http://tajikam.com

Кадом забон барои давлати Афғонистон 'бегона' аст? PDF Чоп
Муаллиф: Саттор Саъидӣ   
06.03.2013 09:03

Бознашр аз торнамои Би-би-сӣ

Танҳо нигароние, ки дар солҳои ахир борҳо аз сӯйи ниҳодҳои расмӣ, мисли кобине ва порлумони Афғонистон, дида шудааст, дар баробари вожаҳои асили форсӣ ё, дар мавориде, корбурди муъодилҳои сохташуда дар забони форсии Эрон аст.
Корбурди вожаҳои форсии "донишгоҳ" ва "донишкада" ба ҷойи муъодилҳои паштуи онҳо, "пӯҳантун" ва "пуҳанзай", дар канори бархе вожаҳои форсии дигар, монанди "додгоҳи олӣ" ба ҷойи "истара маҳкама", "додситон" ба ҷойи "соранвол" ва монанди инҳо то кунун борҳо хашми мақомҳои давлатии Афғонистонро барангехтааст...



Шӯрои вазирони Афғонистон ахиран корбурди вожаҳои ба истилоҳ "бегона"-ро мамнӯъ кард

Шӯрои вазирони Афғонистон ахиран дар ҷаласае ба раёсати Ҳомид Карзай, раисҷумҳурӣ, корбурди "забонҳо ва лаҳҷаҳои бегона" ва "истифода аз калимоти номаънус" дар расонаҳоро мамнӯъ кардааст.

Ин ки оё метавон бо фарҳанг, бавижа падидаи пӯё ва рӯ ба рушди забон, бархӯрди мутлақгароёна кард, баҳси ҷудогонае металабад, аммо пеш аз он, манзури давлат аз забонҳои бегона ва калимоти номаънус ҷалби таваҷҷуҳ мекунад.
Ҳарчанд Шӯрои вазирон ба таври мустақим аз ҳеч забон ё гӯйише ном набурдааст, аммо таҷзия ва таҳлили навъи бархӯрди давлати Афғонистон бо забонҳои мухталиф шояд битавонад ба ҳалли ин муъаммо ва тафсири манзури давлат аз "бегона ва номаънус" кумак кунад.

Арабӣ

Пешинаи ҳуҷуми аъроб ва пайвандҳои мазҳабӣ ба сарзаминҳои форсизабон мероси сангине аз вожаҳои арабӣ бар ҷой гузоштааст. На танҳо дар Афғонистон, балки дар Эрон ва Тоҷикистон, ду бахши дигари пайкараи форсизабон, низ анбӯҳе аз вожаҳои мавриди истифода арабӣ аст.

"Дар Афғонистон дастикам аз сӯйи ниҳодҳои расмӣ ва давлатӣ ҳассосияте нисбат ба вожаҳои арабии мавҷуд дар забонҳои форсӣ ва пашту вуҷуд надорад ва корбурди васеъи вожаҳо ва ибороти арабӣ дар мукотиботи идорӣ нишонаи таъйиди онҳост."

Дар Афғонистон дастикам аз сӯйи ниҳодҳои расмӣ ва давлатӣ ҳассосияте нисбат ба вожаҳои арабии мавҷуд дар забонҳои форсӣ ва пашту вуҷуд надорад ва корбурди васеъи вожаҳо ва ибороти арабӣ дар мукотиботи идорӣ нишонаи таъйиди онҳост.

Ниҳодҳои расмӣ дар Афғонистон ҳатто ба ҷойи вожаҳо ва ибороти содаи форсии мавҷуд дар мукотиботи идорӣ аз таъобири сангини арабӣ истифода мекунанд, ки мухотаби ом бояд онро барои худ ба форсӣ тарҷума кунад.

"Таҳрири мактуб ҳозо" ба ҷойи "навиштани ин нома", ё "ило явм шанба" ба ҷойи "то рӯзи шанбе" аз мисолҳоест, ки намунаҳои зиёде аз онро дар навиштор ва гуфтори расмии Афғонистон метавон ёфт.

Пас арабӣ на танҳо бегона нест, балки забони мазҳаб аст ва ба корбурди он мубоҳот мешавад.

