http://tajikam.com

Дагихудо Дагиев: Табартақсими Осиёи марказӣ, беадолатии ҳизби коммунист ва пантуркизм сабаби ҷанги дохилии Тоҷикистон
Муаллиф: "Миллат"   
16.12.2013 12:30

Дар ин замина на танҳо марказҳои фарҳангӣ, балки қисми зиёди ҷамъияти тоҷикон дар сарзамини аҷдодии хеш бегона бе сару сомона гардиданду иҷборан ҳувиятеро ба сарашон бор карданд, ки ҳатто дар тасаввуру тахаюли ин мардум намеғунҷид, яъне узбак ном гирифтанд ва аз он ба баъд дар сарзамини падару бобои хеш шаҳрванди давлате шуданд, ки то ба ин рӯз дар ҳеч харитаи торихи дунёи қадим зикр нагардида буд. Номи узбак мисли "советский народ" барояшон бегона буд, чун ин унвон таҷассуми фарҳангу торих, урфу одат ва ҳувияти миллии онҳо ва ё гузаштагони онҳоро дар худ инъикос намекард. Вале мутаассифона бо роҳи таҳдиду фишор ва зӯроварӣ узбак сабт гардиданд...

Идома...
 
Таронаи ягонагии тоҷикон
Муаллиф: Абдулло Орин Посдорон   
13.12.2013 23:13

Самарқандӣ, ту бо ман ҳамнажодӣ!

Самарқандӣ, ту бо ман ҳамнажодӣ,

Бухороӣ, зи ман тоҷик зиёдӣ.

Ту, кӯлобӣ, ба ҷон моро баробар,

Хуҷандӣ балхиро ёру бародар.

Идома...
 
Бубахшен, Шумо ҳаромӣ ҳастен ё не?
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
13.12.2013 22:42

Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”( Tajikam.com)

Баргардон аз хати форсӣ

...Шумо фарёду фиғони Фарҳод Азимиро дар Маҷлиси Шӯро нашунидед, ки гуфт “ман тоҷик ҳастам ва бо ҳуввияти худ ифтихор мекунам” ва дар баробари фошистҳо эътироз кард ? Шумо хабар надоред, ки дар Маҷлиси Сено болои оқои Муҳаммадолами Эзидёр ҳамла карданд ва мехостанд латту кӯбаш кунанд? Шумо хабар надоред, ки мардуматон аз шунидани он тавҳинҳо ва дашномҳои фошистҳои авғон ба сутӯҳ омадаанд ва аз шумо таваққуъ доранд, ки аз худ як вокунише нишон диҳед ва сухане бигӯед ва аз шарафу ҳайсияти худ

дифоъ кунед ва ҳалолӣ будани худро ба намоиш бигзоред? Дар ин ҳол ки Шумо садоятонро намекашед ва эътироз намекунед, чи вақт раги ғайрати Шумо хохад ҷунбид?

Идома...
 
"Тоҷикистон - исми ман" - ашъоре бо "ҳақиқати ҳама замонҳо"
Муаллиф: "Озодӣ"   
13.12.2013 22:28

Ҳайдаршои Акбар мегӯяд,  “албатта, достонҳое чун “Сурӯши Сталинград”, “Гаҳвораи Сина” ва “Мавҷҳои Днепр”, ки замони камолоти шоир эҷод шудаанд, намунаи истеъдоди волои шоирии Қаноат маҳсуб мешаванд ва аммо “Масъуднома”, охирин достони шоир ҳам, аз сӯи алоқамандони назм хуб пазируфта шуд.  Дар ин ҳамоса, ки ба Аҳмадшоҳи Масъуд бахшида шудааст, шоир  бо истифода аз сабки вижа хислатҳои ахлоқии фармондеҳи маъруфро тасвир кардаст”.

Идома...
 
Гушоиши дафтари марказии “Анҷумани Хуросониён”
Муаллиф: Пойгоҳи “Тоҷикон”   
13.12.2013 22:16

Бознашр аз торнамои “Тоҷикон” (http://www.tajikmedia.com/)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Гушоиши дафтари марказии “Анҷумани Хуросониён” –ро ба ҳама аъзои он анҷуман ва ба тамоми мардуми тоҷик хуҷаста бод мегӯем. Орзумандем, ки “Анҷумани Хуросониён” битвонад дар роҳи таҳаққуқи аҳдофи бузург ва инсонии хеш гомҳои устувор бигзорад ва дар хидмати фарҳанг, забон ва арзишҳои писандидаи мо бошад.

