http://tajikam.com

ОСЕБШИНОСИИ ҚАВМИ ТОҶИК PDF Чоп
Муаллиф: Ориё Вахшури Тоҷик   
18.11.2011 08:40

 

 

Мақолаи зайл, ки навиштаи як нафар тоҷики афғонистонӣ ба исми мустаори Ориё Вахшури Тоҷик ва баргирифта аз сайти «Тоҷик медиа» - сайти озодагони ин кишвар аст, мавзуъи хеле муҳимми осебшиносии қавми моро ба риштаи таҳрир кашидааст. Ин мақола, ки мо мухтасари онро меоварем, то ҳадде ба як суоли муҳимми ҳастии мо, яъне «чаро тоҷикон чунинанд, ки ҳастанд» ба таври ошкоро посух гуфтааст. Албатта, бо бархе аз ҷузъиёти он наметавон розӣ шуд, вале дар кулл воқеъбинона, амиқ ва дурусту рост айбҳо ва нақсҳои қавми моро бозгӯ кардааст.

Агарчи, муаллиф хушбинона навиштааст, ки «бархе аз ин дардҳо ва айбҳо дар мавриди тоҷикони Тоҷикистон сидқ намекунад, зеро дар он ҷо ба баракати талоши раҳбарон, равшанфикрон ва фарҳангиён мардум аз худшиносии хубе бархурдор шуда ва банди «тарси тоҷикона»-ро то ҳудуди зиёде шикаста ва бо вуҷуди нуфус ва имконоти андак дар баробари қудратҳои рақиб ва хасми минтақавиашон устувор истодаанд», муттаассифона, на чунин аст, ки ӯ пиндоштааст, мо тоҷикони Тоҷикистон низ ҳанӯз бузургтарини ин айбҳоро дармон накардаем ва бархеро ҳатто нашинохтаем. Ба ин далел ҳам, ман дар ин назарам, ки мақоларо ҳар тоҷик бояд бихонад, бо тааммул бихонад, ба ҳар ҳарфаш фурӯ равад ва бидонад, ки агар мо имрӯз танҳо дар як гӯшаи Ватани як замон густурдаамон буду бош дорем, қабл аз душманони хориҷии дуру наздик бояд худро муқассир бидонем ва агар хоҳем, ки ояндаи равшану дурахшон ва сазовори ҷомиъаи инсонӣ дошта бошем, бояд дардҳо ва айбҳои худро бишиносем ва онҳоро худамон дармон кунем!

Бояд гуфт сайти «Тоҷик медиа», ки роҳандозон ва дастандаркоронаш онро «пойгоҳи фарҳангӣ ва сиёсии тоҷикон барои озодӣ ва адолат» унвон кардаанд, бо қасди бедорӣ ва ҳушёрии ҳарчи бештари тоҷикони Афғонистон ташкил шуда ва бо мақолоту гузоришҳои мудаллал ва илмӣ ва шеърҳои ватандӯстонаву миллатпарварона аз ҳаққи тоҷикони Хуросон, ки дусад соли охир номи Афғонистон бар он таҳмил шудааст, дифоъ мекунад. Мақолоти зиёде дар ин сайт дар боби шовинисми паштунӣ ва пантуркисм метавон хонд, ки ду хатари асосӣ барои тоҷикони он суи Ому шинохта шудаанд. Дар ин ҳол, сайт барои ваҳдати тоҷикони ду канори Ому низ хидматҳои шоиста мекунад ва пайваста мақолоте мунташир мекунад, ки ин ваҳдату иттиҳодро тақвият медиҳанд. Чунончи, дар сафҳаи аввали он акси ҳафт нафар тоҷикони машҳур ҷойгузин шуда, ки устодон Садриддини Айнӣ ва Лоиқ Шералӣ аз он ҷумлаанд ва аксашон дар канори аксҳои Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Баҳриддини Боъис, Абдулмаҷиди Калаконӣ (ду нафар аз муборизони тоҷики афғонистонӣ) ва шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд омадааст. Ва бадеҳист, ки ин сайт барои мо тоҷикони Варозрӯд, низ басо муфид ва омӯзанда аст ва барои иртиқои худшиносии мо низ аҳамият дорад. Аз ҳамватанони варозрӯдӣ, ки бо хати миллии мо ошноӣ доранд, хоҳиш мешавад, гоҳе ҳам ки бошад, дари ин кохи бошукуҳи ҳушёриву бедориро боз кунанд ва мақолоте аз онро бихонанд ва ба хотири бақои худу қавми худ бедортару ҳушёртар шаванд. Нишонии ин сойт чунин аст: www.tajikmedia.com