Инглисӣ

Дар урфи диплумотик раҳбарони кишварҳо маъмулан дар нишастҳои байналмилалӣ ва кунферонсҳои матбӯъотӣ, ки бо ҳамтоёни хориҷияшон доранд, ба забони миллии худ сухан мегӯянд.

Аммо Ҳомиди Карзай, раисҷумҳурии Афғонистон, таъкиди зиёде бар истифода аз забони инглисӣ дорад. То кунун дида нашудааст, ки дар ҳеч сафари хориҷӣ, ба истиснои Эрон ва Тоҷикистон, ки форсизабон ҳастанд, ӯ аз забонҳои расмии кишвари худаш истифода кунад.
донишгоҳ

Тоблуи донишгоҳҳо дар Афғонистон ахиран ба се забон навишта мешавад

Ӯ дар нишастҳои хабарии муштарак бо меҳмонони хориҷияш дар Кобул ҳам бештар ба инглисӣ сухан мегӯяд, то форсӣ ва пашту. Раисҷумҳурии Афғонистон ҳатто чанде пеш дастур дод, ки тадриси дарсҳои илмӣ дар донишгоҳҳо ба забонҳои байналмилалӣ, монанди инглисӣ, бошад.

Бисёре аз вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатӣ номаҳои хабарии худро ба расонаҳо ба забони инглисӣ менависанд ва сойтҳои интернетии баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ба забони инглисӣ аст, то форсӣ ва пашту, гӯё ки мухотаби ин сойтҳо ва хабарномаҳо фақат хориҷиҳо ҳастанд.

Аз сӯйи дигар, корбурди вожаҳои инглисӣ дар расонаҳо то кунун бо мухолифати ниҳодҳои расмӣ мувоҷеҳ нашудааст ва идороти зирабт кори хоссе барои тағйири номи воҳидҳои тиҷорӣ, монанди "Фулон шопинг сентер" ё "Фулон ситӣ сентер" анҷом надодаанд.

Вожаҳое мисли проблем (мушкил), пругром (барнома), пилон (нақша), полисӣ (сиёсат), сетелойт (моҳвора), медиё (расона) ва ... аз забони омму хос ба гӯш мерасад ва дар ҳар расонае шунида мешавад, аммо касе мухолифате намекунад.

Ҳиндӣ ва урду

Феҳристи мудавване (гирдоваришуда) аз вожаҳое, ки аз Ҳинд вориди забони мардуми Афғонистон, аъам аз форсӣ ва пашту шуда, вуҷуд надорад, аммо ин вожаҳо он қадар дар фарҳанги афғонҳо реша давондааст, ки камтар касе дар Афғонистон мумкин аст ба бегона будани онҳо фикр карда бошад.

"Дар Афғонистони кунунӣ, бар хилофи дигар пайкараҳои форсизабон, монанди Эрону Тоҷикистон, вожаҳои ҳиндии зиёде ба чашм мехӯрад, ки ба назар мерасад дар як садаи ахир вориди забони форсии дарӣ шуда бошад."

Инҳо намунаҳое аз вомвожаҳоест, ки аз ҳиндӣ вориди забони мардуми Афғонистон шудааст ва муъодили форсии онҳо маъмулан бегона пиндошта мешаванд:

Сарак аз вожаи ҳиндии сарако (Saraka) - хиёбон
Мела аз мело (Mela) - гулгашт ва тафреҳ
Пут аз пӯто (puThTha) - пинҳон
Чуп (Chup) хомӯш ва сокит
Мурч аз мирч ва мирочо (Miracha & Mirch) - филфил
Кила аз кило (Kila) - мӯз (банана)
Чавк (Chowk) - майдон
Годӣ (Gaddi) - горӣ ва коласка
Воло/вон (Wala / Wan) - пасванди шуғл, монанди "чӣ" ва "бошӣ" дар форсӣ ва туркӣ (годивон - коласкачӣ, мутурвон - ронанда)

Решаи ин вожаҳо бароҳатӣ қобили раддёбист: мардуми Афғонистон синеморо бештар бо филмҳои ҳиндӣ шинохтанд ва барои даҳҳо сол маҳсулоти синемоии Ҳиндро ҳатто бидуни тарҷума дар синемо тамошо кардаанд.

