http://tajikam.com

Маҷлиси Сено: қавмияти ҳар фард дар тазираи электруникӣ возеҳ бошад
Муаллиф: “Ҷовидон”   
19.04.2013 13:38

Бознашр аз торнамои "Ҷовидон"

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Маҷлиси Сенои(сенат) кишвар аз Вазорати дохила хостааст то таллуқи қавмии ҳар фарди сокин дар Афғонистонро, дар тазкираҳои ( шиносномаҳои) электруникӣ дарҷ кунад.

Ба гузориш аз рӯзномаи “8-и субҳ» , Муҳаммадалам Эзидёр, мувини аввали Маҷлиси Сено, дар нишасти рӯзи гузаштаи ин маҷлис гуфт, ки дарҷи номи ақвом ва миллиятҳои сокини Афғонистон дар тазкираҳои электруникӣ, ба ҳеч унвон мухолифи ваҳдати миллӣ нест.

Идома...
 
Дар ҳошияи матлаби “Тоҷикони Ӯзбакистон”- и Ричард Фолдз
Муаллиф: Самандар Хоҷаев   
17.04.2013 20:51

Вақте дастгоҳҳои таблиғотӣ ва марказҳои илмии як кишвар аз “Авасто” гирифта то осори мутафаккирони қарни 20- ро мутааллиқ ба қавме медонад, фарзанди дигари он хонадон, ки ӯ ҳам ба он мерос чашм дӯхтааст, фаромӯш мешавад. Мехоҳи суол кунӣ: падари ӯ бо шумо бегона аст ё модараш? Чаро дар китоби дарсие, ки дар Тошканд нашр мешавад, ҷойи тоҷик холист? Торих набояд барои идеуложӣ хидмат кунад. Торихнависии идеуложик, ки замони шӯравӣ оғоз шуда буд ва барои ҳар қавме торихсозӣ мекард, ҳанӯз ҳам идома дорад. Агар касе ба ҷуз ин китобҳо китоби дигареро нахонад, ҳатман ба ин бовар мерасад,ки тоҷикон бо аъроб омаданд, Темур ё ҳар кишваргушойи дигар ба унвони бардагону канизон бо худ оварда ва ё ҳатто авлоди лӯлиёни мултонӣ ҳастанд. Чароки, манбаъи дигаре дар дастрас нест ва дурӯғпардозон ин ҳарфҳои дарунхолиро ҷойгузини воқеиятҳои торихӣ кардаанд. Бегонаситезӣ, шовинизм, танаффур аз ақвоми дигар аз ин ҷо манша намегирад? Бо ин кутуби дарсӣ ингуна одамон тарбият мешаванд.

Идома...
 
Тоҷикони Ӯзбакистон
Муаллиф: Ричард Фолтз   
17.04.2013 20:46

Баргирифта аз гоҳномаи баррасиҳои Осиёи Миёна, соли 1996 милодӣ, шумораи 15(2), сафаҳоти 213 то 216.*

Нависанда: Ричард Фолтз (Richard Foltz), аз аъзои Маркази мутолиъоти Ховари Миёна, донишгоҳи Ҳарвард.

Тарҷума аз англисӣ ба форсӣ аз Монӣ Порсо

Баргардон аз хати форсӣ: Самандар Хоҷаев

Намояҳои расмии саршумории кишвари Ӯзбакистон шумори тоҷикони ин кишварро пиромуни 5 дарсади кулли ҷамъият (аҳолӣ) эълом кардаанд ва ин намояҳо бидуни чуну чаро аз сӯйи бештари ғарбиёни донишгоҳӣ, рӯзноманигор ва нависандагони роҳнамои мусофиратӣ такрор шудаанд. Дар ҳамин ҳол тоҷикҳо дар саросари Ӯзбакистон бар ин пофишорӣ доранд,ки ин намоя бештар ба 25 то 30 дарсад наздик аст ва бар ин ки тоҷикҳо 70 дарсади бошандагони (ҷамъият) Самарқанд – пойтахти пешин ва дуввумин шаҳри бузурги Ӯзбакистон ва беш аз 90 дарсади мардуми Бухороро ташкил медиҳанд, таъкид мекунанд.