Бо эҳтиром Қодири Рустам.

 

Таҷриба бор бор ба исбот расонидааст, ки мардуме метавонанд шоҳиди пирӯзиро ба оғӯш бикашанд, ки девораҳои маснуъӣ ва тарассуботи зеҳнӣ ва таъассуботи гуруҳӣ, маҳаллӣ ва худмеҳварбинии фардиро аз миён бурда ва ҳама наслҳо, маҷмуъаҳо, синхҳои (ҷинс) фикрӣ, гуруҳҳои сиёсӣ-иҷтимоиашон дар масири ҳаракат ба суи ҳадаф (ягонагӣ, иқтидор ва азамати миллӣ) шигирдҳои вежа (равиши кор) ва муассири хеш мумид (ёрирасонанда) ва мукаммили ҳамдигар бошанд, на ин ки таҳти таъсири талқинот ва тарассуботи зеҳнӣ ва чорчӯбаҳои танги маҳаллӣ, сиёсӣ ва созмонӣ ба доварӣ бинишинанд ва ҳар киро дар чорчӯбаи танги маҳал ва гуруҳи вежаи худ набинанд «такфир» кунанд, омоҷи хадангҳои бемеҳрӣ созанд, ё кам аз кам нодида гиранд.

Бибинед, ончи дар 7 саври 1357(1978) рух дод, як кудатои низомӣ буд, аммо ончи дар пайи он дар ин се даҳа рух дод, инқилоби воқиъӣ аст. Касоне метавонанд ин ҳақиқатро дарк бикунанд, ки битавонанд авзоъи қабл аз соли 1357-ро то имрӯз муқоиса кунанд; дар вуқуъи ин инқилоб ҳама аз чапу рост ва аз ҳама ақвому манотиқ ба наҳве саҳме доштаанд. Табиъист, ки инсонҳо ҳар падидаро аз зовияи манофеъи худ мебинанд ва ба доварӣ мекашанд. Ононе ки қудрати сиёсии худро аз даст доданд, саёдат ва султаи мутаволиашон ба маърази чолиш қарор дода шуд, ба ҷойи бартарихоҳии ошкор ногузир аз иқрори биллисон ба баробарии ҳамагонӣ гардидаанд, касонеро, ки дараҷаи дувум ва навкари худ мепиндоштанд, имрӯз мудаъиии оқоӣ мебинанд, ҳақ доранд, ки бар фароянди таҳаввулоти сисола ё «инқилоб» лаъну нафрин бифиристанд. Кудаточиён шояд бад буданд, аммо Аҳриман бад меандешаду хайр мекунад! Агар касоне, ки бар маснади қудрат нишастанд ва он ҳама ном бароварданд, ба диққат биандешанд дармеёбанд, ки бидуни вуқуъи ин кудато пешнамози деҳкадае, мударриси гумноми мадрасае ё дар ниҳоят устоди муҳтарами донишкадае мебуданду вассалом!

