http://tajikam.com

Таҷзияи билфеъли Афғонистон PDF Чоп
Муаллиф: Роберт Блеквейл   
18.11.2011 09:17

 

 

Баргардон аз англисӣ: Ҳорун Амирзода

Баргардон аз хати порсӣ ба сириллик: Довари Некзод

Дар мавриди ояндаи Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба шойеъоти хуруҷи Амрико дар соли 2011 дидгоҳҳо ва назариёти мухталифе дар Ғарб матраҳ шудааст ва яке аз ин назариёт тақсими Афғонистон ба шимоливу ҷанубӣ аст, ки тавассути сафири собиқи Амрико дар Ҳинд оқои Блеквейл ба масобаи ягона роҳи наҷот аз хушунатҳо дар ҷануб матраҳ шудааст. Ҳарчанд ин тарҳ барои аввалин бор тавассути Ник Клиг раҳбари Ҳизби либерал- демократ ва муовини феълии нахуствазири Британия дар ҳукумати эътилофӣ ва Педи Ишдован яке аз сиёсатмадорони кӯҳнакори Британия ва узви Ҳизби либерал- демократ дар сентябри соли 2009 дар рӯзномаи Гардиан ба ҳайси плони Б матраҳ шуд, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки бо қувват гирифтани тасаввури шикасти ғарб

дар Афғонистон ва таслими Афғонистон ба Толибон таҳти ҳимояти Покистон дар ин рӯзҳо тарафдорони назарияи таҷзияи Афғонистон низ қувваи бештар гирифтааст. Аммо дар Афғонистон бархеҳо бо ин назария ошноӣ надоранд ва ё онро ҷиддӣ нагирифтаанд.Сирф як иддаи маҳдуде бо он вокуниш нишон додаанд. Дар мавриди ин ки оё ин тарҳ чӣ қадар амалист ва ё нест, оянда нишон хоҳад дод, аммо қабл аз ҳама лозим аст, ки ба таври комил бо матни ин назария ошно шуд.

 

*****

Ба назар мерасад роҳбарони идораи Обама дар ҷанг бо шӯришиён дар Афғонистон ба шикаст рӯ ба рӯст.Таҷзияи Афғонистон ба шимоливу ҷанубӣ ба ҳайси як воқеияти беҳтарин интихоби мавҷуд барои Иолоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидини он ба унвони бадел метавонад бошад.

Баъд аз арзёбии роҳбурди идораи Амрико дар мавриди Афғонистон дар моҳи декабр Иолоти Муттаҳидаи Амрико бояд замонбандии хуруҷашро аз Афғонистон таваққуф бидиҳад ва қабул кунад, ки Толибон ба таври ҳатмӣ манотиқи мустаҳками таърихии паштуннишин дар ҷануби Афғонистонро ишғол менамоянд. Аммо Вашингтон бояд мутмаъин шавад, ки шимол ва ғарби Афғонистон ба тундравони толибӣ таслим дода нашаванд. Амрико аз қувватҳои ҳавоиву неруҳои вижа дар канори артиши Афғонистон ва миллатҳои ҳамсӯ истифода намояд.

Дӯстдорони роҳбурди зидди шӯриш дар идораи Обама шояд бо ин назария мухолифат кунанд. Онҳо шояд истидлол кунанд, ки дар табиқи таҷзияи Афғонистон бисёр печидагиҳо вуҷуд дорад. Шояд касе чунин тасввур кунад, ки паёмадҳои таҷзияи Афғонистон барои Амрико ногувор тамом мешавад. Аммо воқеият ин аст,ки таҷзияи Афғонистонбеҳтарин натоиҷ барои манофеи миллии ҳаётии Амрико дар арсаи сиёсати дохилӣ хоҳад дошт. Далоили зиёде дар ин замина вуҷуд дорад:

