http://tajikam.com

Симини Беҳбаҳонӣ: Чаро ба хатти форсии худатон барнамегардед?
Муаллиф: Исфандиёри Назар   
12.04.2013 07:57

Бознашр аз торнамои Би Би Си

Ҳадафи сафарам ба Теҳрон мулоқот кардан ба устоди ғазали форсӣ Симини Беҳбаҳонӣ буд. Мехостам маҷмуъаи комили ашъорашро, ки зери унвони «Як доман гул» тавассути нашриёти «Ирфон» моҳе пеш ба нашр расонидам, ба ӯ расонам.

Симин ҳанӯз соли 2006 бо навиштани номае иҷозати нашри осорашро ба ман дода буд. Ҳамчунин 8-9 сол қабл аз Париж ба ӯ телефонӣ суҳбат карда будам. Аммо ин орзуву иштиёқ маро ҳамеша дар қайди худ медошт, ки бо ӯ мулоқот кунам ва суҳбате роҷеъ ба шеъру зиндагияш анҷом диҳам.

Иддае аз дӯстон қабл аз сафар ба ман иттилоъ доданд, ки Симин ба хотири андешаву ашъори сиёсиаш дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва шояд натавонам бо ӯ ҳамсуҳбат шавам. Ҳамчунин гуфтанд, ки шояд китобро ҳам ба ӯ расонида натавонем...

Идома...
 
Мо ғамшарики Шумоем, бародару хоҳарон!
Муаллиф: Adminstrator   
12.04.2013 06:27

Қарори гузориши расонаҳои ҳамагонӣ, асри 20 фарвардин(ҳамал) , 9 апрели соли 2013 зилзила бо шиддати 6,1дараҷаи Рихтер ҷануби Эрон ва остони Бушаҳрро ларзонд, ки мӯҷиби кушта шудани даҳҳо тан ва захмӣ шудани садҳо тан ва вайронии хонаҳои бисёр ва овора шудани чанд ҳазор нафар гаштааст. Конуни ин зилзила дар шаҳри Шанбе ва Кокӣ аз тавобеи шаҳристони Даштии остони Бушаҳр буд. Шумори кушташудагони ин фоҷиа, пас аз ин ки ҳама аҷсод аз зери хишту хок берун оварда шаванд, афзун аз он чи ки ҳоло мегӯянд, хоҳад буд.

Мо дабирон ва дастандаркорони пойгоҳҳои “Тоҷикам” ва “Тоҷикон” аз сӯи хеш ва ҳамчунон ба намояндагӣ аз ёрону ҳамбоварони ин пойгоҳҳо барои ҳама мардуми шарифи Эрон ва ба мардуми мусибатдидаи Бушаҳр тасаллият мегӯем, барои ҷонбохтагон биҳишти барин ва барои бозмондагон сабру шикебоӣ таманно дорем.

Идома...
 
Ғамат марги баҳорамро даровард
Муаллиф: Сафар Абдулло   
10.04.2013 13:32

Хабари марги нобаҳангоми дӯсти азиз ва ҳамклоси донишгоҳиям Улашбой (Пайванди Гулмуродзода) дили реш решамро рештар кард.Ҳамин чанд рӯз пеш паёме ирсол намуда ҷӯёи ҳолам буд.Завқи зистан ва навиштан дошт.Бобати ҳамкориҳояш бо устоди фарзонаи фақидам Муҳаммадҷони Шакурӣ ,аз ӯсипосгузорӣ кардам.Одами миллӣ буд ва таърихи матбуоти тоҷикро хуб омӯхта буд.Бисёре аз мақолотеро,ки ҷанбаи миллӣ дошт баргардон намуда дар Тоҷикистон ба чоп расонд. Аз тоҷикони Ӯзбакистон буд.Теъдоди тоҷикон дар Ӯзбакистон ,агар бештар набошад,камтар аз тоҷикони Тоҷикистон нест!.Инро барои он мегӯям,ки мебинам,бархе аз фурумоягон,ки худро "таҷики тап таза" эълон кардаанд, алайҳи тоҷикони Ӯзбакистон дар сафаҳоти расонаҳо носазо мегӯянд.Ҳоло чунин рафтори палидонаи зиштро алайҳи Раҳматуллоҳ Зойируф шуруъ кардаанд.Мо ба ин нобакорӣ набояд роҳ бидиҳем. ..

Идома...
 
Комиссиюни мустақили назорат бар татбиқи Қонуни Асосӣ: Истифодаи вожаҳое мисли “донишгоҳ” ғайриқонунӣ нест
Муаллиф: “Ҷовидон”   
28.03.2013 13:16

Бознашр аз торнамои “Ҷовидон”

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Ҷанҷол бар сари истифода аз бархе вожаҳои форсӣ, аз замони кор рӯйи Қонуни Асосии кишвар дар идораи муваққат, оғоз шудааст. Ин ҷанҷолҳо, ки бештар бар сари истифодаи вожаи донишгоҳ буд, дар мавориде ба тазоҳуроти хиёбонӣ ва хушунат кашида шуда буд. Дар як маврид, Карим Хуррам--вазири пешини иттилоот ва фарҳанг ду тан аз хабарнигорони телевизиони давлатӣ дар вилояти Балхро, ба маҷозоти ҷарима ва маҳрум шудан аз вазифа маҳкум карда буд. Вазири иттилоот ва фарҳанги он замон, гуфта буд, ки истифода аз вожаҳои “донишгоҳ” ва “донишкада” хилофи терминоложии миллӣ ва мусталаҳоти миллӣ аст. Ин иқдоми оқои Хуррам бо мухолифатҳои шадиде мувоҷеҳ шуд ва мухолифони ин сиёсат, ҳукуматро ба татбиқи сиёсати ғалати фарҳангӣ ва фошистӣ муттаҳам кардаанд.