Борҳо таҷриба собит кардааст, ки ҷанг бидуни тадбири сиёсӣ ба пирӯзии ҷиддӣ намеанҷомад, ҳатто пирӯзмандони биломунозеъи майдони набард дар асари фуқдони тадбир дар аввалин бозии шатранҷи сиёсат мот шудаанд. Ҳар ки шикаст мехурад мағлуби заъф ва бетадбирии худ шудааст, на ин ки душманаш қавӣ будааст. Ҳодисаи саври 1371(1992) инқилобе муҳим дар як буъди вежа буд. Барои аввалин бор пас аз шасту чаҳор сол дар раъси қудрат тоҷикон қарор гирифтанд. Дар ин ҳодиса ду ҷараён аз чапу рост (ҳокиму мухолиф) мумид ва мукаммили ҳамдигар шуданд, дар ҷониби муқобил ҳам чунин ҳамкорӣ буд;аммо чаро ҷараёнҳои ҳамкори аввалӣ муваффақ шуданд ва баъд чаро ҷараёне, ки ҳоким шуд ва аз режими гузашта чаҳосад бол ҳавопаймо ва 2500 арода тонк ва қавитарин урдуи минтақаро таслим гирифт, саранҷом мағлуби чанд толиб ва билохира дастнигари касе шуд, ки рӯзе ӯро пойбараҳна аз Кобул ронда буд? Ҳар истидлоле танҳо пӯшише барои нокороии сиёсӣ ва бозигарии кутаҳназарона аст.

Ҷараёне, ки пирӯз шуд, қабл аз ҳама мамнуни ҳамтаборони пойтахтнишин ва шаҳрнишинашон ва короии сиёсии муҳраҳое аз даруни режим буданд, ки дурҳоро меандешиданд. Аммо ҳамин, ки мастон аз бодаи пирӯзӣ зоҳиран худро аз ин ёригарони мудаббири сиёсӣ ва низомиашон бениёз диданд, ононро чун пурзаҳои нокоромад ба дур афканданд ва аз нақши мардуми шаҳрҳо низ ғофил шуданд, дидем, ки ба чи содагӣ бохтанд! Он ҳам чи бохти бузург ва таърихӣ. Бинобар ин, таҷриба, тадбир ва нақши сутурги тане чанд аз шахсиятҳои сиёсӣ ва низомиро, ки ба далели қадрношиносии дӯст ва таҳдиди душман хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, низ бояд қадр шинохт. Зеро таҷрибаҳои касоне, ки пирӯзӣ ва шикаст, қудрат ва беқудратиро аз сар гузаронидаанд ғано ва короии бештаре дорад ва мо бояд аз онон истифодаи бештаре намоем.

Тоҷикони Ориёно (ки имрӯз номи Афғонистон бар он соя афканда аст) ҳаммонанди Осиёи Миёна ё Фарорӯдон (Мовароуннаҳр) дар воқеъ кутлаи (бахши) бузургу бумӣ ва акнун ҳам аксарияти саканаи ин сомонро месозанд, аммо инон чаро мукарраран иқтидори сиёсӣ, мавозеъи фарҳангӣ ва сарзаминҳои муҳимми худ (чун Бухоро, Фарғона, Самарқанд, Тирмиз, Тоҷикканд ё Тоҷканд (1), Марв, Нисо, Чорҷӯй, Панҷдеҳ, Рухаҷ, Кунар, Гардез, Бомиён, Ғазнӣ ва …)-ро аз даст додаанд ва имрӯзу фардо дар шаҳрҳояшон Ҳирот, Балх ва Кобул низ ба ақаллият мубаддал хоҳанд шуд? Як лаҳза биандешед, ки агар ба ҷойи тоҷикон бошандагони бумии аслӣ ва аксариятро дар Кобул, Парвон, Панҷшеру Каписо ақвоми дигар чун ӯзбак ё ҳазора ташкил медод оё касе дигар дар Кобул ҳукумат карда метавонист? Пас чаро тоҷикон ин ҳама вазъи нобаҳинҷор доранд? Чаро дар минтақаи худ наметавонанд ҳоким бошанд? Чаро меҷанганд, пирӯз мешаванд, аммо мебозанд? Дар ин робита фикр мекунам далоиле вуҷуд дорад, ки ман чандтои онҳоро бармешуморам:

1. Мавҳумгароӣ, хиёлбофӣ ва фарохандешии содалавҳона, ки шояд русубе аз тасаввуроти ҳокимияти ҳазор сол қабли тоҷикон дар сарзаминҳои густурдаашон бошад. Ҳар қавм қабл аз ҳар чиз ба ташаккул ва манфаъати қавмии худ меандешад, аммо тоҷик фароқавмӣ меандешад. Аҷиб ин аст, ки ба ин фазилати мавҳум менозад, то он ҷо ки мутадовиман маҳдуд ва варшикаста мешавад.

2. Дар айни ҳол мо шоҳиди як парадокс ё таноқузи аҷиб дар миёни тоҷикон астем, дар теурӣ ва бархӯрд бо ақвоми дигар бисёр фарохандеш, то он ки бахши азими имконоти худро фидои ақвоми дигар мекунанд, аммо дар амал ва дар миёни худ дар чорчӯби танг ва миллатбарандози маҳалгароӣ, ҳизбгароӣ ва идиулужизадагӣ дасту по мезананд ва ҳатто хуни ҳамро мерезанд; аз фарохандешӣ ному ҳувияти қавми худ, яъне «тоҷик»-ро бар забон намеронанд, вале худро мазорӣ, ҳиротӣ, бадахшӣ, шимолӣ, кобулӣ, панҷшерӣ ва ғайра меноманд ва ҳозир ба тақсими одилонаи имконот ва қудрат дар байни худ ва ҳамкории самимона дар зери сақфи қавмияти воҳид, ки рози пирузиашон метавонад бошад, нестанд. Карзайи кандаҳорӣ метавонад вазирони дифоъ, маъориф ва фарҳанг вардакӣ, вазирони дохила ва молиё нангаҳорӣ, вазири иқтисод ҳиротӣ, вазири зироъат пағмонӣ ва… ҳама паштун дошта бошад, аммо қудратрасидагони фароқавмандеши тоҷик бо тоҷикони берун аз қаряи худ эътимод намекунанд, чи расад ба тақсими қудрат! Карзайи амрикоии ҷабҳаи наҷотӣ рамаҳое аз ҳизби исломӣ, ҷиҳодӣ, илҳодӣ ва амсоли он, чун Атмари ХОДист(хадамоти амният) ва каммунистро сарфи наҷар аз аҳзоб ва идиулижиҳояшон дар зери парчами паштун бармекашад, аммо порлумони аксаран тоҷик ба барканории дуктур Сипанто, Зарор Аҳмади Муҷоҳид, доктор Амин Фарҳанги донишманд,дуктур Сайид Махдум Раҳини донишманд ва Абдулло (???) Ромини мутахассис ба далоили ихтисосоти(мансубияти) маҳаллӣ ва танзимӣ (ҷиҳодӣ,сиёсӣ) рой медиҳад! Албатта, ҳар далеле, ки бар заъфи ин вазирон далолат кунад, сад баробар дар мавриди они дигарон содиқ аст. Аммо чӣ бояд кард дар таноқузи дарунии тоҷики фароқавмандеш ва фуруқариякирдор!

