http://tajikam.com

Барои пайрезии ҷомиае бикӯшем... PDF Чоп
Муаллиф: Виктур Ҳуго   
06.03.2013 08:44

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Барои пайрезии ҷомиае бикӯшем, ки дар он ҳукумат бештар аз як қотили оддӣ ҳаққи қотил будан надошта бошад. Ва вақте ки ба сурати ҳайвоне дарранда амал кунад, бо худаш низ чун ҳайвони дарранда амал шавад. Барои пайрезии ҷомиае бикӯшем, ки дар он ҷойи кашиш дар калисои худаш бошад ва ҷойи давлат дар марокизи кори худаш, на ҳукумат дар маъвизаи мазҳабии кашишон дахолат кунад ва на мазҳаб ба будҷаву сиёсати давлат коре дошта бошад.

 

 

Дар сафҳаи 5 ҷилди аввали китоби “ Пас аз ҳазору чаҳорсад сол” и Шуҷоиддини Шифо, матни суханронии бедорибахши Виктур Ҳуго, адиби бузурги Фаронса нашр шудааст. Ин суханронӣ 163 сол пеш, барои нахустин бор дар Маҷмаи умумии қонунгузории Фаронса ба тоърихи 15 жонвия) январи соли 1850 -и мелодӣ бозтоби рӯшан ва густурдаи ҷаҳонӣ ёфта буд.

Барои пайрезии ҷомиае бикӯшем, ки дар он ҳукумат бештар аз як қотили оддӣ ҳаққи қотил будан надошта бошад. Ва вақте ки ба сурати ҳайвоне дарранда амал кунад, бо худаш низ чун ҳайвони дарранда амал шавад. Барои пайрезии ҷомиае бикӯшем, ки дар он ҷойи кашиш дар калисои худаш бошад ва ҷойи давлат дар марокизи кори худаш, на ҳукумат дар маъвизаи мазҳабии кашишон дахолат кунад ва на мазҳаб ба будҷаву сиёсати давлат коре дошта бошад.

Барои пайрезии ҷомиае бикӯшем, ки дар он, ҳамчунон ки қарни гузаштаи мо қарни эълони тасовии(баробарии) ҳуқуқи мардон буд, қарни ҳозири мо қарни эъломи баробарии комили ҳуқуқи занон бо мардон бошад.

Барои пайрезии ҷомиае бикӯшем, ки дар он омӯзиши умумӣ ва ройгон, аз дабистон гирифта то ба кулждуфронс( донишгоҳи Фаронса) ҳама ҷо роҳро ба яксон ба истеъдодҳо ва омодагиҳо бигшояд, ҳар ҷо ки фикре бошад, бояд китобе низ бошад. На як рустое бе дабистони laic(ғайримазҳабӣ) бошад, на як шаҳре бе дабиристон, на як шаҳристони бе донишгоҳ, ва ҳамаи инҳо зери назар ва масъулияти ҳукумати лойик, ҳукумати комилан laic(озод ва дунявӣ), ҳукумати мунҳасиран laic . Барои пайрезии ҷомиае бикӯшем, ки дар он балои вайронгаре бо номи гуруснагӣ ҷойе надошта бошад.

Шумо қонунгузорон аз ман бишнавед, ки фақр офати як табақа нест. Балои ҳама ҷомиа аст. Ранҷи фақир танҳо ранҷи фақир нест, вайронии як иҷтимоъ аст. Иҳтизори(дар ҳоли ҷон кандан будан) тӯлонии фақир аст, ки марги ҳоди(тезу пуразоб) тавонгарро ба дунбол меоварад. Фақр бадтарин душмани назму қонун аст. Фақр низ ҳамонанди ҷаҳл шабе торик аст, ки илзоман мебояд сапедае дар пай дошта бошад.

Виктур Ҳуго, Суханронӣ дар Маҷмаи қонунгузории Фаронса, 15 январи соли 1850

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?