Ҳатто раиси ҷумҳур Обама як в ё ду соли дигарро ҳам дар роҳбурди кунуии худ бияфзояд,шояд боз ҳам муваффақияте ба даст наёварад. Бо ин ки Амрико ҳамалоти густарда дар манотиқи ҷанубии Афғонистон дошта ,вале натавонистааст Толибонро тазйиф кунад ва ба даври мизи музокира водор созад.Ин воқеият дорад, ки паштунҳои Афғонистон як гурӯҳи муттаҳид ва як даста нестанд, вале онҳо дар баробари хориҷиҳо муттаҳид ҳастанд ва тарафдори тафвиқталабии паштунҳо бар дигарон ҳастанд.Райс Сиолин Понита ар 27 июни соли ҷорӣ гуфт: “Мо кадом нишонаеро, ки Толибон ҳақиқатан ҳозир ба мусолаҳа бошанд, силоҳҳои худро таслим намоянд, аз Ал- Қоида ҷудо шаванд ва ё бихоҳанд як бахше аз ҷомиа бошанд, надидаем, маар ин ки онҳо мӯътақид ба ин шаванд, киАмрико баранда аст ва онҳо маҳкум ба шикаст ҳастанд. Ман фикр мекунам дар ҳоли ҳозир таъқиби мусолиҳаи маънодор бо онҳо бисёр мушкил аст”.

Иолоти Муттаҳидаи Амрико бо ишғоли низомӣ ва бо нодида гирифтани таърих , бофти қабилавӣ, забон , суннатҳо,рафтор ва арзишҳои маҳаллӣ наметавонад аз тариқи муҳандисии иҷимоӣ дар ояндаи наздик ҳимояти як теъдоди зиёди паштунҳои Афғонисонро, ки мувффақияти роҳбурди зидди шӯриш вобаста ба онон дорад, ба даст биёварад.Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай амиқа як ҳукумати фосидро идора мекунад ва мисли Толибон бадном аст.Ҳеч нишонае еҳбуд дар он дида намешавад а Афғонистон ҳеч гоҳе дар таърихи худ ҳукумати нерӯманди марказӣ надоштаст. Талошҳои ҷомиаи ҷаҳонӣ, ки ҷойи миллат созӣ тавассути Ғарбро паштунсозии (афғонсозӣ) миллат бигирад, ба шикаст хоҳад анҷомид. Мо аз артиши миллиии Афғонистон интизори шикаст додани Толибонро арои солҳои наздик набояд дошта бошем. Афзун бар он артиш ва ISI Покистон бо таъқиби аҳдофи бартарии Толибона ва душманӣ бо Ҳинд нишон додааст, ки ҳеч тасмиме ба поён додани тӯлонӣ ба ҳимояти хеш аз Толибон ба ҳайси абзори бозӣ надоранд ва Афғонистони воқиан мустақилро қабул надорад.

Бидуни тардид роҳбурди дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати замнбандии Амрико ғайриамалист. Набуди пешрафт дар таъмини амният дар бахши аъзами манотиқи паштуннишини Афғонистон қабл аз фаро расидани замони хуруҷи Амрико дар июли сои 2011 рӯшантар хоҳад шуд.Аммо ҳаводорони тарҳи хуруҷ бештар таваҷҷӯҳ ба баҳои шикаст мекунанд на ба сулҳи пойдор. Пурсиши асосӣ ин аст, ки гоми баъдӣ чист? Агар стротежии Амрико дар 12 моҳи оянда натоиҷи дилхоҳ надиҳад, дастгоҳи сиёсатпардозии Амрико 6 тарҳи бадилро омода хоҳанд сохт:

Бархилофи набуди дарунмояи пайванди манофеъи ҳаётии Амрико дар Афғонистон Вошинтн ин роҳбурди нокомро идома хоҳад дод ва ё ба тааҳҳудоташ “ коҳиши дучандон” хоҳад дод .

Идораи Обама ба манзури коҳиши хушунатҳо дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигаре мисли эҷоди давлати эътилофӣ бо Толибон хоҳад шуд. Карзай ҳоло ин роҳро таъқиб мекунад ва аммо ин талошҳо ҳолати торики паштунҳоро дар саҳнаи танг тағйир хоҳад дод ва ё созишнопазирии онҳо давом хоҳад ёфт? Тавре ки Панита мегӯяд, мӯътақид ҳастед,ки баранда ҳастед, пас музокира ба хотири чӣ?