Аммо дар тафсире, ки Комиссиюни мустақили назорат бар татбиқи Қонуни Асосӣ, дар мавриди моддаи шонздаҳуми Қонуни Асосӣ ба Маҷлиси намояндагон фиристода, возеҳ шудааст, ки истифода аз вожаҳои “донишгоҳ”, “донишкада” ва...мушкили қонунӣ надорад.

Идома...
 
Ёди Наврӯз дар Кобули қадим
Муаллиф: Наҷми Ковиёнӣ, адиб ва донишманд, корманди Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоии Амстердам   
28.03.2013 13:07

Бознашр аз торнамои родиои "Озодӣ"

Дар Кобулистон Наврӯз ба унвони ҷашни баҳор, намое аз фарҳанги поринаи бумӣ тавассути пиру барно бо маросим ва одоби наврӯзӣ баргузор мешуд ва мешавад.

Шаҳри куҳнаи Кобул, қалби тапандаи Кобулистон, пешинаи 3500-сола дорад ва дар доманаҳои куҳи Шердарвоза, Косаи Бурҷ ва Осмоӣ, дар ду тарафи дарёи Кобул аз Бохтар ба Ховар афтодааст. Ин шаҳр ёдгор ва намодест аз бошандагони аслии Кобул, бошандагоне, ки ба фарҳангпарварӣ ва хирадварзӣ, айёрӣ ва ҷавонмардӣ машҳуранд. Саҳми кобулиён дар ҷунбишҳои озодихоҳӣ, машрутият, демокрусӣ ва пешрафти сарзамини мо чашмгир буд ва ҳаст. Ин шаҳр дар дарознои таърих шаҳри форсизабонон буд ва ҳаст.

Идома...
 
Шодбоши наврӯзӣ
Муаллиф: Админстратор   
21.03.2013 09:21

شادباش نورئزی و یاری به نواموزان خط فارسی

Шодбоши Наврӯзӣ ва ёрӣ ба навомӯзони хати форсӣ

نوروز یادگار

آئین زرتشت

مهر کورش

جام جمشید

تیر آرش

Идома...
 
"Шаби бурвеҷ"-и Ёгед
Муаллиф: родиои "Озодӣ"   
21.03.2013 08:39

Бознашр аз торнамои родиои "Озодӣ"

Бурвеҷ шаби 20-ум ба 21-уми март ҷашн гирифта мешавад ва маҳз дар ин шаби бурвеҷ хони наврӯзӣ ороста мешавад ва азбаски аз тамоми ноҳия меҳмонон ба қишлоқ ташриф меоварданд, ҳама дар гирди хони наврузӣ менишастанд ва мунтазири афрӯхтани оташи наврузӣ мешуданд.

Дар бораи шаби бурвеҷ дар ягон луғат, аз ҷумла «Ғиёс-ул-луғот» чизе пайдо накардем.Аммо аз мусоҳиба бо солмандони Ёгед дарёфтем, ки бурвеҷ шояд калимаи суғдӣ бошаду маънои «муқаддас»-ро дорад, яъне «шаби муқаддас». Аммо баъзеҳо бар ин ақида ҳастанд, ки бурвеҷ шояд аз калимаи бурҷ гирифта шуда бошад, зеро маҳз дар ин рӯз офтоб ба бурҷи ҳамал мерасад ва шабу рӯз ҳам баробар мешаваду Навруз ҳам оғоз мешавад.

Идома...
 
Рӯнамоӣ аз нахустин шумораи маҷаллаи 'Забони порсӣ'
Муаллиф: Би Би Си   
20.03.2013 00:45

Бознашр аз торнамои Би Би Си
Гардонандагони сафҳаи “Забони порсӣ” дар Фейсбук дар бораи ҳадафҳои таъсиси ин гурӯҳ навиштаанд: “Ин сафҳа барои бозгӯии мушкилоти забони порсӣ дар Фарорӯд (Осиёи Миёна) ва ҷустуҷӯи роҳкорҳо ва беҳбуду густариши он гушоиш ёфт.”
Ҳамакнун баррасии мушкилот ва пешниҳоди роҳкорҳо “бо ҳадафи нишондани порсӣ дар ҷойгоҳи сазовори он дар Тоҷикистон” натанҳо дар сафҳаи Фейсбук матраҳ шуда, балки дар маҷаллаи “Забони порсӣ” низ дарҷ хоҳад шуд.
Ҳадафи гурӯҳ ва маҷаллаи "Забони порсӣ" нишондани порсӣ дар ҷойгоҳи сазовори он дар Тоҷикистон унвон мешавад

Идома...
 
Наврӯзро пос дорем
Муаллиф: Наҷми Ковиёнӣ   
20.03.2013 00:13

Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”(www. Tajikam.com)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Дар вопасин таҳлил Наврӯз ҷашни сиёсӣ будааст ва ба унвони ҷашни сиёсӣ боқӣ мемонад. Наврӯз нишонае аз муқовимат ва пойдории шуҷоъонаи миллати мо ва фарҳанги пурбори мо дар баробари тороҷгарон ва ғоратгарони рӯзгорони гузашта ва ҳол аст. Мардумони мо Наврӯзро аз миёни тӯфон ва оташ убур дода ва ба унвони парчами ҳувияти миллии худ устувор нигоҳ доштаанд . Навӯз ҷашни умеду ҷашни мондагор аст. Наврӯзи навофарин пайки пирӯзии нав бар куҳна ва паёмовари оғози як зиндагии навин аст.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?