http://tajikam.com

Фарохон барои лағви фармони Ҳомид Карзай PDF Чоп
Муаллиф: "Тоҷикон"   
06.03.2013 15:57

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Фарохон: Корзори фарҳангиёни Афғонистон барои лағви фармони Ҳомид Карзай

Шӯрои вазирони Афғонистон ба раҳбарии Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури ин кишвар фармон додааст, ки гӯишҳои ғайримеъёрӣ ва вожаҳои номаънус дар расонаҳои хусусии ин кишвар дигар нашр нашавад. Пас аз судури ин фармон, вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар изҳори назаре гуфтааст, ки мо дар Афғонистон дорои лаҳҷаҳои меъёрӣ ҳастем, ки ҳафтод сол пешина дорад. Ин изҳори назарҳои бемафҳум ва гунг нишон медиҳад, ки дар паси ин фармон аҳдофи шум ва нияти фарҳангситезонае нуҳуфта аст.

 

Чун дар гузашта низ мақомҳои ҳукуматии Афғонистон рафторҳои форсиситезонаеро ба намоиш гузоштаанд, ки мухолифат бо вожаҳои “донишгоҳ”, “донишкада”,”донишҷӯ” ва ..., намунае аз ин рафторҳои фарҳангситезона ва мухолифат бо забони аксарияти мардуми Афғонистон аст. Бинобар ин , ин тасмими оқои Карзай ва кобинаи ӯ ( ҳукумати ӯ) бинобар чанд далел, ғайримантиқӣ буда, як ҳаракати бисёр манфии сиёсӣ менамояд.

1. Ин эъломия дучори ибҳом(пӯшидагӣ, тирагӣ, норӯшанӣ) аст ва равшан нест, ки манзури ҳукумат аз гӯиши меъёр чӣ аст ва ё вожаҳои номаънус( бегона) кадомҳоанд?

2. Баҳси гӯиши меъёрӣ ва корбурди он, як амри ғайриилмӣ аст. Ҳар гӯише, бинобар мантиқи вижаи забоншинохтӣ, бахше аз кулли забон аст ва ҳеч гӯише бар гӯиши дигаре, бартарӣ надорад.

3. Истилоҳи мухолифат бо вожаҳои номаънус, қабл бар ин низ дастовезе барои ситеза бо забони форсии дарӣ будааст. Таҷриба нишон дода, ки ҳукумат бо ҳамин баҳона дар пайи тазйифи забонҳои миллии кишвар будааст. Аз ҷумла метавон ба мухолифати бархе аз афрод бо корбурди вожаҳои “донишгоҳ” ва “нигористон” ишора кард ва ё забони тадриси бархе аз донишгоҳҳоро( манзур фармони Карзай дар бораи дигар кардани забони омӯзиш дар баъзе донишгоҳҳо, аз ҷумла донишгоҳи тиббӣ ва муҳандисӣ... аз форсӣ ба англисӣ аст—Н.А) ёдовар шуд, ки худи ҳукумат тарҳи онро пеш кардааст.

4. Шӯрои вазирон, салоҳияти таъйини таклиф барои забонҳои роиҷ дар кишварро надорад. Ҳар фарде ҳақ дорад то бо забон ва гӯиши худ суҳбат кунад.

Бинобар ин, мо ҷамъе аз фарҳангиёни Афғонистон хоҳони лағви ҳарчи зудтари ин фармон ҳастем ва мухолифати худро бо ин тарҳи ҳукумати Афғонистон эълом медорем.

Аз “Тоҷикам”: Таҳдид ва хатар ба забони форсӣ дар Афғонистон ин таҳдид ба ҳамаи форсизабонон ва фарҳанги волои мост. Ин хатару юришҳо ба забони форсӣ ва мардуми форсизабон ва ба вижа тоҷикон дар муддати беш аз 250 сол аз ҷониби ҳама ҳукуматҳои қавмгарои ин кишвар ошкору ниҳон идома дошт. Вале бо сари кор омадани ҳукумати Карзай, ки кобинаи он пури қавмпарастон, мисли Аҳадиву Хуррам ва Вардаку дигар афғонмиллатиҳову толибониҳо ва гулбиддиниҳост, ин хатар рӯзафзун ва басо шадид гардид. Ҳадафи ағлаби фармонҳои ин ҳукумат алайҳи забони форсӣ ва ба ҳошия кашидани он дар ҷомиа аст ва ин фармони нави Ҳомид Карзай дар кишвар ниҳоят косаи сабри мардумро лабрез гардонд ва ҳама алайҳи он бархостанд. Мо рӯшанфикрон ва ҳама мардуми тоҷик, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ берун аз он бояд фарохони фарҳангиёни Афғонистонро алайҳи ин тасмими форсиситезонаи ҳукумат ҷонибдорӣ намоем ва нагузорем, ки ба забони модарии форсии мо аз ҷониби бегонагони ин забон газанде бирасад. Хуб мебуд, ба ин фармони нобихрадонаи ҳукумати Афғонистон ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ҳам вокунише нишон медоданд, то минбаъд қавмгароён бифаҳманд, ки соҳибони ин забон на ин ҳукумати қавмгарост, балки мову Шумо, мардуми форсизабони ҷаҳонем ва аз ин рӯ онон гоми худро дониста бимонанд ва аз ҳар гуна қазоватҳои абедонишона ва душманонаи худ ба забони форсӣ худдорӣ намоянд.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?