Талош сурат хоҳад гирифт, ки бахше манотиқи паштуннишини Афғонистон ҳифозат шавад, яъне дар як бахши Афғонистон ҷанг идома ёбад , бахши дигари он дар сулҳ зиндагӣ кунад.Ин бад -он маъно хоҳад буд, ки талафоти амрикоиҳо ва НАТО дар ҷануб давом хоҳад ёфт.Ин ҳамчунон ба Толибон ин иҷозаро медиҳад( мисли ветконгиҳо дар шимоли Виетнам ғғ ҷанги 25 солаи Амрико дар Виетном) неруҳои худро мутамарказ созанд ва паштунҳои маҳалиро мавриди тарс ва аръоб қарор диҳанд. Дар ҳар сурат ин бозӣ сирф метавонад хуруҷи Амрико аз Афғонистонро ба таври иҷтинобнопазир ба таъвиқ биандозад.

Муовини раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Бейден қабл аз тасмими роҳбурди Обама машварат медод, ки аз ҷанг бо Толибон дар манотиқи маҳаллӣ парҳез шавад. Ба ҷойи он сирф дар ҳифозат аз Кобул ва Қандаҳор маркази қудрати Толибон дифоъ сурат бигирад. Ҳамчунон Толибон бо пул ва шомил сохтан дар ҳукумати Карзай ташвиқ шаванд ва бо ҷангсолорони маҳаллӣ ба ҷойи ҳукумати марказӣ кор сурат бигирад.

Хуруҷи сареъ аз Афғонистон метавонад ба фоҷиаи азим барои Амрико тамом шавад.Аввал ҷанги дохилии сартосарӣ дар Афғонистон шурӯъ хоҳад шуд ва бо ишғоли Афғонистон тавссути Толибон заминаи мудохилоти ҳамсоягони Афғонистон дар и кишвар мусоид хоҳад шуд ва Афғонистону тамоми минтақаро бесубот хоҳад сохт. Ин метавонад ба гунаи драматик боиси таҳрику ташвиқи тундравони исломӣ дар Покистон шуда ва сарнавишти силоҳи атомии Покистон зери суол хоҳад рафт.Ва ин ҳолат метавонад равобити стротежики миёни Амрикову Ҳиндро низ тазъйиф намояд.Афзу бао он ин метавонад барномаҳои НАТО ро зери заработ қарор дода ва шояд аъзои НАТО ро ба ин эътиқод бирасонад, ки созмони мазкур дигар ҳаргиз аз маҳдудаи хеш поро фаротар нагузоранд.Ин ба навбаи худ боиси тақвият ва густариши идеоложии тундравии исломӣ бар алайҳи арзишҳои либерал дар ҳар гӯшаи ҷаҳон шавад.Баъд аз он ин метавон ба масобаи шикасти стротежики раҳбарии ҷаҳонии Амрико назди дӯстон ва ҳамфикрон талаққӣ шуда ва пайомадҳои мухарраби он барои солҳо давом хоҳад ёфт.

Ё сиёсатсозони Амрико як тарҳи беҳтар ва воқеъбинонаеро барои Афғонистон тадвин хоҳанд намуд, ки шонс барои муваффақият дошта бошад.Ин тарҳ иборат аз тақсими билфеъли Афғонистон аст, ки тавассути Амрико ва неруҳои ҳавоии НАТО ,неруҳои вижа ва артиши миллии Афғонистон ба ҳайси муттаҳиди байналмилалӣ ҳимоят шавад.Баъд аз солҳо иштибоҳ и Амрико дар мавриди Афғонистон ҳеч роҳе зуд, содда ва бидуни масраф, ки аз ботлоқи кушандаи ҷорӣ наҷот ёбад, вуҷуд надорад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама мушкилот таҷзияи Афғонистон беҳтарин пешниҳоди мавҷуд барои Амрико ба ҷойи шикасти стротежик хоҳад буд.

Бояд эълом кунем, ки мо нақши фаъоли зарбатӣ дар Афғонистонро барои солиён пеши рӯ ҳифз намуда ва тасаллути доимии Толибон дар ҷанубро қабул надорем,Амрико ва мутаҳидини он метавонанд неруҳои зарбатиашонро аз бахши аъзами манотиқи паштуннишин ба шумули Қандаҳор дар зарфи чанд моҳ берун бикашанд.Мо бад ин васила ҷангидан ва мурдан дар кӯҳистонҳо , дараҳову манотиқи шаҳрии ҷануб, ҷойе , ки зиёдтарин кушторҳо дар як моҳ се баробар дар тӯли солҳои ҷанг рух додааст, таваққуф бидиҳем. Вале мо бояд он идда раҳбарони қабоили маҳаллии паштунро , ки тасмими муқобила бо Толибонро доранд, ҳимоят кунем.