Бисёранд афғонҳое, ки бдуни сафар ба Ҳинд ё бидуни омӯзиш дидан ҳиндӣ ҳарф мезананд ва хонандаҳои афғон, ки ба забони ҳиндӣ мехонанд.

Таҳоҷуми Ғазнавиён ва дигар шоҳони Хуросон ба Ҳинд ва ҳокимияти чандсадсолаи муғулҳои форсизабон бар шибҳиқорра таъсири зиёде бар фарҳанг ва забони он кишвар доштааст ва то пеш аз истеъмори Бритониё форсӣ дар бархе мақотеъи таърихӣ забони расмии Ҳинд ва дар садаҳои мунтаҳӣ ба истеъмор забони дувуми он кишвар будааст.

"Корбурди вожаҳои форсии "донишгоҳ" ва "донишкада" ба ҷойи муъодилҳои паштуи онҳо, "пӯҳантун" ва ва "пуҳанзай", дар канори бархе вожаҳои форсии дигар монанди "додгоҳи олӣ" ба ҷойи "истара маҳкама", "додситон" ба ҷойи "соранвол" ва монанди инҳо то кунун борҳо хашми мақомҳои давлатии Афғонистонро барангехтааст."

Бино бар ин, метавон натиҷа гирифт, ки муровидоти (додуситади) забонӣ миёни сарзаминҳои форсизабон (аз ҷумла ҷуғрофиёи кунунии Афғонистон) ва шибҳиқорра яктарафа ба сӯйи Ҳинд будааст, то баръакс.

Бар ин асос, анбӯҳ ҳастанд вожагони форсӣ дар забонҳои Ҳинд, аммо андак вожаҳои ҳиндии мавҷуд дар забони форсӣ бештар аз сонскрит омадааст, то забонҳои имрӯзии Ҳинд.

Аммо дар Афғонистони кунунӣ, бар хилофи дигар пайкараҳои форсизабон, монанди Эрону Тоҷикистон, вожаҳои ҳиндии зиёде, монанди мисолҳои боло, ба чашм мехӯрад, ки ба назар мерасад дар як садаи ахир вориди забони форсии дарӣ шуда бошад.

На дар гузашта ва на имрӯз, давлатҳо дар Афғонистон муқовимате дар баробари вуруди вожаҳои ҳиндӣ ва урду ба забонҳои роиҷ дар кишварашон нишон надодаанд. Ҳеч расона ё синемоеро ҳам ба хотири пахши бидуни тарҷумаи филмҳои ҳиндӣ мавриди бозхост қарор надодаанд.

Фаронса

Бар хилофи Эрон, дар Афғонистон забони фаронса нуфузи каме доштааст, номи моҳҳои соли милодӣ ва асомии кишварҳо, ки дар Эрон ба забони фаронса роиҷ аст, дар Афғонистон аз муъодилҳои инглисии онҳо истифода мешавад.

Бо ин вуҷуд, вожаҳои фаронсавии зиёде дар Афғонистон ба кор меравад, аз "кобине", "порлумон", "ургон", "ожонс", "лисонс" ва дигар вомвожаҳои мушобеҳ дар форсии Эрон гирифта, то бархе вожаҳои дигар, ки вориди форсии Эрон нашудаанд, аммо дар Афғонистон корбурд доранд.

Аз ҷумла, вожаҳое монанди "қумондон" (кумондон), ба маънои фармондеҳ, "патлун" (панталун) ба маънои шалвор, "сектур" ба маънои бахш, "култур" ба маънои фарҳанг ва мавориди бешумори дигар.

Ба ҳамин сурат, вомвожаҳои зиёде аз забонҳои русӣ, туркӣ ва муғалӣ ҳам дар забонҳои пашту ва форсии Афғонистон вуҷуд дорад.

Форсӣ

Дарвоқеъ, танҳо нигароние, ки дар солҳои ахир борҳо аз сӯйи ниҳодҳои расмӣ, мисли кобине ва порлумони Афғонистон, дида шудааст, дар баробари вожаҳои асили форсӣ ё, дар мавориде, корбурди муъодилҳои сохташуда дар забони форсии Эрон аст.
Корбурди вожаҳои форсии "донишгоҳ" ва "донишкада" ба ҷойи муъодилҳои паштуи онҳо, "пӯҳантун" ва "пуҳанзай", дар канори бархе вожаҳои форсии дигар, монанди "додгоҳи олӣ" ба ҷойи "истара маҳкама", "додситон" ба ҷойи "соранвол" ва монанди инҳо то кунун борҳо хашми мақомҳои давлатии Афғонистонро барангехтааст.