Идома...
 
Забони форсӣ як ҳувийят аст
Муаллиф: Доктор Басири Комҷӯ(Афғонистон)   
15.04.2013 21:49

Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”

Баргардон аз хати форсӣ: Фирдавси Аъзам

Ман таъкид мекунам, ки забони форсӣ аз як ҷиҳат, ба иловаи хазонаи фарҳанги бостонии ин сарзамин, як ҳувийят ва як ғурур аст ва мо ин ҳувийят ва ғурурро раҳо намекунем.Ин ҳувийят ва ин ғурур дар ҳуну гӯшту пӯст ва устухони фард-фарди форсизабонони саросари ҷаҳон аҷин(омехта, сиришта) шуда аст. Зудудани чунин як ҳувийят ва як ғурур аз ҷону дили мардум ва аз дилу домони ин сарзамин дур аз тасаввур ва маҳолу хиёл аст.

Идома...
 
Таркиби воқеии ақвоми Афғонистон: То сияҳрӯй шавад, ҳар кӣ дурӯғаш бошад
Муаллиф: Муҳаммад Носеҳ(Афғонистон)   
15.04.2013 21:29


Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”(www.Tajikam.com

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Таркиби намояндагон дар Луя Ҷиргаи Амонуллохон

паштун 32 %, ғайрипаштун 68%

Ҳол ки таби форсиситезӣ ба авҷаш расидааст, хостам бахшҳое аз пажӯҳиши як донишманди паштунтаборро дар мавриди ҷаълҳои таърихӣ ва иддаъоҳои аксарият ва ақаллияти зимомдорони Афғонистон, бо шумо шарик кунам, то сияҳрӯй шавад, ҳар кӣ дурӯғаш бошад.

Тасвиреро , ки тамошо мекунед, таркиби ақвомро дар Луя Ҷиргаи(Маҷлиси сардорони қабоил, ки паштунҳо онро барои тасмимгириҳои бузург истифода мекунанд ва ҳоло салоҳияти он болотар аз Маҷлиси намояндагон-- ниҳоди қонунбарори кишвар аст, вале мардуми ғайри паштун, ба вижа тоҷикон онро як

Идома...
 
Бозтобе аз андешаҳои устод Рӯдакӣ
Муаллиф: Доктор Басир Комҷӯ   
12.04.2013 08:53

Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”(www.tajikam.com)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ


Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,

Дил ба Бухорову бутони Тароз.

Эзади мо васвасаи ошиқӣ

Аз ту пазирад, напазирад намоз.

Бо он ки мушаххасоти ҷомиаи рӯзгори Рӯдакӣ ( як ҳазору яксаду панҷоҳу панҷ сол пеш аз имрӯз), бо алоим ва нишонаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавомеъе, ки акнун мо дар он зист дорем, яксон набуда, аммо гунаҳои муътанобеҳе (чашмгир, бисёр зиёд) аз ваҷҳи иштироки ин ду унсури аз ҳам мутафовит дар андешаҳои Рӯдакӣ равшанбинӣ шудааст.

Идома...
 
ХУСУСИЯТҲОИ ЭТНИКИИИ ТАШАККУЛЁБИИ ДАВЛАТИ МУТТАМАРКАЗ ДАР АФҒОНИСТОН - 2
Муаллиф: Раҳматулло Абдуллоев   
12.04.2013 08:04

Бознашр аз торнамои “Миллат”

Қисмати аввал

Таҳрифи воқеъияти таърихи гузашта имрӯз ҳам идома дорад. Намунаи кӯшиши аз нав навиштани таърихи гузашта асари муаллифи номаълум - Самсури Афғон «Саққавии дуввум» мебошад. Ин китоб аз тарафи Маркази фарҳанги афғон дар Олмон нашр ва дар Кобул ба забони дари дубора интишор гардида буд. Муаллифи китоб тамоми таърихи қарни ХХ Афғонистонро аз мавқеи миллатгароёни паштун мавриди баррасӣ қарор дода мавҷудияти мардумони ғайрипаштунро инкор сохта аст. Дар муқаддимаи асар муаллиф ба хотири ҳифзи ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Афғонистон иҷрои чанд иқдомро зарур медонад.