Баъд аз он мо бояд аз манотиқи шимоливу ғарбии Афғонистон , ки тақрибан бештар аз 60 дарсади нуфуси ин кишварро ташкил медиҳанд, дифоъ кунем. Ин манотиқ ба шумули Кобул ба таври ғолиб ғайрипаштун ҳастанд ва онҳо ба таври густурда ба талошҳои Амрико алоқаманд ҳастанд.

Сипас мо бояд сиёсати моро рӯшан созем , ки иттакои низомии хешро ба неруҳои сангини ҳавоӣ в неуҳои вижа, ки бар пойгоҳҳои Ал Қоида дар Афғонистон ва раҳбарони Толибони афғонро, ки ба онҳо кӯмак мекунанд, зарбат ворид намоем. Мо ҳамчунон бояд ба неруҳои Толибон, ки тохту тоз аз хутути Афғонистони ҷанубӣ ба Афғонистони шимолӣ менамоянд ваё аз паноҳгоҳҳои террористон дар хоки Покистон менамоянд, ҳамла намоем.

Ҳарчанд таҳлилу арзёбии дақиқ ниёз аст, вале шояд мо аз 40 ҳазор то 50 ҳазор сарбози амрикоӣ дар хоки Афғонистон барои муддате зарурат дошта бошем.Мо бояд ҳимояти тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбакҳо ва ҳатто паштунҳои ҳимоятгар ва ҳамчунон созмони НАТО, Русия, Ҳинд, Эрон, шояд Чину давлатҳои Осиёи Миёна ва умедворам Шӯрои амнияти Милали Муттаҳидро дар ин талошҳо ҷалб намоем.Мо бояд тарбияти сарбозони Афғонистонро суръат бахшем.Мо бояд ба талошҳои миллатсозӣ дар Шимол ва ғарби Афғонистон вафодор боқӣ бимонем ва на мисли паштунҳое, ки кӯмакҳои Амрикоро бо ситезаҷӯӣ истиқбол карданд ва ба таври систематик тавассути Толибон ҷилавгирӣ шуд.

Шояд замоне фаро бирасад, ки Афғонистон соҳиби як артиши миллии неруманд шавад ва манотиқи паштуннишин (Афғонистони ҷанубӣ) ро дар зери контроди худ биёварад.

Инчунин тағйирот дар роҳбурд ва аҳдофи Амрико дар Афғонистон метавонад ба гунаи драматик талафоти низомиёни Амрикоро коҳиш бидиҳад ва дар натиҷа ҷилави фишорҳои сиёсии дохилӣ ва хуруҷи шитобзадаро бигирад. Афзун бар он ин метавонад масоифи газофи бузуги низомиро, ки ҳоло тақрибан ҳафт миллиард доллар дар моҳ аст, коҳиш бидиҳад.

Ин ҳамчуно ба неруҳои амрико чунин фурсатро хоҳад дод, ки пас аз солҳои ду ҷанги заминӣ (Ироқ ва Афғонистон) сари ҳол биёяд. Чунончи эҳтимол дорад бо кам кардани талафот , муттаҳидини мо барои муддати тӯлонӣ дар Афғонистони шимолӣ боқӣ бимонанд. Ҳамчунон аксарияти ҳамсоягони Афғонистонро ташвиқ хоҳанд кард то аз барномаи суботсозии Афғонистон ҳимоят кунанд ва бад ин тартиб тавоноии исломобод мабнӣ ба судури терроизм ва тазйифи нақши Амрико дар ҷанубро коҳиш хоҳад дод.

Афзун бар он барои Амрико ин имконро хоҳад дод, ки болои чаҳор масъалаи муҳим барои манофеи миллиаш тамаркуз намояд: рушди қудрати Чин, барномаи ҳаставии Эрон, терроризми атомӣ( Покистон) ва ояндаи Ироқ.

