http://tajikam.com

Истиқлоли Тоҷикистон хидмати Тоҳири Абдуҷаббор буд
Муаллиф: "Озодӣ"   
09.09.2013 22:01

Бознашр аз торнамои родиои Озодӣ
“Агар истиқлоли Тоҷикистон ифтихоре дорад, қабл аз ҳама ба номи Тоҳири Абдуҷаббор бармегардад. Дер ё зуд ин ҳақиқатро эътироф хоҳем кард.”
Ин шарҳро дар вокуниш ба матлаби Барнои Қодирдухт “Муаллифи истиқлоли мо кӣ буд? Тоҳири Абдуҷаббор? Ё Ҳувайдуллоев”, ки рӯзи 5 сентябр дар сомонаи озодӣ нашр шуд, як хонандаи мо бо ники “Шогирди устод Тоҳир аз дур” навиштааст. Муаллиф ба сӯҳбатҳои раиси кумитаи парлумони вақти Тоҷикистон Абдусаттор Ҷабборов , ки мегӯяд, матни Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро дар асл ӯву Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев навиштаанд, на Тоҳири Абдуҷаббор, розӣ нест.

Идома...
 
Муаллифи истиқлоли мо кӣ буд? Тоҳир Абдуҷаббор? Ё Ҳувайдуллоев?
Муаллиф: Барнои Қодирдухт   
09.09.2013 21:51

Бознашр аз торнамои родиои  Озодӣ
Ҳар сол дар арафаи иди истиқлолияти Тоҷикистон – 9-уми сентябр - баҳсе рӯ мезанад, ки истиқлоли кишвар дар авоили солҳои 90 чӣ гуна ва дар чӣ фазое ба даст омад?·   

Бархе аз нигорандагон вакили мардумӣ ва раҳбари созмони “Растохез” Тоҳири Абдуҷабборро “меъмори истиқлолияти Тоҷикистон” меноманд, аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, таҳияи эъломия як кори дастҷамъонаи вакилони парлумон буд.

Абдусаттор Ҷабборов, ки дар солҳои 1990-95 раҳбари кумитаи сохтори давлатии Шӯрои Олӣ будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи эъломияи истиқолияти Тоҷикистонро ӯ ва  Нурулло Ҳувайдуллоев, раиси ҳамонвақтаи  кумитаи қонунияти конститутсионӣ ва қонунияти парлумон  таҳия кардаанд.

Идома...
 
Муборизи фарҳанг ва худшиносии миллӣ
Муаллиф: Аҳмадиён Ҳаким Раббимпур, Филаделфия-Самарқанд   
08.09.2013 07:39

Дар замони Шӯравӣ, чун ҳунарпешагони тоҷик ба шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбакистон, ба вижа Самарқанду Бухоро сафар ҳунарӣ мекарданд ва ё ҳангоми баргузории даҳаҳои адабиёт ва ҳунари тоҷик дар ин сарзамин ҳунарманди бузурги тоҷик Маҳмуди Воҳид ҳамеша дар оғози ҳунарнамоӣ байти «Эй Модари Ватан, писаронат намурдаанд, Осуда бош, ки гӯли аҷониб нахӯрдаанд»- ро мехондааст. Ин байт воқиан ифодакунандаи ҳолат ва ҳама шебу фарозҳои аз сар гузаронидаи мардуми ин шаҳрҳои бостониамон—гаҳвораи тамаддуни мардуми тоҷик буд, ки онон бо ҳама “мурда мурда зинда монданҳо” гӯли аҷониб нахӯрданд. Ин байтро метавон дар бораи занону духтарони мубориз ва худшиноси тоҷики ин гаҳворашаҳрҳо низ баён кард.

Идома...
 
“Иттиҳоди интихоботии Афғонистон” эъломи мавҷудият кард
Муаллиф: Ҷовидон   
29.08.2013 23:49

Бознашр аз торнамои “Ҷовидон”

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Понздаҳ ҳизб ва ҷараёни сиёсӣ дар Афғонистон бо ҳам якҷо шуда ва барои доштани номзади муштарак дар инихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, иттиҳоди тозае мавсум ба “Иттиҳоди интихоботии Афғонистон”- ро ташкил доданд.

Ба гузориш аз Би Би Сии форсӣ, Аҳмад Зиё Масъуд-- раиси Ҷабҳаи миллии Афғонистон, Муҳаммад Муҳаққиқ --раиси ҳизби Ваҳдати исломии мардуми Афғонистон, Абдуррашид Дӯстум -- раҳбари ҳизби Ҷунбиши миллӣ- исломии Афғонистон, Абдулло Абдулло-- раҳбари “Эътилофи миллӣ”, Юнус Қонунӣ--раҳбари ҳизби Афғонистони навин ва узви Маҷлиси намояндагон, Атомуҳаммади Нур-- волии Балх, Салоҳиддин Раббонӣ --раиси муваққати ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва Амрулло Солеҳ --раиси “Раванди сабз” аз чеҳраҳои саршинос дар ин раванд ҳастанд.

Идома...
 