3. Ҷубн (камдилӣ), ё тарси хуфта дар хуни тоҷик балои дигарест. Ин қавм ва ҳатто равшанфикраш, аксаран ҷуръати изҳори ҳуввияти`тоҷикӣ ва дифоъ аз манофеъи қавмии худро намекунад. Ҳикматёр беҳарос аз ин ки оё идиулужиаш созгор аст ё нест, мегӯяд: «Чун дар ҳукумати устод Раббонӣ нақши паштунҳо заъиф`аст, бояд суқут кунад», шаҳри тоҷикнишини Кобулро рокетборон кард, то пойгоҳи иҷтимоъии ҳукумати устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъудро тазъйиф ва тахлия намояд. Карзай ҳукуматашро аз вазирони тоҷик ошкоро тасфия мекунад, аммо кас лаб аз лаб барнамедорад, ин аст ҷубн ва тангандешӣ, ки паёмади он шикасту зиллат аст. То он ҷо, ки бо барканории Муҳаққиқ аз вазорати плон дар саросари Афғонистон ҳазорон марду зани ҳазора ба ҷодаҳо рехтанд ва эътироз карданд. Бо як иқдоми қонунии давлат алайҳи Дустум даҳҳо ҳазор узбак роҳпаймоӣ ва эътироз ва ҳатто таҳдид ба таҷзияи кишвар карданд, аммо бо бартарафии моршол, вазири дохила, вазири хориҷа, вазири тиҷорат, вазири фарҳанг, вазири зироъат ва … об аз об такон нахӯрд, чаро ки инон тоҷик буданд ва тоҷик ҳам ё тарсуст ё фурумаҳалкирдори фароқавмандеш;Баҳ, баҳ!

Яке аз далоили шикасти тоҷикон андеша ва равоншиносии аҷиби раҳбарони онон аст. Ин раҳбарон илова бар се хасоиси боло баъзе вежагиҳои ҷолиби дигар ҳам доранд:

А) Сиёсати таҳмиқи қавмӣ. Ин раҳбарон аз огоҳии қавми тоҷик ҳарос доранд, намехоҳанд ин мардум дарс бихонанд ва кодрҳои донишманд дошта бошанд, то мабодо аз миёни онон рақибе барояшон пайдо шавад ва тарфандҳояшон ифшо гардад. Бибинед, Дустум бо он ки худ аз таҳсил баҳра надорад, соли 71 ба баъд солона ҳадди ақалл панҷсад ҷавони ӯзбакро барои таҳсил ба Туркия фиристода, ки инак садҳо кодри мутахассис чун дуктур, муҳандис, ҳуқуқдон ва ғайра тарбия шуда ва ин фароянд давом дорад. Ҳамчунон Дустум дар аввалин гоми иқтидораш лисаҳои вежаи туркӣ ва донишгоҳҳоеро дар Шибирғон ва Маймана эҷод кард, ки имрӯз ҳам фаъол аст. Ӯ даҳҳо омӯзишгоҳи кампютер ва лисонро дар соҳоти ӯзбакнишин эҷод кард. Мазорӣ, Муҳаққиқ, Халилӣ, Муҳсинӣ ва дигарон масорифи ҳазорон ҷавони ҳазораро барои таҳсил дар донишгоҳҳои дохил пардохта, донишгоҳи Бомиён ва ҳавзаҳои илмия махсусан ҳавзаи илмияи Хотамуланбиё дар Кобулро эҷод карданд ва ҳам акнун панҷоҳу панҷ ҳазор ҷавони ҳазора дар донишгоҳҳои Эрон, Ҷопон, Ҳинд, Сурия, Урупо ва Амрико дарс мехонанд, ки аксаран ба кумаки раҳбарони сиёсиашон эъзом шудаанд. Дар мавриди дигарон агар бигӯям тавзеҳи возеҳот аст. Аммо раҳбарони тоҷиктабори ҳоким дар даҳ соли ҳокимияти худ метавонистанд даҳҳо ҳазор ҷавони тоҷикро барои таҳсил ба Урупо ва Амрико бифиристанд, дар Душанбешаҳр ва ҷоҳои дигар донишгоҳҳоро фаъол кунанд ва Кохи иқтидори худро бо артиши кодрҳои огоҳ ва таҳсилкарда мустаҳкам ва мондагор созанд. Барояшон гуфта шуд, аммо сармоягузориро дар ин роҳ ҳайф донистанд. Зеро инон такя бар бесаводӣ ва ҳамоқати қавм доранд ва сиёсаташон сиёсати таҳмиқ аст.

