http://tajikam.com

Азми президентии як тоҷикзани афғонистонӣ
Муаллиф: Administrator   
13.03.2012 12:49

Фавзия Кӯфӣ, вакили 36-солаи парлумони Афғонистон аз ҳоло эълон кардааст, ки худро дар интихоботи ду сол баъди раёсати ин ҷумҳурӣ номзад хоҳад кард.

Фавзия Кӯфӣ, вакили парлумони Афғонистон

Волидонаш дар оғоз аз баҳри ӯйи навзод, ки фарзанди 19-уми хонавода буд, гузашта буданд, вале модараш баъдан ӯро пазируфт. Фавзия бо чунин як имтиҳони сахт пой ба дунё гузошт, ки таваллуди ӯро ҳеҷ намехост. Зиндагӣ баъдҳо низ барои Фавзия Кӯфӣ чандин имтиҳони дигари сахте пеш овард.

Идома...
 
Забони форсӣ дар Тоҷикистон
Муаллиф: Меҳин Самадӣ(Эрон)   
13.03.2012 12:45

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Бо таваҷҷуҳ ба зуҳури иттиҳодҳои минтақаӣ ояндаи Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? Бисёриҳо бар ин боваранд, ки ҳамгароии се кишвари форсизабони минтақа , яъне Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон яке аз беҳтарин роҳҳои эҷоди як иттиҳоди минтақаии ҷадид бо тавоноиҳои билқувва аст. Аз нуқтаи назари таърихӣ сарзаминеро, ки дар он ин се кишвари порсизабон воқеъанд, Эрони бузург мехонданд ва ҳама ҷо мардуми ин сарзаминҳо бародарони хунӣ эълом мешаванд ва ин се кишвар таърих, забон, адабиёт ва фарҳанги муштарак доранд ва ислом низ дар пайванди мардумони ин минтақа нақши асосиро ифо мекунад.

Идома...
 
Гуфтугӯи телефонии Аҳмадшоҳ Масъуд бо Мулло Умар дар соли 1997
Муаллиф: Administrator   
12.03.2012 12:05

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Мулло Умар, раҳбари Толибон, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон дар соли 1997 гуфт: “Тоҷикҳо бояд ба Тоҷикистон бираванд, ӯзбакҳо ба Ӯзбакистон ва ҳазораҳо ба Эрон.Мо афғон ҳастем ва ин сарзамин моли мо аст”.

Идома...
 
Муаллифи тарҳи Истиқлоли Тоҷикистонро фаромӯш карданд?
Муаллиф: Абдуазими Абдуваҳҳоб   
22.02.2012 13:55

Аз нашрияи ИмрӯзNews

Аз зодрӯзи Тоҳири Абдуҷаббор, донишманд ва сиёсатмадори фақиди тоҷик 66 сол сипарӣ шуд. Ӯ 10-уми феврали соли 1946 ба дунё омада буд. Истиқлоли Тоҷикистонро пайванд ба пайкорҳо ва талошҳои ӯ медонанд. Ҳоло намешавад, аз ҳукумату доираҳои ба он наздик умед кард, ки ба қадри Тоҳири Абдуҷаббор бирасанд. Аммо нафаре аз рӯшанфикрону рӯзноманигорон ва расонае аз зодрӯзи муаллифи аввалин эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ёд накард… Ҳеч кас баъид намедонад, ки агар чунин шахсияте ба мисли Тоҳири Абдуҷаббор дар кишварҳои дорои худшиносии боло ба сар мебурд, бегуфтугӯ қаҳрамони миллӣ эълон мегардид.

Идома...
 
Подшоҳи дилдода
Муаллиф: Муҳаммадолам Абдулло Сарварӣ   
22.02.2012 13:53

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Аз «Тоҷикам»: Дар бораи Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ нахустин тоҷике, ки дар Афғонистон ба маснади шоҳӣ расида буд, гуфтаҳои зидду нақиз зиёданд. Ағлаби мардуми кишвар агар аз ӯ чун шоҳи одил ва инсонпарвар ёд кунанд, баъзеҳо ноогоҳона ва бархи дигар, аз ҷумла паштунҳо огоҳона ва амдан Ҳабибуллоҳхони Калакониро таҳқиромез «Бачаи Сақо»,яъне бачаи машкоб меномиданд. Ин дар ҳолест, ки Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ як марди айёр ва мубориз буд ва бо ҷонфидоиву далерии хеш шоҳи Афғонистон шуд ва дар ниҳоят қурбони дасисаи душманон гардид. Мо барои бо чеҳраи ҳақиқии ин тоҷики мубориз ошно кардани хонандагон ду матлаберо, ки яке дар нашрияи Афғонистон ва дигаре дар Тоҷикистон ба чоп расидаанд, пешкаши шумо мегардонем.