Академик Ҳамид Мансуров: "Аз устод Айнӣ сипосгузорам"
Муаллиф: Абдуқаюми Қаюмзод   
27.08.2013 07:04

Ҳамид Мансуров: “Вақте домулло Айнӣ аз ҷаҳон даргузаштанд, Назаршо Додихудоев, раиси Шӯрои вазирон, маро даъват карда гуфтанд, ки «шумо як нафари байни ҳукумат ва оилаи домулло ҳастед. Мо медонем, аз мо пинҳон карда намешавад, ки  устод Айнӣ дар бонк пули зиёд, се миллион доранд. Ҳукумат пешниҳод мекунад, ки 2 миллиони онро ба ҳукумат диҳанд. Мо як мактаб сохта ба номи устод Айнӣ мегузорем. Бигзор як миллионаш дар ихтиёри фарзандҳояшон бошад. Дар оянда ҳам, ки китобҳояшон нашр шуд, як миқдоре аз маблағи он низ ба хонаводаашон расонида мешавад.” Ман омада таклифи ҳукуматро ба онҳо расонидам. Хонуми домулло Айнӣ, холаи ман, дам назаданд, Холида ҳам даму хомӯш буд, вале Камол не гуфт. Вай гуфт, ҳеҷ мумкин нест, ман ба ин роҳ дода наметавонам. Ман баргашта омадам ва ба Ӯлҷабоев гуфтам, ки дигарҳо розӣ, аммо Камол намехоҳад. Сонӣ Ӯлҷабоев гуфтанд, ки дар оянда ҳатто як фоизи маблағи китобҳои чопшудаи устод Айниӣ ҳам ба Камол дода намешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Идома...
 
"Академик Мансуров пири табибони тоҷик буд"
Муаллиф: Би Би Си   
27.08.2013 07:00

Дар Масҷиди марказии Душанбе ташйиъи ҷанозаи окодемисиян Ҳомид Мансуров баргузор шуд
Дар маросими ташйиъи ҷанозаи Ҳамид Мансуров, пизишки саршинос ва раҳбари Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи (муолиҷаи амрози дохилӣ) Тоҷикистон ӯ устоди бештари пизишкони ин кишвар ва “пири табибони тоҷик” унвон шуд.

Идома...
 
Ҳафтаномаи “Ойина” садсола шуд
Муаллиф: Наҷми Ковиёнӣ, корманди илмии Пажуҳишкадаи байнулмилалии таърихи иҷтимоии Амстердам   
20.08.2013 00:39

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Замона ва корномаи ҳафтаномаи “Ойина”

Ҳафтаномаи “Ойина” сад сол пеш дар 20 августи соли 1913 ба сардабирии Маҷмудхоҷа Беҳбудии Самарқандӣ (1875 --1919) дар Самарқанд, яке аз марказҳои фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон оғоз ба нашр кард.

"Ойина” дар нахустин шуморааш навишт:

“ Дар ин замон баъзе ашхосе, ки бо чашми боз аҳвол ва авзоъро нигоҳ мекунанд, талаби ислоҳ мешаванд... Агар аз онҳо пурсида шавад, ки ислоҳ аз куҷо сар (оғоз) мешавад, ҷавоб хоҳанд, гуфт, ки аз мактабу мадраса . Чунки ҳаёти миллат вобаста ба мактабу мадраса аст...

Идома...
 
Боз гӯям, боз гӯям, боз гӯям: Тоҷикам!
Муаллиф: Баҳори Саид   
20.08.2013 00:27

Бознашр аз торнамои "Тоҷикам"

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Духти афғон нестам, духти Хуросонам ҳанӯз

Духти Кобул аз тани худ то Бадахшонам ҳанӯз.

Духти тоҷик аз ҳазоронсолаи ин меҳанам,

Кист гӯяд нестам хуни ниёконам ҳанӯз?

Идома...
 
Таассуф
Муаллиф: Зафари Сӯфӣ   
11.08.2013 23:39

Бознашр аз торнамои «Озодагон»

Онҳо аз табори офтобанд дар зулмат. Дар он зулмате, ки шояд чанд даҳаи дигар комилан боиси нобудии фарҳангу забони ин табор дар сарзаминҳои бобоияшон шавад. Онҳо вопасинҳоянд ва мо барои идома ва роҳрави дигар доштани роҳи онҳо ҳеч коре анҷом надодаему анҷом намедиҳем. Ҳарчанд иддаоҳои пучамон гӯши фалакро кар мекунад...
Онҳо чанд тан бештар нестанд. Барои шуморашон шояд ангуштони ду даст кофӣ бошад. Ин чанд тани ангуштшумор умеди ману афроде мисли ман аст, ки дар он марзу буми аҷдодӣ барои зинда мондани тоҷик талош кардаанду талош мекунанд. Онҳо баҳонае воқеъӣ барои мутанаффир нашудани ману афроде мисли ман аз ҳамзабонҳову ҳамхунҳо дар он обрав буданду ҳастанд. Онҳо парчамдоранд, онҳо қаҳрамонҳои воқеан миллӣ ҳастанд. Устод Муҳсин Умарзода яке аз он нафарон буданд.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?