Бидуни шак мушкилоти муайяне дар ин рӯйкард вуҷуд дорад:

Толибон бо сару садои баланд эълони пирӯзӣ хоҳанд намуд ва вазъи мавҷуд(таҷзияи билфеъли Афғонистон) ро қабул нахоҳанд намуд ва иродаи моро ба таври мутадовум хоҳанд озмуд. Шояд хушунатҳои маҳдуд барои муддате қобили пешбинӣ ба вижа дар ҷануб давом кунад.Паштунҳои Афғонистон бори дигар ба бистари терроризми ҷаҳонӣ табдил хоҳанд шуд ва паёмадҳои хатарноки он шояд сирф бо неруҳои зарбатии Амрико бар пойгоҳҳои марказии ҷории Ал Қоида дар Покистон қобили ҷилавгирӣ бошад.

Дар чаҳорчӯби таҷзияи билфеъли Афғонистон осмони паштунҳои Афғонистон (Афғонистони ҷанубӣ) бо ҳавопаймоҳои ҷангии пилотдор ва ё бе пилоти неруҳои эътилоф ва ҳамалот бар мавзеъҳои террористон ва ҳамчунон агар зарурат бошад, бар ҳукумати ҷадиди Толибон дар тамоми абъоди он торик хоҳад шуд. Мақомоти мулкии Толибон мисли волиҳо, шаҳрдорҳо, қозиҳо ва молиётгирандагон ҳар субҳ , ки аз хоб бедор шаванд, ба ин ташвиш хоҳанд буд, ки оё шаб зинда аз дафтарҳояшон пас ба хона хоҳанд омад ва ё хайр.

Дигар ғорҳои кӯҳ паноҳгоҳи онҳо нахоҳад буд, ки аз он ҷо ба корҳояшон расидагӣ кунанд. Бо гузашти замон баъзе шӯришҳои зидди Толибони ҳомии террризм дар қаламрави таҳти ҳокимияти Толибонро низ метавон интизор дошт.

Эҳтимолан Покистон мухолифат бо таҷзияи Афғонистон кунад.Мухолифати Исломобод содда нахоҳад буд: зеро роҳбурди низомиёни покистонӣ тавре аёр сохта шуда, ки ба муҷарради ақибнишинии неруҳои Амрико аз Афғонистон, онҳо(дар чаҳорчӯби умқи стротежикашон) Афғонистонро таҳти номи Толибон ишғол кунанд. Дар воқеъ бояд Исломободро қаноат дод, ки онҳо бояд ба кӯмаки Амрико Толибони покистонӣ ва афғониро шикаст бидиҳанд то ҷилави таҷзияи худи Покистон гирифта шавад.

Дар манотиқи ғарб ва шимоли Афғонистон(Афғонистони шимолӣ) ноқилини собиқи паштун ба ҳайси сутуни панҷум фаъол хоҳанд буд. Карзай ва ҳамдастони ӯ бидуни шак бо таҷзияи Афғонистон мухолифат хоҳанд намуд ва мумкин аст, ки вай беш аз ин ( ба ҳайси раиси ҷумҳури Афғонистони шимолӣ) дар қудрат боқӣ намонад. Ҳинд ба хотири тарс аз тасаллути муҷаддади Покистон дар ҷануби Афғонистон шояд Вашингтонро ташвиқ кунад, ки зарбаҳои заминии худро дар Афғонистони ҷанубӣ барои солҳои тӯлонӣ идома бидиҳад.

Ҳуқуқи башар дар манотиқи таҳти контроли Толибон бахусус барои ақаллиятҳо хеле ваҳшатнок хоҳад буд.Бо эҷоди эътилофе аз кишварҳои ҳамфикр ва барои дастёбӣ ба ин роҳбурд барои Терон дар арсаи дипломатикӣ хеле маъюскунанда хоҳад буд.

Ҳатто бо ин ҳама чолишҳо қабули таҷзияи Афғонистон ба маротиб беҳтар аз интизор кашидани шикасти роҳбурди хуруҷ хоҳад буд, ки боиси шӯришҳои сиёсии дохилӣ ва шояд ҳам ақибнишинии комили мусибатбори неруҳои Амрико аз Афғонистон шавад.

Вашингтон набояд даст ба тағйири аҳдоф ва роҳбурди худ бизанад, ки хунҳои бештару сарватҳои ҳангуфт дар талошҳои бесамар дар миёни паштунҳои афғон аз даст биравад ва душман муддаӣ шавад, ки мо абарқудрати Амрикоро мисли шӯравии собиқ маҷбур ба фирор аз Афғонистон сохтем.

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?