Идома...
 
Бозор Собир: Шеър дар ҳалқам бимирам
Муаллиф: Зебуннисо Холназарова ва Нурмуҳаммад Одинаев   
13.12.2013 21:41

Бознашр аз торнамои “Миллат”

--Шеър барои ман ҳаёт аст. Умрам бо ҳамин шеъри исқотӣ гузашт. Ман ҳанӯз дар навқаламиам гуфта будам, ки:

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.

Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,

Шеър дар ҳалқам бимирам,

Шоири халқам бимирам

Идома...
 
Мирзоён: "Чавгон мероси муштарак аст, на моли озариҳо"
Муаллиф: Муҳаммадвафо Ризозода   
13.12.2013 21:29

Бознашр аз торнамои родиои  Озодӣ
Иддае аз донишмандони тоҷик бо ирсоли як нома ба ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд, ки бозии «чавгон», ки дар феҳристи ин созмон ба номи Озарбойҷон сабт шудааст, мероси муштарак дониста шавад.
Дар ин нома, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ иншо шуда ва як нусхаи он ба дасти “Озодӣ” низ расид, аз хонум Ирина Бокова, директори генералии ЮНЕСКО хоста шудааст, ки дар иваз ин бозӣ мероси муштараки мардуми Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Арманистон, Туркманистон, Узбакистон ва Озарбойҷон низ дониста шавад.

Идома...
 
Барандаи асосии интихобот бояд мардум бошад!
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
06.10.2013 08:14

... Атрофиёни раиси ҷумҳур хостанд ба Қонуни Асосӣ тағйирот ворид карда, Саид Муҳаммади Хотамӣ ин сиёсатмадори тавоно ва дӯстдоштаи ҳамагонро, ки барои пешрафти Эрон кори зиёде кардааст, бори сеюм номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Вақте ба ӯ  гуфтанд, ки ҳоло дар кишвар ба мақоми раиси ҷумҳурӣ аз Шумо арзандаву беҳтаре нест ва Шумо барои пешбарии номзадиатон ризоият бидиҳед, ӯ басо нороҳат шуд ва гуфт:

--Ин чӣ ҳарф аст?! Дар Эрони чандҳазорсола, Эроне, ки бо илму адаб ва фарҳанги волояш дар дунё машҳур аст, каси дигаре ҳампояи ман нест?! Ин нукта таҳқири Эрон ва мардуми мост. Дар Эрон ҳазорон инсонҳое ҳастанд, ки чун ман ва болотар аз мананд. Ман ҳеч гоҳ хостаи чанд танро болотар аз Қонуни Асосӣ намегузорам ва ба худ ва ё ҳар каси дигар  иҷоза намедиҳам, ки ба он тағйирот ворид намоянд. Қонуни Асосӣ муқаддас аст! Бигзор мардум шахси дилхоҳашро аз номзадҳои нав баргузинад, мардум заршинос ва дорои масъулияти баланд аст ва ҳеч гоҳ дар гузиниши хеш иштибоҳ намекунад...

Идома...
 
Муаррихи тоҷик: "Хатти кириллӣ саратони забони миллист"
Муаллиф: Луқмон БОЙМАТОВ, муаррих   
06.10.2013 08:06

Мо бояд бидонем, ки хатти кириллик (русӣ) саратони хуни маънавиёти миллат аст. Хатти кириллик - русӣ аз гурӯҳи хатти арабиасос нест ва он барои русзабонон омили пешрафат аст, вале барои тоҷикон нобудкунандаи селулҳои ҳастии миллат ва маънавиёти он аст. Замоне ки миллат рӯҳияаш қавӣ аст, ҳар зарбаро метавонад таҳаммул кунад, вале рӯҳияи шикастаи миллатро кадом ҷомеъа метавонад таҳаммул намояд? Фақат хатти ниёкон хуни зиндасоз дар сарнавишти таърих, ҳуввият ва тафаккури миллӣ аст ва бидуни хуни хеш сарнавишти хеш зиндаву солим нахоҳад буд!

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?