http://tajikam.com

Гурдофарид PDF Чоп
Муаллиф: Маҳмуд Икромӣ   
15.12.2011 13:53

 

http://tajikam.com/tajik/images/photos/gordafarid.jpg

Ба банд банди найистони Мавлавӣ савганд,

Ба най матлаи ҷонсӯзи “ Маснавӣ” савганд.

Ба оташе, ки забона кашида аз ангур,

Ба хоки хотирахези Хуҷанду Нишобур.

Ба байт байти ғазалҳои Хоҷаи Шероз,

Ба ҷони шефтаи Рӯдакӣ, ба зулфи Аёз.

 

Агар ба ном зи ҳам дур курду тоҷикем,

Ману ту аҳли Хуросон, ману ту наздикем.

Ману ту аҳли Хуросон ҳамосаойинем,

Ҳанӯз Рустами Дастон ба хоб мебинем.

Ману ту обии дарё , зулоли ҳар обем,

Ману ту зодаи ишқему аҳли Варзобем.

Биё, ки Рӯдакии ҳам, Камоли ҳам бошем,

Биё, шарики нишоту малоли ҳам бошем...

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?