http://tajikam.com

Падари ин Истиқлол Тоҳири Абдуҷаббор ном дорад
Муаллиф: Аҷами Калонзод   
29.09.2011 09:26

 


Тифле бо номи Истиқлол

Як тифли 1 сола 20 сола мешавад ва ба воя мерасад. Тифле, ки ба мисли Мӯсо ҳазорсолаҳо ин миллат ва қавм интизораш буданд ва он ҳамеша ба мисли Исо наҷотдиҳандаи ин миллати рӯҳан бузургу ҷисман шикаста ёд шудааст. Ҳамеша поянда будану озод буданро ин миллат бо будани ин тифли акнун 20 сола медиданд. Тифле, ки чун ханҷари Рустами Достон ҳимоятгари сарзамини ин миллат ва ба мисли Фирдавсӣ соябони фарҳангу забони ин миллати камтолеъ шинохта шудааст, то расми хуби ин миллат поянда бимонад.

Барои таваллуд шудани ин тифл абармардони миллатсоз ва равшанфикрони роҳи озодӣ дар тӯли асрҳо талошҳое, карданд то, ки Модар- Замини ин миллат обистан шавад ва тифл ба дунё биояд. Талошҳо ва шиканҷаҳо ҳама пушти сар шуду асрҳо идома ёфт ва саранҷом бо талошҳои таърихии он миллатсозон ва фарзандони ҷасуру огоҳи муосири ин миллат, ки дар поён номи онҳо ёдоварӣ хоҳад шуд, дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ин тифл ба дунё омад. Тавлид шудани тифл муҳимтарин ҳодисаи сиёсӣ ва фарҳангиву таърихии ин миллат буд, ки имрӯз мо шоҳиди ҷашни 20 солагии он ҳастем. 20 сол боз тифле чун мани 10 сола 30 сола шудам, сару садои тавлиди тифл зеҳнҳо ва ақлҳоро фаро гирифта. Ҳама ба исми он ифтихор дошта, ҳама ҷо исми он овезону вирди забонҳост. Ҳама аз доштани ӯ хушу баъзеҳо аз ному мартабаи ӯ сархуш. Исми тифле, ки 20 сол боз тамоми фазои кишвар, зеҳнҳо, кӯчаҳову толорҳоро фаро гирифтааст "Истиқлол" номгузорӣ мешавад.

Идома...
 
Терори устод Раббонй ва зарурати ҳамгаройии точикон
Муаллиф: Аъзам Хучаста   
29.09.2011 08:09

 


Террори устод Раббонй ҳамзамон бо ин ки қалбҳои миллионҳо инсони бедордил ва адолатхоҳ, ба вижа миллати точикро дар саросари чаҳон ғарқ дар мотам кард, раванди сулҳи Афғонистонро ба хатари чиддй мувочеҳ намуд. Толибон бо ин иқдоми дадманишонаи худ, ки дақиқан такрори сенариёи террори Аҳмадшоҳ Масъуд буд, нишон дод, ки ҳаргиз наомадааст сухан аз сулҳу ваҳдат бигуяд, балкй гуруҳест ба дур аз ҳама фарҳангу тамаддун ва ойину мазҳаб ва омадааст: аввалан Исломро бадном кунад; сониян нооромй ва нифоқро, ки хостаи хочагони ғарбиаш ҳаст, дар Афғонистон ва минтақа доман бизанад.Ҳамон гуна ки аз шеваи хуручи неруҳои ғарбй аз минтақа ва дигар кишварҳои таҳти тасарруфашон бармеояд, доман задан ба хушунатҳои қавмй аслитарин шигардест, ки дар мустамликадории навин ҳамеша мавриди истифода будааст.Имруз ҳамон англо-саксҳое, ки то миёнаҳои қарни 20 кишварҳоро ишғол ва миллатҳоро қатлиом ва ғорат мекарданд, акнун ин корро ба усулҳои мудерн, аз тариқи созмону ниҳодҳои дастнишондаи худ ва бо баҳонаҳои «мубориза бо

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 21 22 23 24 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?