин чандин иттилоъ рӯйи сафҳаи компутар пайдо мешавад.Шумо бояд ҳатман иттилои дуюмро, ки дар он Kahkeshan.tv навишта шудааст, пахш кунед. Дар ҳолати пахш кардани дигар иттилоъҳо, ки онҳо низ бо Kahkeshan.tv иртибот доранд, боз кардани шабакаи телевизионии “Каҳкашон” душвор ва ҳатто номумкин хоҳад шуд. Пас аз пахш кардани иттилои дуюм, яъне Kahkeshan.tv ин шабакаи телевизионӣ рӯйи сафҳаи компутар пайдо мешавад. Шумо бояд

дар самти рости сафҳа навиштаи Glwiz ва дар паҳлӯи он навиштае ба хати форсӣ “Каҳкашонро онлайн бубинед”-ро пайдо карда, онро пахш кунед. Пас барномаи Silver-ро ба компутаратон ворид созед, ки бидуни ин шумо барномаҳои шабакаҳои форсиро тамошо карда наметавонед. Барои иҷрои ин кор бояд шумо чанд амалро анҷом диҳед. Пас аз ворид кардани барномаи Silver озод ва бидуни мушкиле барномаи дилхоҳи шабакаҳои телевизионии форсизабони дунёро тамошо карда метавонед. Шумораи чунин шабакаҳо(конолҳо) ҳоло ба 102 адад расидааст, ки чунин сарвати бебаҳоро на ҳар мардуми сайёра дорост. Аз инҳо 44 шабака барномаҳоест, ки ба забони форсӣ берун аз Эрон пахш мешавад. Шабакаи эронӣ 17 адад аст ва 31 шабака марбути қавмҳои эронӣ, аз ҷумла анқариб 10 ададаш ба забони форсии дарӣ ва 3 шабакаи телевизиони Тоҷикистон( Сафина, Ҷаҳоннамо ва ТВТ—1 ) ҳастанд. Ҳарчанд дар ин шабакаҳо барномаҳои мусиқиву филмҳо ба забони форсӣ хеле зиёданд, вале “Каҳкашон” боз 10 шабакаи вижаи мусиқӣ ва филмро барои дӯстдорони филму таронаҳои форсӣ пешкаш кардааст. Вале, тавре дар бахши ҷорномаи барномаи телевизионии “Каҳкашон” гуфта мешавад, дар назар аст, боз 30 шабакаи нави телевизиони форсӣ ба қатори ситораҳои “Каҳкашон” ҳамроҳ хоҳанд шуд ва олами зебои форсии моро боз ҳам зеботару рангинтар хоҳанд кард. Нуктаи дигари қобили ёдоварӣ ин аст, ки шумо бо пайванд сохтани компутар ба телевизион ин барномаҳоро дар телевизиони худ низ тамошо карда метавонед.

 

Сафари хуш бо “Каҳкашон” ба дунёи пурфасона ва гуворову дилангези форсӣ! Мо бо арзи як ҷаҳон сипос ва арҷгузорӣ аз заҳмати дастандаркорони телевизиони “Каҳкашон” орзу ва умед дорем, ки “Каҳкашон” мо, мардуми форсизабони ҷаҳонро боз ба ҳам наздиктар ва меҳру муҳаббату дӯстдориамонро ба якдигар ва ба фарҳанги ғанӣ ва забони ширину гуворои ягонаамон форсӣ бештар хоҳад кард.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?