Б) Сиёсати олтернотифкушӣ ё гузиназудоӣ: дар се даҳаи охир мо шоҳиди нобудсозии теъдоди зиёде аз шахсиятҳои мустаъиди сиёсӣ ва низомии тоҷик ва ба ҳошия рондани ҷабрии иддаи дигар будем. Дар ин маврид он қадар ҳақиқати бадеҳӣ вуҷуд дорад, ки хамин як ишора бас аст. Аммо паштун чунин сиёсате надорад, на Карзай, на Мулло Умар, на Ҳикматёр ҳеч кадом ба куштани ҳамдигар розӣ нестанд ва низ дар пайи нобудии олтернотифҳо нестанд, тафоҳум миёни Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ, Аҳадӣ, Халилзод ва амсолашон вуҷуд дорад, ки ҳама худро номзади интихобот мекунанд, аммо ҳар касеро, ки Ғарб пазируфт ҳама аз ӯ ҳимоят менамоянд, то иқтидори паштун ҳифз гардад, дар ҳоле ки раҳбарони тоҷик аз чунин фарохандешӣ дар миёни худ нотавонанд.

5. Бегонапарварии тоҷикон, ба вежа дар миёни раҳбарон низ ба ҳама возеҳ аст.

6. Ифрот дар ҳизбгароӣ ва идиулужисм.

7. Худфаромӯшӣ ва набуд ё камбуди худшиносии қавмӣ ва заъфи огоҳӣ аз таърих ва мафохири миллӣ, ки дар натиҷа худкамбинӣ, адами эътимод ба нафс ва ғайраро бор оварда аст.

8. Фаталисм ё тақдиргароӣ дар ақида, андеша ва адабиёт аъам аз мактуб ва омиёна, ки қавми тоҷикро фалаҷ сохта аст, дар ҳоле ки дар бовар ва амали ақвоми дигар ҷанбаи ихтиёр ва амалгароӣ қавӣ аст.

9. Хушбошӣ ва бепарвоӣ дар адабиёт, ҳунар ва ирфон, ки мунҷар ба инзивогароӣ ва дунёгурезӣ шудааст, ҷамъе Хайёмианд, ҷамъе Ҳофигаро ва ҷамъе ҳам суфимашраб, ки намехоҳанд, бо андешаҳои зиндаи сиёсӣ, қавмӣ ва иқтидорталабӣ худро ба дарди сар андозанд, ҳатто мусиқии мо чунин аст(2). Бозори ҳунару адабиёти миллӣ ва ҳамосӣ, ки иззати нафс, ғурури миллӣ, кору талош, ибтикору иқтидорталабиро дар миёни тоҷикон зинда созад, косид аст. Вақте Ҳофиз мегӯяд: «Шукуҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар ӯ дарҷ аст, кулоҳи дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад», чи ангезае барои талош дар ростои ҳокимият ва таъолӣ боқӣ хоҳад монд(3). (Мо бояд «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузургро ба унвони омӯзишномаи миллӣ таъмим бахшем, на осоре аз он гунаро, ки мардумро роҳатталаб, тарсу ва дунёгурез месозад).

10. Ғурури беҷо, адами пазириши интиқод, худфиребӣ ва дар натиҷа адами ҷустуҷӯи роҳкорҳо барои рафъи маъойиб. Мо тоҷикон бояд дар куллият бар ифтихороти миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиамон биболем, аммо дар айни ҳол ҷуръати бармало кардани айбҳо ва иллати шикастҳоямонро ҳам дошта бошем ва бояд роҳҳои рафъи маъойиб ва равишҳои ислоҳ ва такомули худро дарбиёбем.