Дар Афғонистон агар касе аз вожаи форсии "хиёбон" истифода кунад, ки решаи чандсадсола дорад, барчаспи бегонагароӣ мехӯрад, бино бар ин, ногузир аст ба ҷойи он бигӯяд "сарак" (ҳиндӣ) ё "вот" (пашту), ё аз вожаи арабии "ҷодда" истфода кунад, ки маънои дақиқе барои хиёбон нест, балки ба роҳҳои буруншаҳрӣ гуфта мешавад.

Муъодилсозӣ

Ин нигаронӣ дар миёни бархе форсизабонҳои Афғонистон вуҷуд дорад, ки давлат бештар вожаҳои форсиро ҳадаф қарор медиҳад ва муъодилсозиҳои пашту на танҳо бо мухолифате мувоҷеҳ намешавад, балки бо корбурд дар идорот ва нашриёти давлатӣ расмият меёбад.

"Ин нигаронӣ дар миёни бархе форсизабонҳои Афғонистон вуҷуд дорад, ки давлат бештар вожаҳои форсиро ҳадаф қарор медиҳад ва муъодилсозиҳои пашту на танҳо бо мухолифате мувоҷеҳ намешавад, балки бо корбурд дар идорот ва нашриёти давлатӣ расмият меёбад."

Ба гунаи мисол, истифода аз вожаи куҳани "дабистон" (Носири Хисрав: Ҳасрат накунад кӯдакро суд ба пирӣ, Ҳар гаҳ ки ба хурдӣ бигурезад зи дабистон) бо ҳассосият ва мухолифат мувоҷеҳ мешавад, аммо муъодили паштуи он, "шуванзай", комилан роиҷ аст ва дар тоблуи мактабҳои ибтидоӣ навишта мешавад.

Ҳамчунин, дар ҳоле ки истифода аз иборатҳои форсӣ, мисли додгоҳи олӣ, додситон, нигористон, донишгоҳ, донишҷӯ ва монанди инҳо, "бегона" пиндошта мешаванд, муъодилсозиҳои ҷадиди пашту барои вожаҳои мавҷуд, монанди интихобот (тӯлтоканӣ), номзад ё кондидо ( нӯмонд), раисҷумҳур (вулесмашр), акс (анзур), расона (расне) ва ... бо истифода дар номанигориҳои идорӣ ва сойтҳои давлатӣ расмият меёбад ва тарвиҷ мешавад.

Ба ҳамин сурат, форсизабонҳои Афғонистон ногузиранд вожаҳои арабӣ, инглисӣ, урду, муғулӣ ва фаронсавии мавҷудро ба унвони "терминоложии миллӣ" бипазиранд, дар сурате ки ҳатто барои номи вазоратҳо ва идороти давлатӣ ба забони пашту муъодилсозӣ шуда ва расман истифода мешавад.

Да шуванӣ ав рӯзанӣ вазорат (вазорати таълиму тарбия)
Да лур здакару вазорат (вазорати таҳсилоти олӣ)
Да вулесмашр ваёнд дафтар (дафтари сухангӯйи раисҷумҳурӣ)
Да курню чору вазорат (вазорати умури дохила)
Да баҳранаю чору вазорат (вазорати умури хориҷа)
Да калю да биёрғуванӣ ав парохтиё вазорат (вазорати эҳё ва инкишофи деҳот)
Да омӣ гаттӯ вазорат (вазорати фавоиди омма)
Да омӣ рӯғтиё вазорат (вазорати сиҳҳати омма)

Бо ҳамаи инҳо, огоҳон муътақиданд, ки дар миёни оммаи мардуми Афғонистон ҳассосияте нисбат ба корбурди забонҳои пашту ё форсӣ вуҷуд надошта ва надорад, то замоне ки давлат ин ҳассосиятҳоро ба вуҷуд наёварад. Таҷруба нишон додааст, ки ҳарҷо давлат дар ин маврид дахолат карда, ҳассосиятҳо миёни мардум низ роҳ ёфтааст.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?