Идома...
 
Бачаи Саққо ё Ҳабибуллоҳхон кӣ буд?
Муаллиф: Ҷумъахон Алимӣ   
22.02.2012 13:46

Афғонистони солҳои бистуми садаи бистум

Интиҳои солҳои 1920 - ум Афғонистон яке аз кишварҳои бесуботтарини Шарқ буд: Амири нав - Амонуллоҳхон, ки тавонист то соли 1919 кишварро ба давлати мустақил табдил диҳад, баъдан тавассути ислоҳоти саросемавор ва ғайришаръию қобили қабул нагаштаи мардумӣ, онро ба як бунбасти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангие кашид. Ин ислоҳот, ки иборат аз "муосирсозӣ" ва ғарбгароӣ буда, қавонин ва муқаррароти шариъати исломиро камтар ба эътибор мегирифт, натавонист аз суйи ақшори васеъи мардум дастгирию пуштибонӣ ёбад. Буҳрони молиявию иқтисодӣ ва ноқаноатмандию норизоятии шадиди ақшори мухталифи мардум, хосатан муқовимати руҳониён тирамоҳи соли 1928 ва тобистони соли 1929 пояҳои давлату ҳукумати Амонуллоҳхонро мустаъзаф сохтан гирифт. Аллакай дар ин давра дар саҳнаҳои сиёсии кишвар ашхоси зиёди наве ҷилвагар мешуд. Яке аз чеҳраҳои дурахшонтарини мухолиф ба ҳокимияти Амонуллоҳхон - Бачаи Саққо (Ҳабибуллохон) буд, ки ҷонибдоронаш аслан мехостанд давлати наверо таҳти унвони "Кобулистон" таъсис диҳанд.

Идома...
 
Ориёно
Муаллиф: Раънои Зоирдухт   
22.02.2012 13:44

Ориёно,
эй нишони тозаву
гаҳвораи таърих,
Эй, дилу софу мубарро
ҳастии пур аз таманно,
Эй, саропо фазлу эҳсон
ҳам баландии ҷалолат қад кашида то ба осмон,
Ориёно,
эй, нигоҳи поку рӯшан,

Идома...
 
Сухане чанд бо раҳбарони Ҷабҳаи Миллӣ ва Эътилофи Миллӣ
Муаллиф: Фаришта Ҳазратӣ( Афғонистон)   
22.02.2012 13:41

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Ин рӯзҳо дар таърихи муосири Афғонистон рӯзҳои бисёр ошуфта ва торик сабт мегардад, ки пас аз даҳ соли уммедворӣ ба таъмини амният ва оромиш, уммедвориҳои мардум ба ноумедӣ табдил мегардад ва уфуқи орзуҳои мардум ториктар мешавад. Дар ин рӯзҳо бозиҳои гуногун ва хатарноке дар мавриди сарнавишти Афғонистон ҷараён дорад ва музокироти мухталифе дар ин сӯву он сӯи марзҳои Афғонистон пушти дарҳои баста дар ҷараён аст то сарнавишти фардои Афғонистон тибқи майли душманони Афғонистон таъин гардад. Ба таври намуна музокирот бо Толибон дар Қатар, талошҳои Арабистони Саудӣ барои васотат(миёнҷигарӣ) миёни Толибон ва давлати Кобул, музокираи Ҳизби Исломӣ( сарвараш Гулбиддин Ҳикматёр) бо давлати Кобул ва талошҳои

Идома...
 
“ТОҶИКОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ТАШНАИ ШЕЪРУ ТАРОНАҲОИ ТОҶИКӢ ҲАСТАНД”
Муаллиф: Би-Би-Си   
22.02.2012 13:39

Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ моҳи октябри соли 1992 бо ташаббуси як гурӯҳ равшанфикрони деҳаи Учқурғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд рӯи кор омадааст. Аввалин раиси ин созмон окодемисян Абдуҳалим Раҳимҷонов буд, ки ҳоло раиси маркази хуни вобаста ба вазорати тандурустии Қирғизистон ҳаст.

Тавре дар асосномаи созмон омада, ҳадаф аз роҳандозии он рушд ва нумуъи забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Қирғизистон аст. Бояд гуфт, ки забону фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ дар Қирғизистон бегона нест. Аз аҳди қадим дар ҷануби Қирғизистон тоҷикон зиндагӣ мекарданд ва ҳоло шумораи онҳо дар ин кишвар ба беш аз 50 ҳазор нафар расидааст.

Хабарнигорамон Сӯҳроб Зиё дар сафаре ки ахиран ба Қирғизистон дошта, бо Қодиршои Мурувват, муъовини раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ва сардабири нашрияи тоҷикии “Паёми Ала-Тоо” сӯҳбате анҷом дода.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?