Ман яқин дорам, ки ҳарфҳои интиқодии ман ғазаби иддаеро бархоҳад ангехт ва шояд баъзеҳо онҳоро иҳонатомез ва тунд бидонанд. Аммо тоҷикон дар вазъеанд, ки муассиртарин роҳи дармонашон шуки дармонӣ аст. Масали хубе ҳам дорем: «Дӯст мегирёнад, душман механдонад». Агар мо воқеъан хоҳони ислоҳ астем, набояд барои тавҷеҳи маъойиби худ далел битарошем, масалан, бе таъассуб будани тоҷиконро ношӣ аз мутамаддин буданашон бидонем, ҳол он ки таъассуби манҳуси маҳалгароӣ, идеулужик ва ҳизбиашонро доранд (4).

11. Тоҷикон мардумонеанд, ки зуд эҳсосотӣ мешаванд, ба ҳамин ҷиҳат дар чангҳои гузашта бештар худро ба куштан доданд, аммо роҳи истифода ва ҳифзи дастовардҳои ҷангро балад нестанд. Боре аз баъди рондани инглисҳо ва фатҳи Кобул як тоҷики парвонӣ бар рӯйи сиккаи зарин зарб зада буд: «Мекунам девонагӣ то бар сарам ғавғо шавад, Сикка бар зар мезанам, то соҳибаш пайдо шавад!» Оё хандаовар нест? Мардумро ба куштан дода инглисҳоро аз кишвар ронда, қудратро гирифта ва баъд мунтазир аст, ки боз ҳам инглисҳо як навкари ҳақири худро бифиристанд, то қудратро дар Кобул тасоҳуб кунад! Воқеъан девонагӣ аст! Дуруст ҳамон гуна, ки аз соли 1371 то вуруди Толибон ва баъд то ташрифоварии оқои Карзай мо шоҳиди чунин интизор ва билотаклифӣ будем. Дар он фурсатҳо на касе қонун сохт, на идора ва низом, гӯӣ мунтазири омадани соҳибонаш буданд, русро кашиданд, то ҷойро барои навкарони Инглис ва Амрико холӣ кунанд! Баҳонаи ин ки ҷанг буд, маънӣ надорад, панҷоҳ мутахассисро дар Файзобод мешуд ҷамъ карду қонун сохт ва «Луйи ҷирга»-ро доир кард…

Ногуфта нагзарам, ки баёни маъойиб ва дардҳо бахше аз талош барои дармони онҳост. Бархе аз ин дардҳо ва айбҳо дар мавриди тоҷикони Тоҷикистон сидқ намекунад, зеро дар он ҷо ба баракати талоши раҳбарон, равшанфикрон ва фарҳангиён мардум аз худшиносии хубе бархурдор шуда ва банди «тарси тоҷикона»-ро то ҳудуди зиёде шикаста ва бо вуҷуди нуфус ва имконоти андак дар баробари қудратҳои рақиб ва хасми минтақавиашон устувор истодаанд…

Нуктаи дигаре, ки гуфтанӣ аст, қиём ва ҳаракати Мавлоно Боъиси шаҳид аст, ки «ҷубни тоҷикона»-ро шикаста ва ба хамтаборонаш дарси муқовимат, натарсӣ ва пойдорӣ дод, валу ба қимати гароне хам тамом шуд. Ин шигирди ӯро Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид дар миқёси васеътар дар ҳангоми муқовимат дар баробари ҳуҷуми Толибон ба намоиш гузошт, то он ҷо ки ҳама ҳарифони дирӯза ба пешаш сар гузоштанд, аммо дареғ, ки «хати севуми» ормонаш нохонда монд ва ӯ рафту ҳамон сарнавишти манҳуси пирӯзӣ дар ҷанг ва шикаст дар сиёсат боз ҳам такрор шуд!

