http://tajikam.com

Эронияму тоҷик, Тоҷикаму эронӣ
Муаллиф: Ҳажири ТЕҲРОНӢ   
02.04.2014 21:12

 

 

Пeшкаш ба ҳамаи дӯстони азизам дар Фароруди таърихӣ ,аз Бухорою Самарқанд гирифта то Душанбе,Кӯлоб,Истаравшан,Хоруғ,Хуҷанду Тошканд.Ба ҳамаи онон , ки дар ин чанд сол, чашмандози наверо бар ман кушода,дунёи маро бо ошноӣ бо ганҷинае беҳамто аз таъриху фарҳанг дар пахнаи шарқии миҳани муштаракaмон дигаргун карда ва бо меҳри бепоёнашон ёру ёварам будаанд :

Эронияму то
ҷик
То
ҷикаму эронӣ
Ин риштаи улфатро
Донам ра
ҳи моноӣ
Нурест маро
ҳамроҳ
Аз фарраи яздон
ӣ
Ҳамвора маро ҳофиз
Аз хавфу парешон
ӣ

Идома...
 
Муҳаммадқасими Фаҳим кӣ буд?
Муаллиф: "Миллат"   
02.04.2014 21:06

Муҳаммадқасим Фаҳим, ки дар даврони ҳукумати Ҳомиди Карзай, ба олитарин рутбаи низомӣ-маршалӣ-расид, ба дунболи кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд фармондори аршади ҷабҳаи муттаҳиди зиддитолибон шуҳрати бештаре ёфт.
Фаҳим пас аз он ки Аҳмадшоҳи Масъуд дар як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд, раҳбарии нерӯҳои муҷоҳидинро дар мубориза алайҳи Толибон ба уҳда гирифт ва нақши муҳимме дар фурӯпошии режими Толибон бо ҳимояти ҳавоии ҷангандаҳои амрикоӣ бозӣ кард.

Идома...
 
Посух ба президент: Бояд аз тоҷикон дифоъ кард, на аз Карзай
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ, Алма-ато   
02.04.2014 20:42

Бознашр аз торнамои "Озодагон"
Суханони сарвари давлатамон, Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтааст, "Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд" -ро шунида, онҳое, ки аз сиёсати имрӯза дар Афғонистон то ҷое огоҳанд, комилан дар ҳайрат мемонанд, ки то чӣ андоза сиёсатмадорони мо, ба вижа, онҳое, ки дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон кор мекунанд, аз рӯйдодҳои имрӯзии Афғонистон ва паёмадҳои он ноогоҳанд. Агар онҳо аз сиёсатҳои дирӯзаву имрӯзии ин кишвари ҳамсояамон огоҳ мебуданд ва бо чашми сар манфиатҳои тоҷикони ин кишвар ва рушди демократияро мехостанд, ба ҳеч ваҷҳ Эмомалӣ Раҳмон дар Кобул чунин сухан намегуфт. Зеро ҳукумати Карзай бо тамоми нерӯ мехоҳад, ки дар интихоботи дарпешистода нозирони байналмилалӣ дар Комиссиюни марказии интихобот ва ҳавзаҳо ширкат накунанд ва натиҷаи интихоботро бо ёрии бародаронаш, ки бештарашон аз қавми паштун ҳастанду дастнишондаи Карзайанд, бо роҳи тақаллуб ба фоидаи худ ҳал кунанд.

Идома...
 
Агар тоҷик ҳастӣ, аз Ашраф Ғанӣ тарафдорӣ накун!
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
02.04.2014 20:32

 

Баргардон аз хати порсӣ

Бознашр аз торнамои Тоҷикон(www.Tajikmedia.com)

Гапи интихобот аст ва инки кадом номзади раёсати ҷумҳурӣ беҳтар аз дигаре мебошад.

Ман ба мардуми дигар кору ғараз надорам. Паштун худаш медонаду кораш, ӯзбак ва ҳазора ҳам худашон медонанд, ки ба кадом номзад рой медиҳанд. Аммо чун барои ман коркарди тоҷикҳоям арзиш дорад ва ба худ ҳақ медиҳам, ки фикру назарамро бо ҳамтаборони худам дар миён бигзорам, мегӯям, ки:
Бародару хоҳари гиромӣ, тоҷики азиз! Агар тоҷик ҳастӣ ва намехоҳӣ, ки душмани забону фарҳанг ва арзишҳои волои инсониат бар ту чира гардад, ба Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки як фошисти қабилапараст ва бисёр мутаассиб аст, рой надеҳ ва аз ӯ тарафдорӣ накун!