Дар баробари пуштибонӣ аз фаъолияти миллатгароёни паштун дар мавриди ба сифати забони давлатӣ ба расмият даровардани танҳо забони пашту ва «афғон» эълон доштани тамоми шарҳвандони Афғонистон, муаллиф ба амал баровардани чанд иқдоми «қотеъона»-ро зарур медонад. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини амнияти минтақаҳои шимолии ҳаммарз бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ва дар атрофи шаҳрҳо ва роҳҳои муҳим, аз тариқи кӯч додани қабоили вилоятҳои ғарбӣ ва ҷанубии кишвар ба ин минтақаҳо, зарурати эҷоди «камари амниятӣ» таъкид мегардад.

Идома...
 
Симини Беҳбаҳонӣ: Чаро ба хатти форсии худатон барнамегардед?
Муаллиф: Исфандиёри Назар   
12.04.2013 07:57

Бознашр аз торнамои Би Би Си

Ҳадафи сафарам ба Теҳрон мулоқот кардан ба устоди ғазали форсӣ Симини Беҳбаҳонӣ буд. Мехостам маҷмуъаи комили ашъорашро, ки зери унвони «Як доман гул» тавассути нашриёти «Ирфон» моҳе пеш ба нашр расонидам, ба ӯ расонам.

Симин ҳанӯз соли 2006 бо навиштани номае иҷозати нашри осорашро ба ман дода буд. Ҳамчунин 8-9 сол қабл аз Париж ба ӯ телефонӣ суҳбат карда будам. Аммо ин орзуву иштиёқ маро ҳамеша дар қайди худ медошт, ки бо ӯ мулоқот кунам ва суҳбате роҷеъ ба шеъру зиндагияш анҷом диҳам.

Иддае аз дӯстон қабл аз сафар ба ман иттилоъ доданд, ки Симин ба хотири андешаву ашъори сиёсиаш дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва шояд натавонам бо ӯ ҳамсуҳбат шавам. Ҳамчунин гуфтанд, ки шояд китобро ҳам ба ӯ расонида натавонем...

Идома...
 
Мо ғамшарики Шумоем, бародару хоҳарон!
Муаллиф: Adminstrator   
12.04.2013 06:27

Қарори гузориши расонаҳои ҳамагонӣ, асри 20 фарвардин(ҳамал) , 9 апрели соли 2013 зилзила бо шиддати 6,1дараҷаи Рихтер ҷануби Эрон ва остони Бушаҳрро ларзонд, ки мӯҷиби кушта шудани даҳҳо тан ва захмӣ шудани садҳо тан ва вайронии хонаҳои бисёр ва овора шудани чанд ҳазор нафар гаштааст. Конуни ин зилзила дар шаҳри Шанбе ва Кокӣ аз тавобеи шаҳристони Даштии остони Бушаҳр буд. Шумори кушташудагони ин фоҷиа, пас аз ин ки ҳама аҷсод аз зери хишту хок берун оварда шаванд, афзун аз он чи ки ҳоло мегӯянд, хоҳад буд.

Мо дабирон ва дастандаркорони пойгоҳҳои “Тоҷикам” ва “Тоҷикон” аз сӯи хеш ва ҳамчунон ба намояндагӣ аз ёрону ҳамбоварони ин пойгоҳҳо барои ҳама мардуми шарифи Эрон ва ба мардуми мусибатдидаи Бушаҳр тасаллият мегӯем, барои ҷонбохтагон биҳишти барин ва барои бозмондагон сабру шикебоӣ таманно дорем.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?