Биёед барои барчидани айбҳо таҷрибаҳоро аз худ ва дигарон биомӯзем, дар омӯзиш бе таъассуб бошем ва ба манзури ислоҳ, роҳкорҳоямонро дар миён бигзорем. Яке аз муҳимтарини ин роҳкорҳо эҷоди як наҳзати ноби фарҳангӣ-сиёсии қавми тоҷики Ориёно аст. Вақте паштун «Афғон миллат» ва даҳҳо гурӯҳи вежа дорад, вақте ҳазораву шиъа Ваҳдату Ҳаракат ва ғайра дорад, вақте ӯзбак Ҷунбиш дорад, тоҷик чаро бояд дар банди тилисм ва хоби миқнотисии фароқавмиандешии пуч ва бесамар боқӣ монад?

Пайнавиштҳо:

1. Шаҳре, ки имрӯз Тошканд меноманд, номи аслиаш «Тоҷикканд», «Тоҷканд», «Чочканд» ва «Чоч» аст, чун «канд» ва «кант» дар забони ориёии суғдӣ (яке аз сарчашмаҳои забони порсии дарии тоҷикӣ) ба маънои шаҳру ободӣ ба кор рафта, ки намунаҳои он шаҳри Ёрканд дар Кошғар ва Панҷакант дар Тоҷикистон буда ва дар Таърихи Рашидуддини Фазлуллоҳ низ ба номи вилояти тоҷик ёд шуда ва ин номро ба худ гирифта ва номи дигари он Чоч ва Чочканд аст, ки номҳои хеле маъруфанд, аммо дар қарни охир русҳо ва туркҳо «сангу куҳ» шарҳ карданд ва ба ин таркиб хостанд ба он ҳувияти ӯзбакӣ бидиҳанд, ҳол он ки дар шаҳри «Тоҷканд», ки дар як дашт воқеъ шудааст, санг ноёбтар аз гавҳар аст ва аз суи дигар тақрибан тамомии номҳои қадимии маҳаллоти он шаҳр тоҷикӣ аст ва бошандагони бумии он низ тоҷиканд.

2. Дар ҳунари мусиқии тоҷикони Афғонистон тақрибан ҳамаи таснифҳо ва таронаҳо зимни мукаррар будан саросар аз занборагӣ, бачабозӣ, тарки дунё, бекорагӣ, аёшӣ, беҳувиятӣ оганда аст ва дар ниҳоят ҳасрати даврони гузашта ё хиёлоти афюнии оянда дида мешавад, дар онҳо чизе аз ҳувияти ҳамосаҳо ва ифтихороти қавмӣ ва сурудҳое, ки ангеза барои созандагӣ, ваҳдати қавмӣ, фарозҷуйӣ ва азаматхоҳӣ бошад, аслан нест, ё агар ҳаст бештар дар робита бо ҳаводиси солҳои охир аст, ки боз ҳам номе аз ҳувияти қавмӣ нест, дар ҳоле ки дар сурудҳо ва ҳунари мусиқии ақвоми дигар ба вежа паштунҳо, ӯзбакҳо ва ҳатто ҳазораҳо сужаҳои ҳамосӣ фаровон аст.

3. Дар ин робита мақулаҳои маъруферо тоҷикони Афғонистон доранд, ки бисёр нангин аст: «ҳар кас подшоҳ шуд мо раъият», ё «умури мамлакати хеш хусравон донанд». Ин мақулаҳо бо шаҳрвандӣ дар тазод аст, чи расад ба «озодагӣ», ки номи қавмии мост.

4. Ин як бадбахтӣ ва ғурури аблаҳона аст, ки вақте айбро бигӯӣ равшанфикри тоҷик бо тавҷеҳи мантиқӣ ё табиъии он ба давоми он айб сиҳҳа мегузорад, дар ҳоле ки бояд онро шинохт ва алайҳи он мубораза кард. Таъассуби қавмӣ як эҳсос ва таъассуби зарур, мусбат, муфид ва созанда аст, милали мутамаддини дунё аз Инглису Олмон то Ҷопон ин таъассубро дар ҳадди аъло доранд.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?