Идома...
 
Р.Собиров: "Онҳое ки мани бегуноҳро зиндонӣ карданд, бояд муҷозот шаванд"
Муаллиф: Нурмуҳаммади Холзода   
23.03.2014 17:09

 

Равшан Собиров-вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистон, ки ахиран аз зиндон бадар шуд мегӯяд, барои адолати додгоҳӣ мубориза хоҳад кард.

Вай мегӯяд, дар порламони Қирғизистон гурӯҳе пешниҳод карда буданд, ки Равшан Собиров-узви пешини порламон на танҳо аз зиндон раҳо, балки барои ҳабси ғайриодилона аз вай бояд узрхоҳӣ низ шавад. Худи Собиров мегӯяд, яке аз аввалин корҳое, ки вай хоҳад кард, навиштани нома ба Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур дар ҳамин бора хоҳад буд.

Собиров то мо
ҳи декабри соли 2011 ягона вазири тоҷиктабор дар кишвараш буд...

Идома...
 
Панҷ вижагии Ҳафтсин
Муаллиф: Шаҳром   
23.03.2014 17:02

Дар нахустин рӯзҳои Соли Нав писандида донистам нукотеро пиромуни Ҳафтсини наврӯзӣ ба огоҳии дӯстон бирасонам.

Панҷ вижагӣ дар дарозои таърих аз сӯи ниёкони мо дар хони Ҳафтсин мавриди таваҷҷуҳ буда. 1. Номи онҳо порсӣ бошад.2. Бо бандвожа( ҳарфи) син оғоз шавад.3. Дорои поя( решаи) гиёҳӣ бошад.4.Хӯрданӣ бошад. 5. Номи онҳо аз вожаҳои таркибӣ(монанди сабзипалав, ширбиринҷ, сиртуршӣ, себизаминӣ ва монанди онҳо) сохта нашуда бошад.

 

Идома...
 
Намодҳои Ҳафтсин
Муаллиф: Administrator   
23.03.2014 16:48

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳар яки мо, албатта, суфраи наврӯзии Ҳафтсин оростем ва бо ин яке аз шартҳои пазироии Наврӯзи некӯпайро ба ҷо овардем. Вале оё медонед ҳар як аз “син”- ҳои суфраи Ҳафтсин намоди чист?

1. Сабза-- намоди навзоӣ( таваллуди дубора), баҳор

2. Себ-- намоди зебоӣ ва тандурустӣ, ишқ

3. Суману( суманак)намоди фаровонӣ( баракат), қудрат.

Идома...
 
Достони Наврӯз (бар асоси мифологияи халқи тоҷик)
Муаллиф: Шаҳнози Беназир   
23.03.2014 14:38

Рӯзатон ҳамвора нав, дӯстони азиз!

Биё, то гӯямат аз дуру наздик,
Ку
ҳан афсонае аз халқи тоҷик.
Биё, то достоне созам о
ғоз
Зи пир
ӯзии Наврӯзи сарафроз.
Аз он ва
қте, ки олам мустақар шуд,
Ҳамоно, гардиши Хуршед сар шуд.

Идома...
 
Ҳадаф эҳёи забон ва фарҳанги миллист
Муаллиф: Тоҳири Абдуҷаббор   
10.02.2014 22:27

 

10 феврал –зодрӯзи зиндаёд Устод Тоҳири Абдуҷаббор

Бояд гуфт, ки омӯхтани алифбои классикӣ ва иваз намудани алифбои имрӯза бо он, тавре ки баъзе касон тасаввур мекунанд, кори мушкил нест ва вақту масорифи чандон зиёдро ҳам талаб намекунад.

Барқарор кардани алифбои классикӣ, на танҳо моро бо ниёгонамон, бо таърихи халқи худ пайванд медиҳад ва аз ин тариқ моро беҳтар месозад, балки ҳамчунон ба эҳё ва равнақи забону фарҳанги миллии мо мусоидат хоҳад кард. Ба иловаи он ба ислоҳи ғалатҳое, ки имрӯз дар навиштану талаффуз кардани калимаҳо ҷой дорад, кӯмак хоҳад кард, зеро он алифбо ба хислатҳои фонетики забони мо бештар мувофиқ мебошад. Гузашта аз он имконияте ба вуҷуд меояд, ки мардуми мо китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои кишварҳои ҳамсояро мутолиа кунанд ва аз дастовардҳои фарҳангию маънавии онҳо баҳраманд шаванд.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?